Рушди босуръати интернет ва авҷ гирифтани ҷангҳои иттилоотӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддунҳо ва манфиатҳои қудратҳои ҷаҳонӣ, зуҳури ҳар гуна ҳаракату ташкилотҳои экстремистиву террористӣ дар минтақа ва ҷаҳон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мушкилоте дар ҷаҳони муосир мебошанд. Яке аз мушкилиҳое, ки фазои маҷозии Тоҷикистон дорад, ин гардиш ва ё паҳн кардани суханрониҳои мубаллиғони динии ифротӣ мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки дар таърихи 04.06.2024 дар шабакаҳои иҷтимоӣ баромади воизи афғонтабор бо номи Фирӯз Аҳмад паҳн гардид, ки дар он оид ба либоси миллӣ ва сиёсати дохилии давлатӣ ҳарф зада, суханашро аз он шуруъ намуд, ки гуё ҳафтаи ҷорӣ аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон ба унвони ин муллои мутаассиб паёмҳо фиристодаанд, ки тибқи онҳо гӯё ҳукумат дастур додааст, ки ҳиҷобро ҳамчун либоси бегона дигар напӯшанд. Дар инкори ин гуфтаҳо метавон қайд намуд, ки сатру ҳиҷоб ҳеҷ пайванде ба дин надорад.
Агар ба таърихи гузаштаи дури Арабистон Саудӣ назар андозем, маълум мегардад, ки дар ин сарзамин пеш аз Ислом ҷоҳилият ҳукмрон буда, хиёнати онҳо нисбат ба занону духтарон зиёд буд. Ба хотири пинҳон намудани ҷеҳраи худ аз чунин гумроҳон бонувон рӯйи худро паноҳ менамуданд. Дуюм ин ки дар сарзамини араб тундбодҳои зиёд ба вуқуъ мепайвастанд, регу чангро ба рӯйи одамон зада, пӯсти рӯяшонро иллатнок менамуданд.
Аммо имрӯз кӯрдилон онро моли Ислом медонанду вобаста ба он фатвоҳои бардӯруғ интишор медиҳанд. Дар ҳоле ки ҳиҷоб ҳамчун либос ба дини Ислом пайванде надошта, он ҷузъ аз фарҳанги бадавии арабӣ чизе беш нест. Иддаои беасоси дигари ин мулло дар он аст, ки гуё кишвари Тоҷикистон ба ҳаҷ рафтанро манъ карда бошад. Вобаста ба ҳамин туҳмати ин бадавипараст, аз суханронии Пешвои миллат, ки дар таърихи 09.03. 2024 дар .... гуфта шудааст, далелро бар радди ин тӯҳмати иғвогари мазкур меорем: “Танҳо соли 2023 63 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар маросими ҳаҷ ва умраро адо кардаанд.” Ба иловаи дигар, дар муқоиса бо ин арқом, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки то соҳибистиқлол шудани кишвар аз миёни 5 миллион аҳолии Тоҷикистон ҳамагӣ 29 нафар маросими ҳаҷро анҷом додаанду бас. Пас, ин иддаҳои муллои афғонтабор - Аҳмади Фирӯз беасос мебошад.
Ӯ дар ҷойи дигар ишора менамояд, ки гуё “таълими Қуръон дар Тоҷикистон манъ аст ва ҳатто ҷойи он дар Тоҷикистон манъ аст”. Дар ҷавоб ба ин туҳмати беасоси ин мутаассиб чунин посух дорам, ки аз ҷониби Пешвои миллат ба муносибати 20- умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қуръони Карим бо забони тоҷикӣ дар соли 2011 бо теъдоди зиёд ба чоп расид. Пас, дар куҷост мантиқи суханҳои беасоси ин шахс? Шаҳрвандони азизи мо инро бояд хуб дарк кунанд, ки ин тоифаи ҳарзагӯйҳо ин гуна суханҳояшонро дар кадом замон ва дар кадом макон гуфтаанд: ин суханрониҳо дар муҳити бесурусомонии кишвари Афғонистон сабт шудаанд, ки вазъи ногувори ин кишвар барои ҳама маълум аст.
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати Тоҷикистон дар сиёсати хеш нисбат ба ҳамаи динҳо назари нек дошта, шароити созгори эътиқодиро барои пайравони онҳо таъмин кардааст. Бояд таъкид кард, ки барои рушди дини мубини ислом, ки 99 фоизи сокинони кишвар эътиқодманди он мебошанд, на фақат шароити мусоид муҳайё гардидааст, балки ба арзишҳои созандаву инсонпарваронаи он арҷ мегузорад. Ба маънои дигар, сиёсати имрӯзаи кишвари мо муносибати неки давлат нисбат ба ҳамаи дину мазҳабҳо, бахусус, нисбат ба дини мубини ислом возеҳу равшан аст. Аммо дар баробари он, солҳои охир зуҳуроти нороҳатсозандаву нигаронкунандаи таассубу хурофот, тафриқаандозиву ифротгароии динӣ ва дар ин замина риоя нагардидани меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда афзоиш ёфта истодааст. Бояд таъкид кард, ки кишвари мо низоми давлати дунявиро интихоб кардааст ва истифодабарандагони фазои маҷозӣ бояд бидонанд, ки низоми Тоҷикистон демократӣ ва дунявӣ буда, ба дини ислом ва эътиқоди мазҳабии мардуми он ҳеҷ тазоде надорад. Дар низоми давлати демократӣ пайравони тамоми динҳо дар доираи қонунҳои амалкунанда озодона фаъолият доранд ва ҳеҷ кас поймол кардани ҳуқуқи озодии виҷдони шаҳрвандони дигарро надорад.
Имрӯзҳо, ки барои ҳар як ҷавони тоҷик майдони васеи амал баҳри ободкориҳо ба хотири ояндаи амну осоиштагии мамлакат ва имконоти илмомӯзӣ муҳайё мебошад, зарур аст, ки ин имконотро танҳо ба ҳамин ҳадафҳо истифода намоянд - яъне ҳадафи илмомӯзию мусоидат ба рушду тараққиёти мамлакат ва таҳкими истиқлол оромии Тоҷикистони азиз. Танҳо бо дарки воқеият ва бардошти солим бояд қадами устувор гузошт.
Илҳом Қурбоншоев - мутхасисси пешбари шуъбаи маъхазҳои исломӣ