Мақоми таснифоти фиқҳи ҳанафӣ

Бояд қайд намуд , ки мақоми  китобҳои фиқҳи ҳанафӣ аз ҷиҳати қувва дар як дараҷаю сатҳ  нестанд. Агар ба китобҳои ривоятшудаи мутааххирин аз фатво ва тахриҷи фиқҳӣ аз имомоне, ки мазҳабро бино кардаанд, нигарем  китобҳои фиқҳи ҳанафӣ ба се табақа тақсим мешаванд:

Аввал «Усул» тавре гуфтем, онҳоро «Зоҳир ар-ривоя» мегӯянд. Ин китобҳо шомили ақволи Абӯҳанифа (р), Абӯюсуф ва Муҳаммад мебошанд, ки онҳоро Имом Муҳаммад дар шаш китоби худ ҷамъоварӣ намудааст.

Дуюм, «Наводир»-китобҳои «Наводир» аз имомони мазкур дар ғайри китобҳои шашгона ривоят шудаанд. Онҳо дар китобҳои дигари Имом Муҳаммад монанди «Кайсониёт», «Ҳоруниёт», «Ҷурҷониёт» ва «Руқиёт», ё дар китобҳои дигаре чун китобҳои Ҳасан ибни Зиёд ва ғайра ҷамъоварӣ шудаанд.

Ибни Обидин мефармояд: «Китоби «Амолӣ» -и Абӯюсуф дар ин қисм дохил аст». Ӯ мегӯяд: «Аз зумраи онҳо китоби «Амолӣ»-и Абӯюсуф аст. «Амолӣ»- ҷамъи имло буда, муҷтаҳид дар ҳузури шогирдон бо илми додаи Худованд сухан мекунад ва шогирдон онро менависанд, сипас навиштаҳоро ҷамъ намуда, китобе месозанд, ки номи уро «Имло» ё «Амолӣ» мегузоранд. Ин тариқа одати солиҳони гузашта аз фуқаҳову муҳаддисин ва аҳли забони арабӣ буд ва ба сабаби аз миён рафтани илму уламо аз байн рафт».

Ба ин қисм ҳамчунин он чи ба тариқи ривояти муқаррара нақл шудааст, мисли ривоятҳои Муҳаммад ибни Самоа, Муъалло ибни Мансур ва ғайра, дохил мешаванд, зеро ҳамаи инҳо низ аз зумраи наводир ба ҳисоб рафта, аз усул маҳсуб намешаванд. Ин қисм дар мартаба поёнтар аз мартабаи қисми аввал аст. Аз ҳамин ҷиҳат агар дар ҳукми масъалае усул ва наводир муқобил оянд, ба ривояти усул амал карда мешавад. Зеро он ҳамчун асли мазҳаб ба эътибор гирифта шуда, санадаш қавитар аст.

Сеюм, Фатвоҳо ва воқеаҳо, онҳо масъалаҳое ҳастанд, ки муҷтаҳидони мутааххир дар он чи аз масъалаҳои воқеӣ пурсида шудаанд, аз ривоятҳои аҳли мазҳаби мутақаддимин ҷавоб наёфта, худ истинбот кардаанд. Онҳо шогирдони Абӯюсуф ва Муҳаммад ва шогирдони шогирдони онҳо, ки хеле зиёданд, ва дар китобҳои «Табақот» ахбори онҳо баён шудааст. Ибни Обидин баъзе аз онҳоро зикр кардааст: «Аз асҳоби Абӯюсуф ва Муҳаммад (р) инҳоянд: Исом ибни Юсуф, Ибни Рустам, Муҳаммад ибни Самоа, Абусулаймони Ҷузҷонӣ ва Абӯҳафси Бухорӣ.Ва ононе, ки баъд аз инҳо омадаанд: Муҳаммад ибни Салама, Муҳаммад ибни Муқотил, Наср ибни Яҳё, Абунасри Қосим ибни Салом. Бар онҳо гоҳе иттифоқ афтодааст, ки ба сабаби далилҳо ва сабабҳои зоҳири соҳибони мазҳабро мухолафат кунанд. Аввалин китобе, ки фатвои онҳоро ҷамъоварӣ кардааст, то ҷое ки ба мо маълум аст, китоби «Навозил»-и Абулайси Самарқандист. Сипас машоих баъд аз ӯ китобҳои дигареро ҷамъ кардаанд, ки баъзе аз онҳо «Маҷмуъ ан-навозил ва ал-воқиъот» аз Нотифӣ ва «ал-Воқиъот» аз Садри Шаҳид, мебошад. Сипас мутааххирин ин масъалаҳоро омехта зикр кардаанд, тавре, ки дар фатовои Қозихон ва ғайри он омадааст. Баъзе дигарон он масоилро ҷудо намудаанд, монанди «Муҳити»-и Разиюддини Сарахсӣ. Ӯ нахуст масъалаҳои усул ва сипас наводирро басо зебо зикр кардааст 

Бидуни шак, мартабаи масъалаҳои «Воқиъот ва фатово» поёнтар аз мартабаи усул ва наводир аст, зеро усул ва наводир ҳарчанд мухталифҳам  бошад, ақволи асҳоби мазҳаб мебошад. Аммо фатво ва воқеот тахриҷоте аз сухани онҳост. Дар ин тахриҷот шояд мухолифат ба раъй бошад ва ин иҷтиҳодест аз асҳоби тахриҷот на суханони Абӯҳанифа (р) ва шогирдони ӯ. Ва барои он гирифта мешавад, ки раъйи онҳост ва ба олимони ҳанафӣ гузашта нисбат ва ҳамл карда намешавад.

Аз ин маҷмӯъаи сегона мазҳаби ҳанафӣ таквину ташаккул меёбад, ки ин мазҳаби Абӯҳанифа (р) ва шогирдони ӯст. Масъалаҳое, ки дар ин китобҳо зикр мешавад, бешак натиҷаи иттифоқи Абӯҳанифа (р) ва шогирдонаш мебошад. Ихтиллофе, ки дар он зикр мешавад, ба тариқи зайл аст: «Китобҳои «Зоҳир ар-ривоя» ихтилофи Абӯҳанифа (р) ва Абӯюсуф Муҳаммадро зикр намуда, аз хилоф бо Зуфар бисёр кам сӯҳбат мекунанд. Аммо китобҳои наводир ва фатово бисёр вақтҳо хилофи Абӯҳанифа (р) ва Зуфарро матраҳ месозанд».

 

Мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъҳазҳои исломӣ                                  Исоев Н.

 

 

 

 

Яндекс.Метрика