Чи тавре, ки дар мақолаи пешин зикр гардид вобаста ба андешаҳои шогирдони Абўҳанифа ҳамаинро бояд қайд намуд, ки пайвандгари ин андешаҳои бузургон танҳо ҳамнишиние, ки андешаҳои якдигарро бо ҳам ошно месохт набуд, балки шогирдӣсипас ҳамнишинӣ, сипас омўзиши афкори якдигар чунин аҳволро водор намуд, ки бо вуҷуди мувофиқату мухолифат, ба асосҳову усулҳои ягона анҷом ёбанд . Он асосҳое, ки Абўҳанифа (р) аз рўи он мерафт, ҳамон асосҳое ҳастанд, ки шогирдонаш дар вақти зиндагии ў, ё пас аз маргаш бо ихтилофи андаке дар баъзе аз ин асосҳо ва татбиқи он пазируфта буданд.
Масалан Абўюсуф бо он, ки баъдан ба омўзиши ҳадис машғул гашт ва аз сабаби рў ба рӯшавии фақиҳони раъйи ва фақиҳони ҳадис ва омехташавии мадрасаҳои фиқҳӣгуногун бештар ҳадис ривоят кард, нисбат ба устоди худ аз ҳадис бисёртар далел мегирифт ва ба он ҳадисҳое, ки устодаш қабул надошт, амал менамуд.
Ҳоли Муҳаммад низ чунин аст. Сарчашмаи ихтилоф дар асоси далел гирифтан бо ҳадис нест, балки сабаби ихтилоф ин донистани ҳадисе, ки Абўҳанифа аз он огоҳӣнадошт ё эътимод намудан ба ровиёне, ки Абўҳанифа қабулашон намекард. Ба таъкид ягонагии асосҳо сабаби сеюм аз сабабҳои омехташавӣбуд, ки маҷмўи ин андешаҳоро як мазҳаб намуд.
Бархе аз фақиҳон чунин мепиндоранд, ки аҳволи Абўюсуфу Муҳаммаду дигарон аз ҷумлаи аҳволи Абўҳанифа берун нест, зеро ў аз сабаби парҳезгории барзиёдаш дар як масъала чандин эҳтимолотро тахмин менамуд, сипас аз байни он эҳтимоли қобили қабули худро ихтиёр намуда эҳтимолоти дигарро бар мегардонид ва гоҳе фикреро ихтиёр намуда, сипас аз он бозмегашт. Аз ин лиҳоз ин фуқаҳо чунин гумон карданд, ки андешаҳои ёрон ҳамагӣандешаҳои Абўҳанифа мебошанд, ки аз онҳо бозгаштааст. Соҳиби “ад-Дурулмухтор” аз Абўюсуф чунин ҳикоят мекунад: “Ман дар аҳволи худ ба Абўҳанифа мухолифат нанамудаам, магар он ақволе, ки худи Абўҳанифа гуфтааст”.
Аз Зуфар ривоят мешавад, ки гуфтааст: “Бо Абўҳанифа дар ягон чизе мухолифат накардаам, магар, ки худи ў онро гуфтааст. Дар китоби “ал-Ҳовӣ” омадааст:
“Агар (касе) қавли яке аз онҳоро гирад, яқин донад, ки қавли Абўҳанифаро гирифтааст. Зеро аз ў ҷамъе ҳамнишинони забардасташ ривоят кардаанд, ки онон гуфтаанд:
“Мо дар ягон масъалае чизе нагуфтаем, магар ки он ривояти мо аз Абўҳанифа (р)аст” Онҳо барои ин сухан савгандҳои вазнине хурдаанд. Пас кадом қавле дар фиқҳ ва кадом мазҳабе набошад, ба ў (Абўҳанифа) вобастагӣ дорад ва ба дигарон аз рўи маҷоз нисбат дода мешавад.
Чунин сухан дар “ал-Ҳовӣ”зикр гаштааст ва гумон мекунам, ки ин муболаға аст, зеро тамоми ақволи Абўюсуф ва Муҳаммад ба ин минвол набуд. Ў бо чунин суханони худ қариб аст, ки ононро аз сифати муътақидони мустақил бе насиб намояд, балки қариб буд, ки шахсияти эшонро дар паҳлўи шахсияти шайхашон ба нестӣандозад, ҳатто ў нисбатдодани суханонро ба онон маҷозӣмеҳисобад. на ҳақиқат.
Шакке нест, ки Абўҳанифа ҳангоми баровардани аҳком гоҳе чанд эҳтимолоти ҳалли масъаларо. Ки тавассути қиёс ё истиҳсон ҳал менамуд, пешмегузошт. Ва он эҳтимолот, ки аз нигоҳи ўбо муомалоти мардум созгор намеомад.ё аз чаҳорчўбаи қиёс берун мегашт, ё бо мақосиди шариатмувофиқ намеафтод, бартараф мекард. Гоҳе шогирдонаш бо ў ҳангоми зиндагиаш ё баъди маргаш дар он далелҳоеро. Ки ў қобили қабул надида буд, мухолифат меварзиданд. Пас дар ин сурат гуфтан дуруст нест, ки бо ин онҳо гуфтаи ў ё андешаи ўро, ки аввал қабул сипас рад намудааст, ихтиёр мекарданд. Шояд гоҳе Абўюсуф. Ё Муҳаммад ва ё Зуфар андешаеро, ки Абўҳанифа аввал қабул намуда, сипас аз он баргашта аст, ихтиёр менамуданд, ки ин андеша аз ҷумлаи андешаҳои мансухгаштаи ў ҳисоб мешуд. Пас агар нафаре аз ҳамнишинонаш фатвоеро, ки қобили қабули Имом набудааст, ихтиёр кунанд, ин маънои онро надорад, ки ў ба гуфтаи Абўҳанифа чанг задап бошад, балки ў бо чунин иқдом ба устоди худ аз ду ҷиҳат мухолифат варзидааст: аввалан аз ҷиҳати он, ки андешаи нави ўро қабул накардааст, сониян ҳукми ў мухолиф баромадааст, ки он чизро, ки мавриди қабул қарор надод, намебоист чунин мекард. Ҳар касе, ки дар ҳақиқат чунин мухолифат менамояд нашояд гуфт, ки андеша ба ў бо роҳи маҷозӣнисбат дода мешавад, на аз рўи ҳақиқат.
Шояд сабаби мухолифати бархе аз ёронаш он бошад,ки онон пас аз марги Абўҳанифа (р) аз ҳадисе бархурдор шудаанд, ки ў худ дар замони зиндагиаш намедонист. Пас чи гуна метавон гуфт, ки ин сухан аз ўст ва ба онҳо маҷозан нисбат дода мешавад. Ибни Обиддин кушидааст, ки ин қавли Абўҳанифаро тасдиқ намояд , аммо дар бобати ҷудо кардани ин суханон аз онҳо бо роҳи маҷоз нисбат додани он накушидааст. Ў мегўяд: “Имом ёронашро амр кардааст, ки аз қавли ў онеро, ки аз нигоҳи онон бодалелу мувофиқтар аст, бигиранд, он чи ки онон гуфтаанд қавли ўст, зеро ў бар қоидаҳое, ки ў барои онон гузоштааст, бино ёфтааст. Пас ин ба ҳеҷ ваҷҳ аз ў ҷудо намегардад”. Аз Абўҳанифа собит гаштааст, ки гуфтааст: “Агар ҳадис саҳиҳ бошад, пас мазҳаби ман аст”. Инро имом ибни Абдулбар аз Абўҳанифа ва имомони дигар ҳикоят намудааст. Инчунин имом Шаъронӣаз имомони чаҳоргона нақл кардааст”
Исоев Н - шўъбаи пажўҳиши маъхазҳои исломӣ