Имрӯз доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ Раиси КДАМ ҶТ Саймумин Ятимов зодрӯз дорад.
Аҳли эҷоди сомонаи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Сатторовичро ба муносибати ҷашни зодрӯзашон сидқан шодбош мегӯяд.
Барояшон сиҳатию саломатӣ, сарбаландӣ, барори кор ва дар фаъолияти меҳнатиашон комёбиҳоро таманно дорад.
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ.
Саймумин Ятимов (Ятимов Саймумин Сатторович; тав. 23 июли 1955, ноҳияи Фархор, ҶШС Тоҷикистон) — сиёсатмадори тоҷик, дипломат, Генерал полковник, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон[1], сафири собиқи Тоҷикистон дар Белгия. Доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, узви пайвастаи АИҶТ[2]
Мундариҷа
1 Зиндагинома
2 Фаъолияти корӣ
3 Ҷоизаҳо
4 Эзоҳ
5 Пайвандҳо
Зиндагинома
Саймумин Ятимов 23 июли соли 1955 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1976 Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб ва соли 2003 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.
Фаъолияти корӣ
Фаъолияти кориашро аз иҷрои вазифаҳои корманди оперативӣ ва роҳбарӣ дар сохторҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, дастгоҳи марказии Кумитаи Амнияти Давлатии Тоҷикистон шурӯъ кардааст.
Солҳои 1996-2000 фаъолияти дипломатӣ намуда, баъдан дар мансабҳои сардори раёсат, муовини Вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2007-2010 дар вазифаҳои Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор кишварҳои Аврупо ва сардори Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди созмонҳои Аврупоӣ фаъолият намудааст.
Аз моҳи майи соли 2010 муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моҳи сентябри соли 2010 дар мансаби Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кард.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 ноябри соли 2013 Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.
Ҷоизаҳо
Бо орденҳои Спитамен дараҷаи II, Зарринтоҷ дараҷаи II ва медали ҷашнии «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ