
18 июли соли 2022 дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 21 декабри соли 2021 зикр гардидаанд, вохӯрии гурӯҳи корӣ дар деҳаи Лангари Ҷамоати деҳоти Ваҳдати н. Сангвор баргузор гардид.
Дар мулоқот муовини раиси ноҳияи Сангвор Олимзода Абдулло, раиси ҷамоат, раисони маҳалла, омӯзгорону муаллимон, имомхатибони масҷидҳои панҷвақта, фаъолон, деҳқонону кишоварзон ва дигар сокинони ҷамоат иштирок доштанд.
Нахсут, Олимзода Абдулло ташрифи меҳмононро ба деҳаи Лангари Ҷамоати деҳоти Ваҳдат хайра мақдам гуфта, дар бораи кору фаъолият сокинони деҳаи мазкур, ба таври мухтасар маълумот дод.
Сипас, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ, профессор, Холиқзод Абдурраҳим андешаҳои худро дар партави Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ чунин баён дошт: тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пайваста иброз медоранд «Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест, яъне террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад» ва ин андеша гувоҳи он аст, ки ин амалҳои номатлуб рабте ба ягон дин ва аҳкоми он надоранд.
Мавсуф ҳамчунин дар бораи ҳифзи муқаддасоти миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, эҳтироми волидайн, пешгирии хатарҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ, таҳсили фарзандони дар хориҷа ва баргардонидани онҳо, камбудии маводи озӯқаворӣ дар ҷаҳон ва захира кардани маводи дусоали озӯқаворӣ, таваҷҷӯҳ махсус ба ҳар як ваҷаби замин, ҷамъоварӣ намудани ҳосили заҳмати деҳқонон, таъсири ҷангҳои минтақа ба иқтисодиёти мамлакати мо, ҳифзи Ваҳдати миллӣ, муттаҳидӣ ва якпорчагии миллат, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстримистӣ, довталабона рафтани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ, мутолиаи китоби Бобоҷон Ғафуров, озодии эътиқод ва иттиҳодияҳои динӣ, сафари ҳоҷиён ба Макка ва тарғибу ташвиқи ахлоқи ҳамида дар байни ҷомеа, дастгирии ятимону бепарасторон, бегонапарастӣ дар байни ҷомеа, Қонуни Ҷумҳурири Тоҷикистон ”Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ дар Тоҷикистон”, ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, суҳбат намуд.
Дар фарҷом, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Холиқзода Абдурраҳим миннатдории худро ба мардуми меҳнатдӯсти деҳаи Лангар бобати самаранок истифода бурдани замин, сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили заҳмати деҳқонон, рушди занбурпарварӣ ва картошкапарварӣ баён дошта, мардуми деҳаро ба ҳушёрию зиракии сиёсӣ, ваҳдату дӯстӣ, муттаҳидӣ ва сарҷамъ будан дар атрофи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд.
Абдуллоҳи Қодирӣ - корманди шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир