9 –уми марти соли 2024 Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар вохўрӣ барпо намуда, роҷеъ ба масъалаҳои мубрами ҳаёти маънавӣ ва мафкуравии кишвар изҳори назар намуданд. Роҳбари давлат дар арафаи моҳи шарифи Рамазон, айёме ки шаҳрвандони мусулмони мамлакат ба моҳи муборак, андеша кардан атрофи пиндору кирдори худ, тоза кардани ҷисм аз манъиёт ва гуноҳҳо, нигоҳдории нафси аммораю шайтонӣ аз ғализиҳо, тавбаю парҳезгорӣ, бахшиши гуноҳҳои ҳамдигар ва анҷом додани амалхои неку созанда омодагӣ медиданд, бо сухани таърихӣ ба аҳли мусулмони мамлакат муроҷиат карданд.
Вақт – таърихӣ
Вақти интихоби мулоқот бениҳоят асоснок ва таърихӣ буд. Зеро мардум тайи беш аз 1400 сол дар ин айём худро барои дигаргун кардан, ислоҳ шудан ва тағйирпазирии мусбат дар ҳаёти иҷтимоӣ ва эътиқодӣ омода мекард.
Чунки мардуми мусулмон худро ба моҳи мубораке омода мекард, ки «Тибқи оятҳои Қуръони маҷид ва ҳадисҳои набавӣ ҳар як амали нек ва кори хайру савоб дар ин моҳи мубораку шариф нисбат ба моҳҳои дигар бамаротиб беҳтару бузургтар» буд ва савоби бештар дошт [Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндаго-ни ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 09.03.2024 с]. Ана дар ҳамин айёми мувофиқи омодабошӣ ва тааммулу тааққули мардуми мусулмон, Пешвои миллат таваҷҷуҳи шаҳрвандони кишварро ба хотири ояндаи неки фарзандону наберагонашон, ба фикри ислоҳшавии мафкуравӣ ва тағйирпазирии сифатӣ даъват кард. Ва таъкид дошт, ки «бетарафӣ ё муросокорӣ кардан дар ин масъалаҳо баробар ба ин аст, ки саодати худ ва фарзандони хешро барҳам занем» [Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндаго-ни ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 09.03.2024].
Дар вохўрӣ дар вақти мувофиқ Роҳбари давлат масъалаҳоеро мавриди баррасӣ қарор доданд, ки аз баррасии дурусту мувофиқи онҳо тақдири имрўзу ояндаи миллати тоҷик, давлати соҳибистиқлоли мо вобастагии амиқ дошт. Масъалаҳои таҳдидовари фазои андешаи динии кишвар ифротгароӣ ва терроризми динӣ, таълими ғайриқонунии динӣ, хурофот, таассуби динӣ, рафтори ғайриахлоқии муллоҳои фолбину ҷодугар, зиёдаравӣ дар риояи маросими ҳаҷ ва умра, бегонапарастии фарҳангӣ, эътиқодӣ, нодуруст муносибат кардан бо қонунҳои миллӣ ва дуршавӣ аз мазҳаби аҷдодии Имоми Аъзам як ба як пешорўи фаъолони ҷамъиятӣ ва ходимони динӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Мавзу – таърихӣ
Масъалаҳои матраҳшуда вобаста ба ҳифзи фазои идеологӣ буд, ки тавассути неруҳои мухталифи носолими хориҷӣ ба муқобили оромӣ, тинҷӣ, ваҳдати миллӣ ва дунявияти Тоҷикистон истифода шуда, фазои мафкуравии ҷомеаро осебпазир карда ба амнияти иттилоотӣ ва мафкуравии миллат латма ворид менамуданд. Ин таҳдид бавосита ба амният ва суботи маънавии кишвар буд, аз ин хотир масъалаҳо ба тақдири имрўзу ояндаи миллат бевосита таъсиргузор буданд. Ин зарурат масъалаҳои мубрами баррасишавандаи рўзро аз назари аҳамиятнокӣ то ба сатҳи масъалаҳои таърихии давлатсозии муосири миллати тоҷик баланд мебардошт. Масъалаҳои гузошташудаи Пешвои миллат аз назари аҳамиятнокӣ ва давлатсозии муосир вобаста ба сатҳи нооромии ҷаҳон ва ташаккули миллати сиёсӣ, комилан таърихӣ буданд.
Воқеан дар ҷаҳони муосир масъалаҳои «бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд» [Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 09.03.2024 с], ба омилҳои вазнини нооромкунандаи оромии давлатҳои миллӣ ва хонаи мусулмонони олам гардидаанд.
Аз чунин вазъияти ноором истифода намуда «Душманони дини мубини ислом барои коштани тухми нифоқу бадбинӣ, эҷоди ҳисси исломситезӣ, тафриқаи мазҳабӣ дар байни уммати мусулмон ва расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ, ки яке аз онҳо даст ёфтан ба боигариҳои фаровони кишварҳо мебошад, ифротгароии диниро бо ҳар роҳу восита пуштибонӣ ва маблағгузорӣ мекунанд» [Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 09.03.2024 с]. Инро на танҳо дарк кардан, инчунин дар доираи манфиатҳои миллии давлати демократӣ дар шароити муосир ҳазм намуда, роҳҳо ва воситаҳои мафкуравӣ ва маънавии ҳимояи истиқлоли фикриро коркард намудан зарур буд. Ин корро Пешвои миллати мо дар таърихи 9 уми март дар вохўрии таърихии худ ба таври кушоду равшан матраҳ намуданд. Ин суханронӣ на танҳо таърихӣ, балки барои мардуми рўшанфикру зиёии комил воқеан инқилобӣ буд. Зеро таъиноти он, рисолати он ба тақдири ояндаи миллати соҳибдавлат сахт тавъам буда, ба саодату рушди фарзандони ояндаи миллат ҷиддӣ асаргузор аст.
Вазифаҳо - инқилобӣ
Масъала ҷиддӣ ва бе баҳс гузошта шуд: ё мо аз таҷрибаи талхи таърихӣ сабақ бардошта, омилҳои монеаи рушди фазои маънавиро барҳам зада, бар хурофоту, ифроту террору зиёдаравиҳои беҷо хотима дода, баҳри рушди дурусти маънавии фарзандонамон замина мегузорем ва ё боз ба ҳамон гирдоби фоҷиаҳои таърихӣ бо норасоиҳои маънавию эътиқодиамон идома дода, дастнигари бегонагону хоҷагони беруна мемонем. Равшан буд, ки иқдоми Роҳбар ҷиддӣ ва илҳоми миллат низ комилан табдилпазир шуда буд. Зеро вазъияти олами муосир ва таҷрибаи талхи таърихӣ ба мо дигар чунин имкони ислоҳшавӣ ба гумон аст, ки фароҳам орад. Вазифаҳои инқилоби маънавӣ дар шароити пухта расидани омилҳои он матраҳ гардид.
Нуктаи ҳассос ва ҷиддии ислоҳоти пешбиникардаи Пешво дар ҷанини мушкилиҳои зиндагӣ ва иллати таърихии миллат боварии мардум нуҳуфта шуда буд. Роҳбари хирадманд, дардро дуруст ташхис намуда решаи бемории миллиро, ки дар паҳнои осебпазири эътиқоду оинҳои динӣ хайма зада буд, ба маврид ташхис ва муайян кард. Ҳамзамон муайян карда шуд, ки ба ин бемории ирсии миллат раванди ноороми ҷаҳони муосир ва ҷаҳонишавии манфиатҳо ба таври худ асаргузор шудаанд.
Ба ин равиши каҷниҳоди ҳодисоти эътиқодӣ манфиатхоҳони моддию маънавии башарӣ зери ҳукумати утилитаризми сармоядорию ғояи «муборизаи ҳама бар муқобили ҳама»-и Т. Гоббс бо тамоюли «… азнавтақсимкунии дунё, мусаллаҳшавии бошитоб, оғози марҳалаи нави «ҷанги сард», густариши бесобиқаи фаъолияти гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ки мутаассифона, хусусияти динӣ касб намудааст, хушксоливу камобӣ, норасоии маводи ғизоӣ ва гуруснагӣ» ба мисли муҳаррики ҷиддӣ асаргузор шудааст.
Пешвои миллат ба се унсури ҳастии кишвар неру, материя (моддиёт) ва иттилоот хирадмандона назар карда, нақши иттилооти баррасишавандаро дар баҳогузории вазъи материя ба инобат гирифта, истифодаи неруро ба самти дурусту мақсаднок вазифагузорӣ намуданд. Усули бартарии илмии таҳқиқоти Роҳбар дар он буд, ки ҳастии материяи иҷтимоии табдилёбандаро бо сифати муҳаррики табдилдиҳандааш ҳамчун иттилооти бунёдӣ дар пайвастагӣ бо бовару эътиқод ва натиҷаи хиради таҷрибавию назариаш дар сарҳади манфиати инсон ва миллат ба таҳлил кашида, халогию нуқс ва решаҳои иллати каҷравию инҳирофи воқеиятро ошкор намуданд.Ҷиҳати ислоҳи ин вазъи номувофиқи воқеият ва мафкура ислоҳоти инқилобиро дар сатҳи муҳаррики шинохти иттилооти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ неруи ақлонӣ ва мафкуравии миллат масъалагузорӣ карданд.
Холиқзода Аабдураҳим Ғафор,
Шосаидзода Шаҳбоз Шосаид.