Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ аз 28.12.2023 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба дӯстон, ҷавонмардон ва мардон муроҷиат намуда таъкид намуданд, ки “Мову шумо нафақат дар як Рӯзи модарон, яъне 8-март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону ҳоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем....То вақте, ки ҷон дорем, то вақте, ки нафас боқист, ғамхорӣ кунед, меҳрубон бошед!”.
Инчунин, дар васфи зан–модар олимону донишмандон, шоирону нависандагон асару повестҳо, шеъру ғазалҳо эҷод кардаанд. Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбияткунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, ҳифзкунандаи забон, таърих фарҳанги миллӣ мебошад. Маҳз модар дар қалби фарзандон тухми меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва некиву накукориро мекорад, то оянда насли наврас чун шахсони масъулиятшиносу меҳнатқарин, ободкору инсондӯст ва ватанпарвар ба камол расад. Ҳар модаре, ки соҳиби дониш ва таҷрибаву ҷаҳонбинӣ бошад, фарзанди ӯ ҳам босаводу хушахлоқ ба воя мерасад. Ҳатто сатҳи забондонии фарзанд аз сатҳи забондонии модар вобаста аст, зеро халқ беҳуда нагуфтааст, ки “Нотиқ он кас шуд, ки аз модар шунид”.
Дини мубини ислом ба мақому манзалати эҳтироми волидайн баҳо медиҳад ва қадру рутбаи онҳоро то кадом дараҷа боло бурдааст, инро дар сураҳои Бани Исроил, ояти 23; Аҳқоф, ояти 15; Луқмон, оятҳои 13-15; Соффот, ояти 102; Нисо, ояти 36; Анъом, ояти 151; оятҳои 12-14, 30-32 ва гуфтаҳои Паёмбари акрам (с), асҳоби ӯ, тобеин, олимону бузургони мусулмон дидан мумкин аст.
Мақому манзалати модарро Худованд дар Қуръони карим чунин васф кардааст: «Ва одамиро нисбат ба падару модари вай ҳукм фармудем; модараш вайро дар ҳоли сустӣ болои сустии дигар дар шикам бардоштааст; ва аз шир ҷудо кардани ӯ дар ду сол аст; (ҳукм фармудем, ки) Моро ва падару модари худро шукргузорӣ кун! Бозгашт ба сӯи ман аст» (Луқмон, 14).
Аз ояти зикршуда маълум аст, ки то кадом андоза Худованд эҳтироми волидонро бузург дониста, арҷгузориро нисбати онҳо кори муҳим ҳисобидааст. Хидмати волидон кори бузург буда, бояд ҳақи хидмати онҳо адо карда шавад.
Маҳз барои ҳамин Қуръони карим ба фарзандон ҳатто иҷозати «уф» гуфтанро надодааст: «Парвардигорат фармон дода аст, ки ҷуз Ӯро напарастед ва ба падар ва модар некӣ кунед. Ҳаргоҳ яке аз он ду ва ё ҳар дуи эшон назди ту ба синни пирӣ бирасанд, ба онон уф магӯ ва бар эшон дод мазан. Ва бо суханони муҳтарамона бо он ду сухан бигӯ ва боли тавозӯъ ва меҳрубониро бар эшон фуруд оварда бигӯ: Павардигоро! Марҳамат бифармо онҳоро ҳамон гуна ки онон дар хурдӣ маро бузург намуданд». (Сураи «Исро», 23-24 ).
Худованд дар ин ду оят бандагони худро ба ибодат ва яктопарастии Худ фаро хондааст. Ва ҳамроҳ бо амр ба ибодати Худ некӣ ба падару модарро зикр кардааст, ки ин худ баёни аҳмияти икроми падару модар аст. Ҳамчунин фарзанд ҳаққи сухани заҷроваре монанди калимаи «уф», ки камтарин мартабаи сухани зишт аст надорад, ки ба падару модари худ бигӯяд.
Мутаассифона, дар ҷомеаи мо ҷавононе, ки ба қадри хидмати падару модар намерасанд, зиёданд ва зиёда аз ин онҳо дар давраи пиронсолии падару модар зиндагиашонро талху ногувор месозанд. Падару модаре, ки панҷ шаш ва аз ин ҳам зиёд фарзандонро ба воя расонида тамоми машаққати зиндагиро ба души худ гирифтаанд, дар пиронсолӣ гирифтори ранҷу азобҳои маънавии зиёде мешаванд.
Паёмбар (с) дар ин маврид фармудаанд: «Худованд ҷазои ҳар гуноҳро то замоне, ки мехоҳад ба таъхир меандозад, магар оқи волидайнро, ки ҷазояшро дар дунё пеш аз маргаш мечашонад». (Ривояти Ҳоким ва Заҳабӣ).
Ин нуктаро ҳам набояд фаромӯш кард, ки хидмати сазовори падару модар далели камоли имону имондорӣ мебошад, зеро хидмати накӯи онҳо сифати паёмбарону расулон аст. Аз забони Паёмбар Яҳё (р) дар Қуръони карим оварда шудааст:
«Ва (маро) бо модари худ некӯкор (сохтааст) ва маро гарданкаши бадбахт накардааст». ( Сураи Марям, ояти 32).
Дар бораи нигоҳубини падару модар дар моддаи 34 Конститутсияи ҷумҳурӣ ва моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” оварда шудааст: “Фарзанди болиғу қобили меҳнатро ӯҳдадор аст, ки падару модари худро нигоҳубин ва таъмин намуда, онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ намояд. Дар ҳолати иҷро накардани ӯҳдадориҳои мазкур фарзанди болиғу қобили меҳнат бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад”.
Вазифаи падару модар ниҳоят гуногунпаҳлӯ ва вазнин буда, аз онҳо сабру таҳаммул, бурдборӣ ва заҳмату талоши пайвастаро ҷиҳати тарбияи солими фарзандон тақозо дорад. Мутаасифона, баъзе падару модар ба тарбияи фарзандони худ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир накарда, ба ин кори ниҳоят муҳим бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд ва оқибат самараи талхи тарбияи худро бо чашм мебинанд, вале афсӯс ки пушаймонӣ суде надорад.
Дар охир ба ҳамаи модарон бахту иқболи баланд, хушбахтиву некрӯзӣ, барору пешравиҳо дар кору зиндагӣ, дили шоду хонаи обод, тамоми хушиҳои зиндагӣ ва муҳимтар аз ҳама - неъмати бузурги тинҷиву осоиштагиро таманно менамоем!
Ҳ.Шокиров - мутахассиси пешбари шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон