КОРБУРДИ ВОЖАҲОИ ФОРСӢ-ТОҶИКӢ ДАР ЗАБОНИ РУСӢ

Забон падидаи пӯёест, ки дар тӯли замонҳо таҳаввулу ташаккул меёбад ва дар вусъату доманаи он дигаргуниҳои зиёд рух медиҳад. Яке аз муҳимтарин вижагиҳои забонҳои мухталифи дунё вомгирии вожагон аз забонҳост. Шиносоии вожаҳои дахил ва масоили марбут ба он ҳамвора яке аз мавзуоти муҳим дар илми забоншиносӣ ба ҳисоб меравад. 
Забонҳои форсӣ-тоҷикӣ ва русӣ аз хонаводаи забонҳои ҳинду аврупоӣ маҳсуб ёфта, аз ҷиҳати захираи луѓавӣ хеле ѓанӣ мебошанд. Мардуми тоҷику форс аз қадим дар ҳаёти рӯзмара ва сиёсатгузорӣ бо миллатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар омезиш буданд ва бо ин тариқ вожаҳои бегона ба захираи луѓавии забони онҳо роҳ ёфтаанд. 
Бояд гуфт, ки забонҳои форсӣ-тоҷикӣ ва русӣ на аз ҷиҳати сохторӣ ва на аз ҷиҳати вожагонӣ бо ҳам наздик нестанд. Заминаҳои асосии пайдоиш ва ё истифодаи вожаҳои форсӣ-тоҷикӣ дар забони русӣ ва вожаҳои русӣ дар забони форсӣ-тоҷикӣ ин аз вомгирии вожагонӣ дар асоси ҳамкориҳои тиҷоратию фарҳангӣ ба назар мерасад. Истифодаи вожаҳои як забон дар забони дигар ё иқтибосот ин яке аз масъалаҳои меҳварии илми забоншиносӣ аст ва ҳамеша мавриди омӯзишу баррасии забоншиносон қарор мегирад. 
Тавре ки аз таърих маълум аст, ҷомеа ҳамеша дар ҳоли таѓйирёбист ва забон, ки муҳимтарин воситаи алоқаи мардум ба ҳисоб меравад, дар ҳоли таѓйирёбӣ қарор мегирад. Вомгирии вожагонӣ ва ё иқтибосот дар забон аз тариқи иртиботи як ҷомеа бо ҷомеаи дигар сурат мегирад ва дар ин раванд дигаргуниҳои зиёд ба назар мерасад.
Корбурди вожаҳои форсӣ-тоҷикӣ дар забони русиро чунин гурӯҳбандӣ кардан мумкин аст:
1. Вожаҳои форсӣ-тоҷикие, ки аз тариқи забони дигар ба забони русӣ ворид шудаанд;
2. Вожаҳое, ки мустақиман аз забони форсӣ-тоҷикӣ вориди забони русӣ гаштаанд. 
Феҳристи мухтасари корбурди вожаҳои форсӣ-тоҷикӣ дар забони русӣ:
1. вожаҳои ифодакунандаи меваю сабзавот:
Алыча (alycha), «آلوچه» дар фарҳангҳои решашиносии русӣ ин вожаро баргирифта аз забони озарбойҷонӣ, яъне aluča як навъи олуи боѓӣ медонанд, ки дар асл ин калима баргирифта аз забони тоҷикӣ-форсии «آلوچه» аст. Аз ҳамин калима дар забони русӣ сифати «алычовый» сохта шудааст [15, 6].
Арбуз (arbuz), «هندوانه». Истифодаи ин вожа дар асрҳои XV аз тариқи забонҳои қипчоқии (xarbuz), туркӣ, тотории (karpuz) дохили забони русӣ гардидааст. Донишмандон истилоҳи ин вожаро аз тоҷикӣ-форсии «خربزه» медонанд ва иштиқоқи онро аз калимаи xar «خر» (ҳайвон) ва дар форсии миёна «būčīna» «خیار» мансуб донистаанд [9, 83]. Муҳаққиқи дигар истилоҳи (xar)-ро ба маънии «бузург» донистааст, аз он сифати «арбузный» низ сохтаанд [4, 141-142].
Инжир (inzhir) «انجير». Ин калима ба забони русӣ аз тариқи забонҳои туркӣ, тоторӣ ва қипчоқӣ иқтибос шудааст [10, 133]. Аммо тибқи шаҳодати «луғати калимаҳои русӣ» асли ин вожа аз забони тоҷикӣ-форсии «انجير» аст, ки дар забони русӣ аз ин калима сифати «инжирный» сохтаанд [8, 667].
Кишмиш (kišmiš) «كشمش» як навъ ангури ширин ва бедона мебошад. Фасмер М. ин вожаро баргирифта аз забони турки усмонӣ ва чағатоӣ (kišmiš) медонад [10, 243]. Вале он аз забони тоҷикӣ-форсии «كشمش» аст [15, 13]. 
Сабза (sabza) «سبزه» як навъи кишмиш, ки бархе аз донишмандон онро баргирифта аз забони тоҷикӣ-форсӣ донистаанд. Ин вожаро луғати шарқӣ дониста, онро бо дар забони форсию туркӣ муқоиса кардааст [11, 541]. Дар луғатҳои тоҷикӣ-форсӣ сабза як навъ кишмиши сабз маънидод шудааст. Ин калима аз тариқи забони туркӣ-озарбойҷонӣ ба забони русӣ гузаштааст [15, 16]. 
Фисташка (fistashka) «پسته». Эҳтимол меравад, ки ин вожа аз забонҳои туркӣ (fyctyk), ё фаронсавӣ (pistache) ва ё итолёвӣ (pitacchio) вориди забони русӣ гардида бошад [12, 197].
Хурма (khormā) «خرمالو». Ин калима аз тариқи забонҳои туркӣ, озарӣ, тоторӣ (xurma) ва ё турки усмонӣ (hurma) дар забони русӣ иқтибос гардидааст, ки асли он форсӣ-тоҷикист. Дар забони русии қадим ин калима ба маънои «хурмо» корбаст мегардидааст. Аммо дар фарҳангҳои муосир он ҳамчу калимаи «خرمالو» истифода мешавад [12, 284; 8, 631]. 
Шептала (sheptala) «شفتالو». Ин вожа ба воситаи забониҳои туркӣ, қипчоқӣ, озарӣ, тоторӣ вориди забони русӣ шудааст, ки асли он форсӣ-тоҷикӣ аст [8, 710; 12, 428].
2. вожаҳои ифодакунандаи номи хӯрокҳо:
Плов (plov) «پلو» ғизои шарқиест, ки аз биринҷи пухта ва равған тайёр мешавад. Ин вожа аз забони форсӣ-тоҷикии «پلو» вориди забони русӣ гаштааст. Калимаи «палав» боз «пилав» (pilav) дар дигар луғатҳои русӣ дарҷ гардидааст, ки ин сохти калима аз тариқи забони туркӣ дар забони русӣ иқтибос шудааст. Инчунин, сохти дигари ин калима монанди: «pilov» ва «plov» нишон дода шудааст [11, 261]. 
3. вожаҳои ифодакунандаи касбу кор:
Дервиш (dervish), «درویش». Ин калима аз забони олмонии «derwisch» ва забони фаронсавии «derviche» гирифта шуда бошад, вале истифодаи он дар замони қадим чун калимаи «дербищ» (derbish’) аз забони туркӣ ва тотории «därviš» ва ё мустақиман аз забони форсӣ-тоҷикии «درویش» вориди забони русӣ гаштааст [9, 500].
Дехканин (dekhkanin), «دهقان». Истифодаи ин вожа дар забони тоҷиҷӣ ва узбекӣ «деҳқон» мебошад. Дар забони русӣ «дехканин» иқтибос аз забони форсӣ-тоҷикист, ки аз тариқи забони туркӣ (dihqan) вориди забони русӣ гаштааст. Ҳамчунин, аз ин калима сифати «дехканский», яъне «деҳқонӣ» сохта шудааст [15, 9].
Маг (mag) «مغ» рӯҳоние, ки дар Шарқи наздик маносики диниро иҷро ва пешгӯӣ низ мекардааст. Шахсе, ки қудрати ҷодугарӣ дорад. Дар бархе аз сарчашмаҳо ба забони юнонӣ мутааллиқ будани он ишора шудааст [15, 11]. Эҳтимолан ин калимаи форсӣ-тоҷикӣ тариқи забони олмонӣ (magie, magus) вориди забони русӣ гаштааст [10, 554].
Мирза (mirza) «ميرزا» лақаби аъзои маҷлиси парлумон дар бархе аз кишварҳои шарқӣ, унвони муҳтарамонаи кормандони олирутба ва муаллимон дар бархе аз кишварҳои шарқӣ, муншӣ ва нависандаро дорад. Асли ин вожа аз забони форсӣ-тоҷикии «ميرزا» гирифта шудааст [8, 275].
Падишах (padishakh) «پادشاه». Ин вожа аз калимаи подшоҳи тоҷикист [15, 13].
Сипай (sipaī) «سپاهى». Ин калима аз ҷиҳати маъноӣ ба сарбози ҳиндуӣ мутааллиқ мешавад, дар Ҳиндустон истифодаи он аз асри XVIII дар артиши истеъмории англис ба кор мерафт. Асли ин калима аз забони форсӣ-тоҷикии سپاهى вориди забони ҳиндӣ шуда ва аз забони ҳиндӣ ба забонҳои аврупоӣ, баъдан ба забони русӣ иқтибос гардидааст [7, 486].
Чабан (chaban) «شبان, چوپان». Ин калима аз тариқи забони туркӣ-тоторӣ вориди забони русӣ шудааст, ки асли он ҳамон «шубон»-и тоҷикист. Аз ин вожа сифати «чабаний», «чабанский», яъне «чӯпонӣ» ва феъли «чабанить», ба маънои «чӯпонӣ кардан», исми «чабарня» ба маънои «ҷои зисти чӯпон» сохта шудааст [12, 308].
Шах (shakh) ҳаракати кеш дар бозии шатранҷ. Дар фарҳангҳои забони русӣ баргирифта аз забони форсӣ-тоҷикии «شاه» донистаанд. Ин калима ё аз тариқи забони туркӣ ва ё мустақиман аз забони форсӣ-тоҷикӣ вориди забони русӣ гаштааст, ки аз он сифати «шахский», яъне «шоҳӣ» сохта шудааст [12, 414].
4. вожаҳои ифодакунандаи номи сару либос:
Бабуши (babushi), «پای پوش» навъе кафш. Ин вожа аз истилоҳи «pā» «پا» ва дар форсии миёна «pāy» ва «poš», «pošīdan» «پوشیدن» гирифта шудааст [8, 54]. 
Канаус (kanaus) «قناويز». Маънои ин вожа «порчаи абрешимӣ бо бофти сахт» мебошад. Ин вожа аз забони форсӣ-тоҷикии (قناويز), ки маънои «порчаи абрешими маъмулан ранги сурх»-ро дорад, вориди забони русӣ шудааст [10, 178]. 
Кафтан (kaftan) «خفتان», либоси қадимаи русӣ «кавтань» ва ё «кафтань» ба маънои «либоси қадимаи рӯӣ» ва «баланди мардона» аст, ки аз забони форсӣ-тоҷикии «خفتان» вориди забони русӣ гаштааст. Аз тарзи талаффузи ин вожа маълум мегардад, ки аз тариқи забони туркӣ вориди забони русӣ шудааст [10, 212]. 
Кисет (kiset) «كيسه». Ин калима аз забони форсӣ-тоҷикӣ ба забони русӣ иқтибос гардидааст. Дар асл вожаи «киса» аз забони форсӣ-тоҷикӣ мустақиман ва ё тариқи забони туркӣ вориди забони русӣ гаштааст. Аммо ин вожаро аз тариқи забони туркӣ иқтибос гардида дар забони русӣ донистаанд, ки асли он форсӣ-тоҷикист. Маънои онро муҳаққиқон «кисаи чармӣ» ва ё «кисаи банддор» донистаанд [1, 613].
Палас (palas) «پلاس» навъи қолин, гилем, ки аз форсӣ-тоҷикии «پلاس» гирифта шудааст. Абаев В.И. онро форсӣ-тоҷикӣ дониста, қайд мекунад, ки дар забонҳои туркӣ низ «palas» корбаст мегардад [2,239].
Сарафан (sarafan) «سارافون» либоси миллии занони рус, ки пероҳани баланд ва бе остин аст. Ин калима аз тариқи забони туркӣ ба забони русӣ дохил гардидааст, аммо асли он «саропо»-и форсӣ-тоҷикист [11, 561]. 
Чадра (chadra) «چادر» либоси мепушидаи занони мусулмон аст. Дар фарҳангҳои русӣ воридшавии онро тариқи забони туркӣ, озарӣ донистаанд, ки асли он «چادر»-и тоҷикист [12, 311].
Шаровары (sharovary) «شلوار» шалвори кушод ва дароз бо духти хос, ки аз либоси миллии мардуми Шарқ маҳсуб меёбад. Ин вожа дар забони русӣ ба маънии хоси «шалвор» истифода мешавад. Ин калима ба воситаи забонҳои туркӣ, тоторӣ, қазоқӣ ба забони русӣ дохил гаштааст [12, 410]. Ин вожа дар забони адабӣ истифода мешавад [3, 26-27].
5. вожаҳои ифодакунандаи исмҳои макон:
Амбар (ambar), «انبار», ин калима аз забони туркӣ, қипчоқӣ, тотории (ambar) ва инчунин аз озарӣ, олтоӣ ва қазоқии (anbar) вориди забони русӣ шудааст [9, 75]. Истифодаи ин вожа дар забони арабӣ низ роиҷ аст, ки баргирифта аз забони форсӣ-тоҷикӣ мебошад. Дар забони тоҷикӣ «anbār» асоси замони ҳозираи «анбоштан»; муқоиса бо «анбоз, анбор-хона, таҳхона» ё «бино»-е, ки дар он ғалла ва ё гиёҳои дигар захира мекунанд [13, 48].
Базар (bazar) «بازار» макони хариду фурӯш буда, иқтибос гардидани ин вожа аз забони форсӣ-тоҷикӣ дар забони русӣ бар асари тарҷумаи ҳикоёти «Ҳазору як шаб» ба назар мерасад [14, 31].
Балаган (balagan) маъмулан бинои чӯбиеро барои тамошобинони театр дар кӯчаву бозорҳо мегуфтаанд. Ин калимаро аз тариқи забони туркӣ «balaxanä», вориди забони русӣ медонад, ки аз калимаи форсӣ-тоҷикии «بالاخانه» гирифта шудааст. Аз ин калима сифати «балаганный» ба маънои «намоиши ҳаҷвӣ», исми «балаганщик» ба маънои «базлагӯ» ва феъли «балаганить», яъне «базлагӯӣ» сохта шудааст [9, 112].
Бахча (bakhcha) «جالیز». Ин калима аз тариқи забони туркии вориди забони русӣ гаштааст, ки он аз забони форсӣ-тоҷикии «باغچه» гирифта шудааст. Инчунин аз ин калима сифату исм, монанди: «бахчевод» (bakhchevod), «جالیزکار»; «бахчеводство» (bakhchevodctvo), «جالیزکاری»; «бахчевой» (bakhchevoī), «جالیزی» сохта шудааст [9, 11]. 
Баштан (bashtan), «باغچه، جالیز». Ин вожа аз тариқи забони туркӣ ба забони русӣ дохил гардида, асли он бӯстони (بستان) форсӣ-тоҷикист [9, 139].
Караван-сарай (karavan-saraī) «كاروانسرا». Ин калима низ аз тариқи забони фаронсавӣ (carvansérail) ва ё аз тариқи забони олмонӣ (karawanserai) ба забони русӣ иқтибос гардидааст, ки дар асл баргирифта аз забони форсӣ-тоҷикии «كاروانسراي» аст [10, 190]. 
Сарай (saraī) «سراى» ба маънои анбор ва ё хона ва маҳали бузурги номуносиб истифода мешавад. Истифодаи ин калима дар осори мардуми рус дар қарни XVII роҳ ёфтааст [14, 410]. 
Чайхане (chaīkhane) «چای خانه» ҷои нӯшидани чойро дар Осиёи Марказӣ ва Эрон мегӯянд. Калимаи чой аз забони чинӣ (čhā) аст. Вале таркиби «чайхане» дар забони русӣ бешаку шубҳа аз забони тоҷикист. 
Чердак (cherdak) «چهارتاق». Ин вожаро аз забони тоторӣ баргирифта дониста, асли он «چهارتاق» ё «چارتاق»-и форсӣ-тоҷикист [8, 670]. 
5. вожаҳои ифодакунандаи номи ашёҳо ва мафҳумҳои устураӣ:
Бадья (bad’ya) «بادیه» сатили чубӣ ва ё фулузие, ки интиҳои он андаке борик аст ва дар забони русии қадим «бадия» истифода шудааст. Аз тариқи забони тоторӣ, яъне «badia» ва «badiä» вориди забони русӣ гашта, дар асл аз забони форсӣ-тоҷикии «بادیه» гирифта шудааст [9, 144; 14, 31].
Див (div), дар ҳикоёти эронӣ ин калимаро «аҳриман» ном мебаранд, ки ин вожа аз тариқи забони туркӣ вориди забони русӣ гаштааст [9, 512].
Мат (mat). Ин вожаро муҳаққиқон иқтибосгардида аз забони форсӣ-тоҷикии (šāhmāt) дар забони русӣ медонанд ва ду маънии онро баён кардаанд: мавқеияти бохт дар бозии шатранҷ; моту мабҳут шудан, вазъияти имконнопазир [15, 12].
Наргиле (nargile) «نارگيله» василае барои истеъмоли духониёт барои мардуми машриқзамин монанди қалён аст. Ин калима аз забони форсӣ-тоҷикӣ ба забони русӣ ворид гаштааст [8, 387].
Пиала (piala). Он ба маънои зарфи хурд ва бедаста, ки мардуми Осиёи Марказӣ онро барои нушидани чой истифода мебаранд. Тибқи истиноди сарчашмаҳо ин вожа баргирифта аз забони форсӣ-тоҷикист [8, 120].
Ферзь (ferz’) «فرزین» номи қавитарин муҳра дар бозии шатранҷ аст. Ин калима аз забони туркии «färzi, färz», ки асли он аз «فرز»-и форсӣ-тоҷикӣ аст, ба забони русӣ иқтибос гардидааст [12, 190].
Чемодан (chemodan) «چمدان». ин вожа аз «دان جامه»-и форсӣ-тоҷикист, ки тариқи забони тоторӣ вориди забони русӣ гаштааст [12, 332]. 
Шахматы (shakhmaty) «شطرنج» шатранҷ ва ё муҳраи шатранҷро мегӯянд, ки аз калимаи «مات شاه»-и форсӣ-тоҷикист [12, 415-416].  
6. вожаҳои ифодакунандаи номи сангҳо ва моддаҳои гуногун:
Бирюза (biryuza), «فیروزه». Ин калима аз забони туркии «piruzä» ва «firūza» вориди забони русӣ гаштааст, ки дар асл аз калимаи «پیروزه» ва «فیروزه» форсӣ-тоҷикист [9, 167]. 
Сурьма (sur’ma) «سورمه». Тибқи истиноди «луғати калимаҳои русӣ» ин калима аз забони форсӣ вориди забони русӣ гаштааст [15, 19; 7, 480]. 
7. вожаҳои ифодакунандаи номи гулҳо, гиёҳҳо ва дарахтҳо:
Жасмин (zhasmin), «یاسمین». Ин вожа аввалан аз забони фаронсавии «jasmine» ба забони олмонӣ, яъне «jasmine» иқтибос гардида, сипас аз забони олмонӣ ба забони русӣ ворид шудааст. Муҳаққиқон решаи асосии ин калимаро ба забони арабӣ ва форсӣ нисбат медиҳанд, ки асли он ҳамон «ёсуман» ва «ёсамин»-и форсӣ-тоҷикист [10, 36].
Ревень (reven) «ريوند, راوند» доруе, ки аз он гиёҳ тавлид мешавад. Онро аз форсӣ-тоҷикии راوند донистаанд [5, 691]. Дар луғатномаи «Бурҳони қотеъ» шакли «ريوند» ва «راوند» ба маънои «даъво» оварда шудааст [6, 86].
Самшит (samshit) «شمشاد». Ба назари Абаев В.И. ин калима аз «шамшод»-и форсӣ-тоҷикӣ гирифта шудааст [3,100].
Чинар (chinar) «چنار». Ин вожа аз тариқи забонҳои қафқозии куҳан ва туркӣ вориди забони русӣ гардидааст, ки асли он аз форсӣ-тоҷикист. [12, 363].
Шала (shala) «شالی» «биринҷи покнашуда» аст. Ин калима аз тариқи забони қирѓизӣ вориди забони русӣ шудааст, ки асли он форсӣ-тоҷикист [15, 21].
8. вожаҳои ифодакунандаи рангҳо:
Алый (alyī), «رنگ سرخ روشن». Асли ин вожа аз забони форсӣ, яъне «آل» гирифта шуда, маънояш ранги сурх мебошад, ки аз тариқи забони туркӣ вориди забони русӣ гаштааст. «āl» дар форсии бостон «ālgaunā», яъне «сурхгуна» омадааст [5, 59]. Дар форсии миёна «āl-gōnag» танҳо як маротиба дар матнҳои форсии миёна ба кор рафтааст [15, 5]. 
Оранжевый (oranzhevyī) «نارنجى». Асли ин калима «نارنگ»-и форсӣ буда, муарраби он «نارنج» аст [8, 636]. 
9. вожаҳои ифодакунандаи мафҳумҳои динӣ:
Намаз (namaz) «نماز». Ин калима аз тариқи забонҳои туркӣ, тоторӣ, уйғурӣ ва қазоқии «namāz» ва ё мустақиман аз забони форсӣ «نماز» вориди забони русӣ гаштааст [8, 370; 11, 41]. 
Вожаҳои иқтибосгардидаи забони форсӣ-тоҷикӣ дар забони русӣ хеле зиёд ба назар мерасад, ки муҳаққиқон воридшавии онҳоро аз тариқи забони васит донистаанд. Ба назари муҳаққиқон Фасмер М., Шанский Н.М., Абаев В.И., Лайло Аскарӣ, Ҳасан Анварӣ, Муҳаммадҳусайни Бурҳон дар аксар мавридҳо иқтибосот аз забони форсӣ-тоҷикӣ ба забони русӣ тариқи забонҳои туркӣ, тоторӣ, қазоқӣ, қирѓизӣ, қипчоқӣ, озарӣ ва забонҳои аврупоӣ фаронсавӣ, олмонӣ ва юнонӣ ворид гардидаанд. Дар баробари аз тариқи забонҳои васит воридшавии вожаҳо мустақиман воридшавии онҳро низ мушоҳида кардан мумкин аст. 
Мавриди зикр аст, ки дар раванди иқтибосгирӣ аз забони форсӣ-тоҷикӣ бархе аз калимот шакли худро таѓйир додаанд ва решаи онҳоро ба забони юнонию ҳиндӣ мансуб донистаанд. 
Бояд гуфт, ки ҳар вожае зимни воридшавӣ ба забони дигар шаклу сохтори маъноии худро таѓйир медиҳад ва аз қоидаҳои грамматикии он забон дур мешавад. Вале дар аксар маворид иқтибосоти забони форсӣ-тоҷикӣ дар забони русӣ ҳам аз лиҳози сохтор ва ҳам аз лиҳози маъноӣ бе таѓйир мондаанд.
АДАБИЁТ:
1. Абаев, В. И., Историко-этимологический словарь осетинского языка. Москва-Ленинград, «Наука». Т1, 1958-657 с.
2. Абаев, В. И., Историко-этимологический словарь осетинского языка. Москва-Ленинград, «Наука». Т2, 1973-449 с.
3. Абаев, В. И., Историко-этимологический словарь осетинского языка. Москва-Ленинград, «Наука». Т3, 1979-360 с.
4. Абаев, В. И., Историко-этимологический словарь осетинского языка. Москва-Ленинград, «Наука». Т4, 1989-326 с.
5. Муҳаммадҳусайни Бурҳон. Бурҳони қотеъ. Душанбе, «Адиб». Ҷ1, 2004.-424 с.
6. Муҳаммадҳусайни Бурҳон. Бурҳони қотеъ. Душанбе, «Адиб». Ҷ2, 2004.-416 с.
7. Петров Ф.И., Лехин И.В. Словарь иностранных слов. М.: «Русский язык», 1984-608 с.
8. Словарь русского языка. Под редакции Евгеневой А.П. 4Т. М.: «Русский язык» 1981.-2784 с.
9. Фасмер М. Этимологический словарь русского языка. Перевод с немецкого и допелнения О.Н Трубачева. Т1, М.: «Астрель», 1986.-588 с.
10. Фасмер М. Этимологический словарь русского языка. Перевод с немецкого и допелнения О.Н Трубачева. Т2, М.: «Астрель», 1986.-671 с.
11. Фасмер М. Этимологический словарь русского языка. Перевод с немецкого и допелнения О.Н Трубачева. Т3, М.: «Астрель», 1987.-830 с.
12. Фасмер М. Этимологический словарь русского языка. Перевод с немецкого и допелнения О.Н Трубачева. Т4, М.: «Астрель», 1987.-860 с.
13. Цаболов Р.Л. Этимологический словарь курдского языка. М.: «Восточная литература», 2001.-689 с.
14. Цыганенко Г.Р. Этимологический словарь русского языка. Киев, «Радянська школа», 1970.-511 с.
.لیلا عسکری. واژه های دخیل فارسی در روسی. نامۀ فرهنگستان. تهران ، 1385.-24 ص.15
 
Одинаева Ш. – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ
Яндекс.Метрика