Мулоқоти саҳроӣ ва сарироҳии директори Маркази исломшиносӣ дар деҳаи Сабзихарви н. Сангвор

16 июли соли 2022 дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 21 декабри соли 2021 зикр гардидаанд, вохӯрии навбатии гурӯҳи корӣ дар деҳаи Сабзихарфи ҷамоати Вахё сурат гирифт.

Мулоқоти саҳроӣ дар деҳаи Сабзихарфи ҷамоати Вахё бо деҳқонону кишоварзон, раисони маҳалла, фаъолон ва дигар қишрҳои ҷомеа доир гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ, профессор, Холиқзод Абдурраҳим дар бораи камбудии маводи озӯқаворӣ дар ҷаҳон, таваҷҷӯҳи деҳқонон ба ҳар як ваҷаби замин, сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили заҳмати деҳқонон, таъсири ҷангҳои минтақа ба иқтисодиёти кишвари мо, Ваҳдати миллӣ, муттаҳидӣ ва якпорчагии миллат, экстремизму терроризм, хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ, аҳамияти мутолиаи китоби Бобоҷон Ғафуров дар тақвияти андешаи миллӣ, озодии эътиқод ва иттиҳодияҳои динӣ, сафари ҳоҷиён ба Макка, дастгирии ятимону бепарасторон, бегонапарастӣ дар байни ҷомеа, Қонуни Ҷумҳурири Тоҷикистон ”Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ дар Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, суҳбат намуд.

Дар фарҷом, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Холиқзода Абдурраҳим қаноатмандӣ ва миннатдории худро аз номи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ ба мардуми меҳнатдӯсти деҳаи Сабзихарф бобати самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замини ҳосилхез, сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили заҳмати деҳқонон, рушди занбурпарварӣ ва картошкапарварӣ баён дошта, мардуми деҳаро ба ҳушёрию зиракии сиёсӣ, ваҳдату дӯстӣ,  ва сарҷамъ будан дар атрофи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  даъват намуд. 

 

Абдуллоҳи Қодирӣ - корманди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ

Яндекс.Метрика