Малико, зикри Ту гӯям, ки Ту покиву Худоӣ

❗Малико, зикри Ту гӯям, ки Ту покиву Худоӣ,
Наравам ҷуз ба ҳамон раҳ, ки Туам роҳ намоӣ.
Ҳама даргоҳи Ту ҷӯям, ҳама аз фазли Ту пӯям,
Ҳама тавҳиди Ту гӯям, ки ба тавҳид сазоӣ.
Ту зану ҷуфт надорӣ, Ту хӯру хуфт надорӣ,
Аҳадӣ безану ҷуфтӣ, Малики комравоӣ.
На ниёзат ба валодат, на ба фарзандат ҳоҷат,
Ту ҷалилулҷабарутӣ, Ту насирулумароӣ.
Ту ҳакимӣ, Ту азимӣ, Ту каримӣ, Ту раҳимӣ
Ту намояндаи фазлӣ, Ту сазовори саноӣ.
Барӣ аз ранҷу гудозӣ, барӣ аз дарду ниёзӣ,
Барӣ аз биму умедӣ, барӣ аз чуну чароӣ.
Барӣ аз хӯрдану хуфтан, барӣ аз ширку шабеҳӣ,
Барӣ аз сурату рангӣ, барӣ аз айбу хатоӣ.
Натавон васфи Ту гуфтан, ки Ту дар фаҳм нағунҷӣ,
Натавон шибҳи Ту гуфтан, ки Ту дар ваҳм наоӣ.
Набуд ин халқу Ту будӣ, набувад халқу Ту бошӣ,
На биҷунбӣ, на бигардӣ, на бикоҳӣ, на физоӣ.
Ҳама иззиву ҷалолӣ, ҳама айбе Ту бипӯшӣ,
Ҳама бешӣ Ту ба гоҳу, ҳама каммӣ Ту физоӣ.
Аҳаду лайса камислаҳ, самаду лайса лаҳу зид(д),
Лиман-ул-мулк Ту гӯӣ, ки мар онро Ту сазоӣ.
Лабу дандони Саноӣ ҳама тавҳиди Ту гӯяд,
Магар аз оташи дӯзах бувадаш рӯи раҳоӣ...!

Бознашр аз саҳифаи:
Марвориди форсӣ - тоҷикӣ

Яндекс.Метрика