КОНСТИТУТСИЯ – ОМИЛИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА ВА ДАВЛАТ

     Баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо тариқи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи аввалини Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул карда шуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дебоча, 10 боб ва 100 модда иборат аст. Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1994 то имрӯз се маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуд (26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016).
 
  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори панҷгонаи конститутсияҳои беҳтарин кишварҳои ҷаҳон шинохта шудааст. Ҳангоми қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конститутсияҳои беҳтарин кишварҳои ҷаҳон мавриди омӯзишу тадқиқ қарор дода шуданд ва дар асоси онҳо Конститсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мутобиқат ба ҷомеаи демократӣ қабул карда шуд.
 
    Конститутсия – ҳуҷҷати тақдирсози миллат, шоҳсутуни давлати соҳибистиқлол, шиносномаи ҳастии давлат ва бахтномаи миллат аст. Конститутсия қонуни асосии давлат буда, муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба танзим медарорад. Конститутсия сарчашмаи асосии дигар қонунҳо ба ҳисоб рафта, дорои қувваи баланди ҳуқуқӣ мебошад. 
 
   Конститутсия – санади меъёрии ҳуқуқии олӣ мебошад. Мувофиқи моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми 2-и моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба қувваи олии ҳуқуқиаш дар ҷойи якум қарор дорад.
 
   Ин бахтномаи миллат тавонист ҳуқуқи поймолгаштаи миллати тоҷикро барқарор созад ва ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар мадди аввал қарор диҳад. Аз 100 моддаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 моддаи он ба ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст. Меҳвари асосии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.
 
  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз соҳибихтиёр будани миллати тоҷик гувоҳӣ медиҳад. Дар асоси Конститутсия халқи Тоҷикистон худро ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ шуморида, роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтааст. Ин ҳуҷҷати муҳим самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлату ҳукуматро муайян намудааст.
 
    Конститутсия пеш аз ҳама ҳуҷҷати муҳими стратегияе ба ҳисоб меравад, ки дар он дурнамои рушди миллӣ таҷассуми худро ёфтааст. Конститутсия дар қатори суруди миллӣ, парчам ва нишони давлатӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ шинохта шудааст.
 
  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро Конститутсияи халқӣ низ мегӯянд, зеро ки нахустин ҳуҷҷати ҳуқуқиест, ки на аз номи халқ, балки аз ҷониби худи халқ қабул карда шудааст. Маҳз, тавассути ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз орзуву омоли деринаи халқи тоҷик амалӣ гаштааст.
 
  Конститутсия пеш аз ҳама дар баробари вазифаҳои сиёсӣ, мафкуравӣ, ҳуқуқӣ ва дигар вазифаҳояш, вазифаи муқаддастарини худ, яъне муттаҳидсозии халқу миллати сарбаланди тоҷикро ҳадафи асосии худ қарор додааст.
 
   Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои низоми сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ ва мафкуравӣ мустаҳкам карда шудааст. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои сохтори конститутсионии ҷомеа ва давлат, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, усулҳои ташкили ҳокимияти давлатӣ, сохти давлатӣ ва маъмурию ҳудудӣ, қонунҳо ва шартномаҳои байналмилалӣ, сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат мустаҳкам гаштаанд.
 
  Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоскунандаи пешрафти ҷомеа ва давлат, сулҳу суббот, сатҳи арзандаи зиндагӣ ва якпорчагии халқу миллати тоҷик ба ҳисоб меравад.
 
Шоев Фируз Маҳмадаминович – и.в. сардори шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Яндекс.Метрика