Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт

Санаи 8 июни соли 2023 дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт вохӯрии навбатӣ бо ҷавонон, духтарон, инчунин омӯзгорон ва масъулини колеҷи мазкур бо иштироки Мамадалӣ Сабоҳат мудири шуъбаи иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комилзода Малика намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саҷҷоди Муҳаммадшарифзода сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши исломи муосири Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ гузаронида шуд.
Нахуст, Муҳаммадшарифзода Саҷҷод сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир ҳусни оғоз бахшида , дар бораи " Ифротгароӣ ва роҳҳои пешгирии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ" суҳбат намуд.
Дар навбати худ Мамадалӣ Сабоҳат мудири шуъбаи иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи : "Вазъи воқеии мушкилоти ҷойдоштаи иҷтимоӣ, қолабҳои шахшудаи хурофотӣ, сабабу омилҳои аз таҳсил дур мондани духтарон, ҷалби духтарон ба ҳамаи зинаҳои таҳсилот, аз ҷумла дар мактабҳои Олӣ, ҷалби ҷавондухтарон барои ҳуҷҷат супоридан ба Маркази миллии тестӣ" ибрози андеша намуд.
Дар фарҷом байни ҷавондухтарону ҷавонписарон суолу ҷавоб сурат гирифт.

Саҷҷод М.

Яндекс.Метрика