Аз замони Абурайҳони Берунӣ то имрӯз диншиносии муқоисавӣ ҳамчун як илми муҳим дар ҷомеа шинохта мешавад. Аммо дар замони муосир дар баробари муқоисаи андешаҳои динҳои мухталиф, омӯзиши андешаҳои мактабҳо ва ҷараёнҳои як дин ба вуҷуд омадааст. Чун мавзӯи баҳси мо муқоисаи усули каломии Ҳаким Самарқандӣ ва Абумансурӣ Мотуридӣ аст ва табиӣ аст, ки дар миёни андешаҳои ин ду донишманд, баъзе масъалаҳои ихтилофии ҷузъӣ вуҷуд дорад. Бинобар ин, ба хотири вуруд ба асли мавзуъ, аз мафҳуми ихтилоф, анвои он ба таври бисёр кӯтоҳ баҳс намоем.
Калимаи ихтилоф дар луғат ба маънои тазод, зидди инфоқ ва муғоярат дар ҳолат, шакл ва қавл ба кор бурда мешавад. Имом Роғиби Исфаҳонӣ дар “Муфрадоту-л-Қуръон” мегӯяд, ки (тарҷума аз арабӣ: Ихтилоф ва мухолифат ба ин маъност, ки ҳар кас роҳу равиши ғайр аз роҳу равиши дигаре дар кор, ҳолат ва ё сухан баргузинад).
Дар истилоҳ ихтилоф ин тафовут дар назар аст, ки ба сабаби муғоярати васоил ва мубоянати донишҳои мардум ва тафовут дар ёфтаҳояшон ба вуҷуд меояд.
Фақеҳон ихтилофро чунин таъриф кардаанд: “Ихтилоф ин тафовути аҳкоми фиқҳиест, ки мутааллиқ ба масоили фаръӣ мебошад”. Сухан ин ҷо аст, ки ихтилоф ва хилоф бо ҳам фарқ доранд ё не? Қавли дуруст ин аст, ки аз ҷиҳати лафз бо ҳам фарқ надоранд, лекин истилоҳан хилоф ба фанни муайян (илми хилоф) итлоқ (равона) мешавад, ки бинобар ин таъбир таърифи роҷеҳи он чунин аст: “Илми хилоф – донишест, ки бо он чигунагии овардани далелҳои шаръӣ шинохта мешавад ва метавонем бо далелҳои қатъӣ, шубҳаҳо, айбҳо ва камбудии далелҳои хилофиро дафъ намоем”.
Навъҳои ихтилоф. Ихтилоф бо хилоф аз чанд ҷиҳат тақсимбандӣ гардидааст, масалан аз ҷиҳати рад ва қабул, натиҷа (лафзӣ ва ё маънавӣ будан), доимӣ ва муваққатӣ будан ва аз ҷиҳати фиқҳ ва ё калом.
Ихтилофи мақбул. Ихтилофест, ки сабабҳо ва ангезаҳои он муяссар ва омилҳои саҳеҳ муқтазои он бошад. Масалан, ихтилофи муҷтаҳидон, муфтиҳо ва ҳукком дар мавридҳое, ки далели қатъӣ вуҷуд надошта бошад.
Ихтилофи мазмум ва мардуд. Ихтилофест, ки дар муқобили далели саҳеҳ бошад ва аз таассубу ҷаҳл ва пайравӣ аз хоҳишҳои нафсонӣ сарчашма гирад.
Ихтилофи лафзӣ. Ихтилоф дар ибора ва алфоз аст бо вуҷуди иттифоқ дар маъно ва ҳукм. Ба ихтилофи лафзӣ ягон натиҷа ва асари шаръӣ мураттаб намешавад.
Ихтилофи маънавӣ. Иборат аз ихтилофест, ки ба он осори шаръии мухталиф мураттаб ва боиси аҳкоми гуногун гардид.
Ихтилофи собит ё доимӣ. Он аст, ки рафъи он мумкин набошад, мисли ихтилофи муҷтаҳидон, зеро хато дар иҷтиҳод ба таври қатъӣ ба ғайр аз Худо ба касе дигар маълум намешавад.
Ихтилофи муваққат. Онаст, ки рафъ ва аз байн бурдани он мумкин бошад, мисли ихтилофҳое, ки аз надонистани сарчашмаҳо ё иттилоъ надоштан аз нусхаҳои ҳукм, ки баъд аз донистани он, ихтилоф рафъ мегардад.
Ихтилофи фиқҳӣ. Иборат аз тағйири аҳкоми шаръӣ аст, ки мутааллиқ ба масъалаҳои фаръӣ мебошад.
Ихтилоф дар илми калом. Аз тафовут дар фаҳм, таъбир ва тафсири сарчашмаҳои ақидавӣ иборат аст.
Рамазониён А.Б.