Мулоқот: Бетарафии аҳли ҷомеа ба саргумзании ҷавонон ва шомил шудани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мегардад

Дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи якҷояи Кумитаи марказии ҲХДТ ва Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ аз ифротгароӣ, тарғиби таҳаммулгароӣ ва баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ дар байни ҷавонон ва қишри осебпазири ҷомеа мулоқот бо сокинони шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Бахтиёр Исматҷонов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд мулоқотро ҳусни оғоз бахшида, ҳадафи баргузории онро шарҳ дод.
Директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода зимни баромади хеш таъкид дошт, ки омили муҳимтарини ҳастии миллат, ҳувияти миллӣ, сарчашмаи тамоми хушбахтиҳо ва ваҳдати миллату пешрафти ҷомеа ин аз муттаҳид будани халқи Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Пешрафти ҷомеа дар тамоми соҳаҳо аз тинҷию оромӣ вобастагии зиёд дошта, муттаҳидиву иттифоқии ҷомеа, алалхусус ҷавонон асоси он ба шумор меравад. Аз оғоз то имрӯзи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу суботи кишвар, ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини рушди илму маориф ва пешрафти дигар соҳаҳои ҳаёти хоҷагӣ саҳмгирии сокинони мамлакат бараъло эҳсос мегардад. Дар ин робита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба халқи азизи кишвар такя намуда, ба меҳнату заҳмати ҳар як сокини мамлакат арҷ мегузоранд.
Абдураҳим Холиқзода таъкид намуд, ки омили асосии бадбахтиҳо ва саргумии ҷавонон ва шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ин бетарафии аҳли ҷомеа мебошад. Сониян ҳар як уламои дин бояд аҳкоми шариат ва исломи нобро ба мардум дуруст фаҳмонанд ва шарҳ диҳанд. Мо бояд ҳамагон дини мубини исломро аз ситезаҷўйӣ, ҷоҳилӣ, бадбахтӣ наҷот бахшем, мрадумро ба роҳи неку рост ҳидоят намоем. Худшиносии миллиро таҳким бахшем, моро дигар гуруҳу ҳарактҳои манфиатбахш идора накунанд. Мо роҳи худро интихоб кардем ва ба он устуворона қадам гузорем.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамзамон Абдураҳмон Хонзода, роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, Фирўза Нуруллозда, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, Шаҳбоз Шоҳсаидзода, ёвари директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон баромад намуда, доир ба мавзуъи матраҳшуда андешаҳои хешро баён доштанд.
Таъкид шуд, ки нигоҳ доштани сулҳу субот, ҳимояи марзу буми кишвар, риояи талаботҳои қонунҳои амалкунанда, пос доштани ниёгони аҷдодӣ вазифаи муқаддаси ҳар яки мову Шумо ба шумор меравад. Мо қишри фаъоли ҷомеаро зарур аст, ки дар байни аҳолӣ, хусусан ҷавонону наврасон корҳои фаҳмондадиҳиро дар самти пешгирӣ аз ифротгароӣ, тарғиби таҳаммулгароӣ ва баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ пурзӯр намуда, мардумро ба роҳи рост ҳидоят намоем.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо бо ҷалби устодону олимони варзида, занони барӯманд ва собиқадорони меҳнат дар ҳамкорӣ бо бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дигар сохторҳои дахлдор дар ҳамаи 22 кумитаи маҳаллаҳо мулоқоту вохӯриҳо мунтазам баргузор мегарданд.
Вобаста ба масъалаи мазкур бо ҷалби гурӯҳҳои тарғиботию ташвиқотии назди кумиҷроия дар ҳамаи 5 кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва 249 ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ баргузор гардидааст.
Дар анҷоми чорабинӣ таъкид карда шуд, ки минбаъд низ доир ба бартараф намудан ва пешгирии ҳамагуна амалҳои номатлуб чораҳоро андешида мешавад ва дар ин ҷода аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки нисбат ба ин гуна амалҳо бетараф набошанд ва кӯшиш намоянд, ки пешқадами ҷомеа дар ҷодаи нигоҳ доштани ахлоқу одоб ва ба даст овардани ҳушёриву зиракии сиёсӣ бошанд.
Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Яндекс.Метрика