Хари Афандиро дуздиданд. Одами бисёре ҷамъ шуд.
Якеаш гуфт:
Маълум аст, ки харро дуруст набастаӣ!
Дигарӣ илова кард:
Хайр кардан даркор, хайрат кам шудааст, ҷӯра!
Ҳамсояи тарафи росташ масъаларо сӯи дигар бурд:
Агар ба дари оғилат қулф мезадӣ, чунин намешуд..
Чорумӣ гуфт:
Афандӣ, бояд шабзиндадорӣ мекардӣ, дар он сурат дуздро медоштӣ!
Афандӣ ба дод омаду гуфт:
- Ҳаматон рост мегӯед, дузд ягон гуноҳ надорад. Айб айби худам)