Маълумот оид ба Сада аз нигоҳи сарчашмаҳои таърихӣ

Бояд қайд намуд, ки сада дар сарчашмаҳо ва манобеи муътамади таърихӣ зикр шудааст. Аз ҷумла донишмандону хирадмандони гузашта мисли А.Фирдавсӣ, А.Берунӣ, А.Байҳақӣ, А.Гардезӣ ва дигарон Садаро яке аз се ҷашни бузурги ориёӣ номидаанд. Аз рӯи манобеи таърихӣ Сада қадимтарин ҷашни ориёӣ ба ҳисоб меравад.
Абулқосими Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” роҷеъ ба ҷашну ойинҳои эрониёни бостон маълумотҳои ҷолиб оварда, бо меҳру муҳаббат ба таъриху суннатҳои ниёгони худ аз онҳо ёд мекунад. Фирдавсӣ Ҷашни Садаро ба пайдоиши оташ аз аҳди Ҳушанг - подшоҳи пешдодӣ мансуб дониста, Ҳушангро асосгузори ин ҷашн мешуморад: 
Истилоҳи “Сада” аз вожаи “сад” ва пасванди “- а”, сохта шудааст. Сада калимаи форсии тоҷикӣ буда, дар забони паҳлавӣ дар шакли “сат”, “сатаг”, “сазак”, “саз” ёд мешуд ва арабҳо бошанд, онро саадак меномиданд. 
Абӯрайҳони Берунӣ дар «Аттафҳим» сабаби Сада номгузорӣ шудани ин ҷашнро ба он мансуб медонад, ки аз рӯзи ин ҷашн то Наврӯз 50 шабу 50 рӯз боқӣ мемонад. Яъне, аз ибтидои зимистон (аввали Обон) то даҳуми Баҳман, ки Ҷашни Сада аст, 100 рӯз ва аз даҳуми Баҳман то Наврӯз ва аввали баҳор 50 рӯз ва 50 шаб будааст. 
Ҳамчунин, А.Берунӣ дар асари худ Осор-ул-боқия чунин менигорад: “Эрониён пас аз он, ки қабиса бартараф шуд, дар ин вақт мунтазир буданд, ки сармо низ аз эшон бартараф шавад ва давраи он ба сар ояд, зеро онҳо оғози зимистонро аз панҷ рӯзе, ки аз Обонмоҳ (27 октябр) бигзарад, мешумориданд ва охири зимистон”-и бузургро даҳ рӯз аз Баҳманмоҳ мегузашт (яъне 31 январ), ба унвони Сада ҷашн мегирифтанд. 
Гардезӣ дар “Зайн-ул-ахбор” оид ба Сада менигорад, ки баъди тавассути неруҳои аҳриманӣ ба ҳалокат расидани аввалин кадхудои ҷаҳон Каюмарс шумори фарзандони ӯ ба сад расид ва ҷашни Садаро ба ин хотир ҷашн гирифтанд. Тибқи маълумоти маъхазҳо Ҷашни Сада дар замони Ардашери Бобакони Сосонӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоссае таҷлил мегардидааст.
Дар даврони исломӣ то охири Хоразмшоҳиён ва ҳамлаи муғул, бахусус, ба замони Қарахониён, Бувайҳиён, Салчуқиён ва давраҳои баъд иттиллоот вуҷуд дорад. Мувофиқи ахбори сарчашмаҳои таърихӣ салотину амирон ва ҳам мардуми одӣ ҷашни Садаро барпо медоштаанд.
Сада дар Таърихи Байҳақӣ низ зикр ёфта, махсусан, бар аҳди Султон Масъуд он хеле бодабдаба таҷлил карда мешудааст. 
Бояд қайд намуд, ки Ҷашни Сада дар оғози шомгоҳи даҳуми Баҳманмоҳ, яъне рӯзи меҳр аз моҳи Баҳман баргузор мешавад. Дар даҳумин рӯз ё Обонрӯз аз Баҳманмоҳ бо афрӯхтани ҳезуме, ки мардумон аз пагоҳӣ зуд бар боми хонаи худ ё баландии кӯҳистон гирд овардаанд, ин ҷашн оғоз мешавад.
Дар сарчашмаҳои таърихӣ ба шакли дастаҷамъӣ ва бо гирдиҳамоии ҳамаи мардуми шаҳру деҳа баргузории ин ҷашн ишора мешавад. 
Бояд ёдовар шуд, ки Сада яке аз ҷашнҳои бошукӯҳи мардуми ориёитабор, аз ҷумла тоҷикон буда, аз замонҳои ниҳоят қадим ба мо мерос монда, пешиниён онро бо шукӯҳу шаҳомат, бо ҳама ҷузъиёташ баргузор мекарданд. Аммо бо мурури замон ин ҷашни миллию мардумӣ аз ёдҳо рафта, таҷлилаш дар қаламрави мамлакат баргузор намешуд. Баъди расидан ба истиқлолияти давлатӣ ва бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷашни Сада аз нав эҳё гардид. 
Сармутахассиси шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ                                           Исоев Н 
Яндекс.Метрика