Мизи мудаввар дар мавзӯи “15 соли амали Қонуни Ҷуҳмҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”: дастовардҳо, мушкилот ва дурнамо”

Имрӯз, 8-уми июни соли ҷорӣ, бо ибтикори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 15 солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” мизи мудаввар дар мавзӯи “15 соли амали Қонуни Ҷуҳмҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”: дастовардҳо, мушкилот ва дурнамо” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералӣ, Суди Олӣ, Суди конститутсионӣ, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва мудирони шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД-и шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон, инчунин намояндагони Васоити ахбори омма ва дигар коршиносони соҳа иштирок варзиданд.
Нахуст, сухани ифтитоҳиро муовини директори Маркази исломшиносӣ Наҷотзода Мутеуллоҳ оғоз намуда, аз номи директори Марказ муҳтарам Холиқзода Абдураҳим ташрифи меҳмононро ба чорабинии мазкур хайрамақдам гуфт.
Сипас, ҷиҳати идомаи мизи мудаввар риштаи сухан ба сармутахассиси шуъбаи маъхазҳои исломӣ Мирзозода Азизулло дода шуд. Мавсуф доир ба тартиби баргузории мизи мудаввар ва баромади маърузачиён ба таври мухтасар маълумот пешниҳод намуд.
Дар асоси барнома мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вализода Одинашоҳ роҷеъ ба “Проблемаҳо ва мушкилиҳо дар татбиқи қонуни танзим” ибрози андеша намуда, қайд намуд, ки дар мавмӯъ зиёда аз 490 конференсия, мизи мудаввар ва мулоқоту вохӯриҳо дар 320 ҷамоат ва шаҳраку деҳот дар бораи моҳияти қонун ва зарурати он дар байни аҳолӣ баргузор карда шуд. Ҳадаф аз баргузории чорабиниҳои мазкур баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва маърифати ҳуқуқии мардум ва пешгирӣ аз хароҷотҳои зиёдатӣ дар ҷомеа мебошад.
Дар идомаи нишаст иштирокчиёни мизи мудаввар дар мавзӯъҳои зерин суханронӣ намуданд:
“Қонуни миллӣ самараи даврони соҳибистиқлолӣ” – Фарухулло Олимзода, муовини директори Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
“Риояи муқаррароти қонуни танзим замонати рушди ҷомеа” – Садирзода Ҷумахон, прокурори раёсати назорати умумии Прокуратураи генералии ҶТ;
“15 соли қонун ва дурнамои он” – Қамарзода Рошиддин, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
“Дар доираи қонун, танзим намудани анъана ва ҷашну маросим асоси пешрафти давлати иҷтимоӣ ва таъмини ҳаёти арзандаи мардум” – Қувватзода Ф.Ҷ. судяи Суди конститутсионии ҶТ;
“Баъзе мушкилот ва норасиҳои назариявии қонунгузорӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим” – Нуриддинзода С.Н, омӯзгори Академияи ВКД ҶТ, подполковники милитсия;
“Қонуни танзим - омили муҳим баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа” – Зокирзода Нусратулло Мелик, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит;
“Консепсияи танзиму сарфаҷӯии Пешвои миллат ва аҳамияти миллию глобалии он” – Норасов Абдуалим, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД ш. Душанбе;
“Нақши Пешвои миллат дар танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ” – Абдулхонов Файзалӣ, ходими илмии “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ;
“Танзими анъана ва ҷашну маросим – кафили зиндагии арзанда” – Шарифзода Фарангис, сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
“Нақши қонуни миллӣ дар рушди давлат ва таъмини ҳуқуқи инсон” - Шарифзода Муҳаммадӣ Шариф, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД-и вилояти Хатлон;
Дар фарҷом байни иштирокчиёни мизи мудаввар роҷеъ ба қонуни мазкур табодули афкор сурат гирифт.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика