КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ - АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ " КОНСТИТУТСИЯ - КАФИЛИ ТАЪМИНИ ОЗОДИИ ВИҶДОН ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ " ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ

Имрӯз, 1- уми ноябри соли 2023 бо ташаббуси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар якҷоягӣ бо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ - амалӣ дар мавзӯи " Конститутсия - кафили таъмини озодии виҷдон ва Ваҳдати миллӣ" дар шаҳри Хоруғ баргузор гардид.

Дар конференсияи мазкур муовини якуми Раиси ВМКБ - Сафарзода Шарифхон Нураҳмад, мудири Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ - Вализода Одинашо, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ - Холиқзода Абдураҳим Ғаффор, Олимзода Фарухулло - муовини Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҶТ , намояндаи Прокуратураи ВМКБ, Комилбек Амид Ёрбек ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ, котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ - Маҳрамбеков Маҳрамбек ва Шосаидзода Шаҳбоз - ёвари директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.

Нахуст, муовини якуми Раиси ВМКБ - Сафарзода Шарифхон Нураҳмад ташрифи меҳмононро ба шаҳри Хоруғ хайра мақдам гуфта, сипас, мудири Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ - Вализода Одинашо роҷеъ ба баргузории конференсия ва аҳамияти Конститутсия ибрози андеша намуд.

Дар навбати худ директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ - Холиқзода Абдураҳим Ғаффор, дар мавзӯи " Конститутсия - кафили таъмини озодӣ ва ваҳдати миллӣ" маърӯза намуд.

Профессор, Холиқзода Абдураҳим зимни суханронӣ иброз доштанд, ки Конститутсия ин роҳнамои имрӯзу фардои халқи тоҷик буда, бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва райдиҳи умумихалқӣ қабул шудааст. Имрӯз яко яки мо вазифадорем баҳри дар амал татбиқ намудани меъёрҳои ин санади сарнавиштсози миллат саҳмгузор бошем.

Ҳамчунин, дигар иштирокчиёни конференсия ва меҳмонон низ фикру мулоҳизаҳои хешро дар бораи Конститутсия ва ваҳдати миллӣ баён доштанд.

 

Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика