Мулоқоти саҳроӣ ва сарироҳии директори Маркази исломшиносӣ дар деҳаи Сайёди н. Сангвор

15 июли соли 2022 дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 21 декабри соли 2021 зикр гардидаанд, рӯзи 15 июли соли ҷорӣ сафари гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии директори Марказ А. Холиқзода, кормандон А. Мирзозода, А. Қодирӣ ва Абдуллоев Н. ба ноҳияи Сангвор сурат гирифт.

Зимни сафар ба ноҳияи Сангвор мулоқоти саҳроӣ ва сарироҳӣ дар деҳаи Сайёди ҷамоати Вахё бо деҳқонону кишоварзон, раисони маҳалла, фаъолон ва дигар қишрҳои ҷомеа доир гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ, директори Маркази исломшиносӣ муҳтарам Холиқзода Абдурраҳим дар бораи камбуди маводи озӯқаворӣ дар ҷаҳон, таваҷҷӯҳи деҳқонон ба ҳар як ваҷаби замин, таъсири ҷангҳои минтақа ба кишвари мо, Ваҳдати миллӣ ва зурурати он, таҳдидҳои ҷаҳони муосир, муттаҳидӣ ва якпорчагии миллат, илму маориф, экстремизму терроризм, хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ, аҳамияти мутолиаи китоби Бобоҷон Ғафуров дар тақвияти андешаи миллӣ, озодии эътиқод ва иттиҳодияҳои динӣ, сафари ҳоҷиён ба Макка, дастгирии ятимону бепарасторон, бегонапарастӣ дар байни ҷомеа, Қонуни Ҷумҳурири Тоҷикистон ”Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ дар Тоҷикистон”,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, суҳбати самимӣ ва ошкоро намуд.

Дар фарҷом, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Холиқзода Абдурраҳим қаноатмандӣ ва миннатдории худро аз номи Маркази исломшиносӣ ба мардуми ҷамоати Вахё бобати самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаби замин, сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили заҳмати деҳқонон, рушди занбурпарварӣ ва картошкапарварӣ баён дошта, мардуми деҳаро ба ҳушёрию зиракии сиёсӣ, ваҳдату дӯстӣ, муттаҳидӣ ва сарҷамъ будан дар атрофи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  даъват намуд. 

 

Абдуллоҳи Қодирӣ - корманди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ

Яндекс.Метрика