КОНФЕРЕНСИЯИ ХVII ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВМКБ

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ Конференсияи ХVII ҳисоботӣ-интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ВМКБ баргузор гардид.
Дар кори Конфренсия муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худоберӣ, раиси КИ ҲХДТ дар ВМКБ Зунайда Раҷабова, муовинони раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, раисони КИ ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, вакилони конференсия, намояндагони ВАО ва нашрияҳои ҳизбиву давлатӣ иштирок намуданд.
Тибқи рӯзнома, дар конференсияи масъалаҳои ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ оид ба фаъолияти ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар давоми аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июни соли 2022, ҳисоботи комиссияи тафтишотии КИ ҲХДТ дар ВМКБ оид ба фаъолияти молиявии кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ, интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ВМКБ, интихоби аъзои Комиcсияи тафтишотии КИ ҲХДТ дар ВМКБ баррасӣ гардиданд.
Оид ба масъалаи якуми рӯзномаи Конфренсия ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ Зунайда Раҷабова ироа гардида, зикр шуд, ки давраи ҳисоботӣ барои кумитаҳои ҳизбиамон солҳои фаъолияти пурсамар ҷиҳати густариши мавқеи ҳизб дар маҳаллаҳо, афзоиши сафи он, таҳкими интизоми ҳизбӣ, андӯхтани малакаву маҳорати корҳои ҳизбӣ, умуман давраи пешравию камолот арзёбӣ гардид.
Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ВМКБ баҳри амалан татбиқ намудани ҳадафҳои оинномавию барномавии ҳизб, тибқи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти шаҳрвандон, баргузории чорабиниҳои сиёсӣ-фарҳангӣ, тақвияти нуфузи ҳизб, густариши равандҳои демократӣ дар ҷомеа, вусъат бахшидани ғояву арзишҳои миллии ҷомеаи шаҳрвандӣ байни ҳамаи табақаҳои аҳолии мамлакат, ташкили шароити созанда барои амалӣ намудани фаъолияти кумитаҳои шаҳру ноҳиявӣ як зумра корҳои мушаххасро анҷом дод.
Дар музокира Назарзода Ризо Шодӣ - вакил аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ваҳдат”, раиси шаҳри Хоруғ ва Абдураҳмонова Подшохоним - вакил аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Касбомӯз” фаъолияти кори КИ ҲХДТ дар ВМКБ-ро қанотбахш арзёбӣ намуданд.
Тибқи масъалаи дуюми рӯзномаи Конфренсия ҳисоботи раиси комиссияи тафтишотии КИ ҲХДТ дар ВМКБ Қозидавлатзода Зайнулараб оид ба фаъолияти молиявии кумитаҳои ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд.
Сипас, аъзои КИМ ҲХДТ, раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ суханронӣ намуда, оид ба фаъолияти ҳизб андешаронӣ намуд. Иброз шуд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар ВМКБ ба минтақаи рушдёбанда табдил ёфта, имруз бомаром рушд мекунад. Бо дастгирии аҳли заҳмат ва фаъолони ҳизб дар татбиқи нақшаҳои созанда ба пешвози 35-солагии Истиқлоли давлатии мамлакат дар рушди ВМКБ саҳми муносиб мегузорем ва насли наврасро дар руҳияи созандагию пешрафт тарбия менамоем. Фаъолони ҳизб дар вилоят бо малакаву дониши баланд ва соҳибмаърифатии комил намунаи ибрат мебошанд. Самаранок ва сифатнок амалӣ намудани ҳидоятҳои Роҳбарияти олии ҳизб, татбиқи хадафхои барномавии ҳизб зери широи «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум», ҷоннок намудани корҳои ободонию созандагӣ, тақвият бахшидани чорабиниҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, ба роҳ мондани қабули сифатнок ба узвияти ҲХДТ, ҳаракати аъзо, обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, сари вақт супоридани ҳаққи узвият, ҷоннок намудани фаъолияти ҳизбиён дар мавриди муқовимат алайҳи ҳуҷумҳои идеологӣ, гиромӣ доштани марзу бум, омода будан дар дифои Ватан, саҳмгузории аъзои ҳизб дар маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, риоя ва амали намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ», муборизаи беамон бар зидди зуҳуроти бегона, пос доштани забони модарӣ, иштироки фаъолона дар озмунҳои «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст», мутоилаи китоби безаволи «Тоҷикон»-и академик Бобочон Ѓафуров ва китобҳои Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро бо мисолҳои мушаххас ҷалб намуданд.
Оид ба масъалаҳои дигари рӯзномаи Конфренсия - интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ВМКБ дар ҳайати 47 нафар ва аъзои Комиссияи тафтишотии молиявии КИ ҲХДТ дар ВМКБ дар ҳайати 5 нафар аз нав сурат гирифт.
Хайринисо Юсуфӣ - муовини Раиси ҲХДТ дар баромади худ зикр намуд, ки конференсия дар давраоне мегузарад, ки кишвари маҳбуби мо Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд, яъне бунёди давлатдории миллӣ ворид мегардад. Баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва роҳи бисёрҳизбиро пеш гирифтани Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби Халқии Деморкартии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси Оиннома ва Барномаи мушаххас ва фарогир аз манфиатҳои миллию давлатӣ ба таври самаранок созмон дода шуд. То имрӯз фаъолияти ҲХДТ собит месозад, ки мақоми он дар роҳи амалӣ гардидани сиёсати давлатӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ хеле назаррас ва барҷаста аст. Дар давраи ҳисоботӣ Кумитаи иҷроия ва кумитаҳои шаҳру ноҳиявии ҳизбии ҳудуди вилоят дар маъракаҳои муҳимми сиёсии кишвар, аз ҷумла интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ, интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, дар ҷараёни баргузории он мавқеи сиёсии худро дар ҷомеа муайян намуданд.
Сипас, аз ҷониби муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ Маҷлиси Кумитаи иҷроия аз рўйи ду масъала -интихоби ҳайати нави аъзои Раёсат бо теъдоди 13 нафар ва интихоби раиси Кумити иҷроияи ҲХДТ дар вилоят сурат гирифт.
Номбурда дар мавриди интихоби Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят суханронӣ намуда, зикр кард, ки дар мувофиқа бо Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номзадии Раҷабова Зунайда Абунасровна дубора ба ҳайси Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ пешбарӣ мегардад. Бо овоздиҳии умумӣ ва якдилона номзади пешбаригардида интихоб шуд.
Дар интиҳо фаъолон бо Ифтихорномаи Раиси муаззами ҲХДТ, Сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва КИ ҲХДТ дар ВМКБ сарфароз гардиданд.
Манбаъ: сомонаи ҲХДТ

Яндекс.Метрика