Бо шукрона аз Ватани обод ва сарвари хирадманди миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик тавонист, ки бори дигар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ фарҳанги пурғановати давлатдорӣ ва сабру таҳаммули тоҷиконаи худро дар давраи бесарусомонии руйдода, ки ҷанги шаҳрванди буд, исбот созад. Таҷрибаи аввалини давлатдорӣ дар таҳкими сулҳ бо кӯшишу заҳматҳои шабонарӯзӣ имкон дод, ки миллати тоҷик дубора ба ваҳдат бирасад.
Воқеан, агар мо аз дидгоҳи имрӯз ба рӯйдоду ҳодисоти рӯзҳои аввали истиқлолияти Ватанамон назар афканем, мебинем, ки маҳз иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикстон сароғози таърихи навини мо ба шумор меравад.Чунки он ба марҳалаи таҳкими истиқлолияти миллӣ ва барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пояҳои давлату давлатдорӣ, ҳамдигарфаҳмиву ҳамдигарбахшӣ ва оштиву сарҷамъии миллат заминаи мустаҳкам гузошт.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - санади муҳими ҳуқуқӣ ва сиёсӣ мебошад, ки қувваи олии ҳуқуқӣ дорад. Он асоси ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа буда, давраи муносибатҳои ҷамъиятиро ба танзим медарорад. Конститутсия чун асоси тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа ягонагии сиёсӣ ва вазифаҳои давлатро муаян менамояд. Аз ин рӯ, онро метавон ҳамчун рамзи давлатдорӣ эътироф намуд.
Бо қабули Конститутсия дар соли 1994 Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти соли 1991 бадастовардаи худро таҳким бахшид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст, ифодгари иродаи халқ буда, эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд.
Маҳз дар он заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии инкишоф муайян гаштаанд. Конститутсия принсипҳои роҳбарикунандаро муқаррар мекунад, ки мутобиқи онҳо сохтори давлатӣ муайян шуда, вазифаҳои дар назди давлат гузошта шуда амалӣ карда мешаванд. Он масъалаҳои ташкил ва фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, ҳалли ҷараёнҳои мухолифатпазири ҷомеа ва таҳкими асосҳои тартиботи ҷамъиятиро ба танзим медарорд.
Дар ин самт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудааст, ки “Рӯзи 6 ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқуъ пайваст. Халқи тоҷик Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард. Иштироки фаъолонаи шаҳрвандони тамоми ҷумҳурӣ дар ин маъракаҳои муҳими сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург ва пирузии демократия дар Тоҷикистон мебошад”.
Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтирому риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амният ва суботи устувори чомеа, фароҳамовардани шароити мусоид барои зиндагии арзанда ва инкишофи озодона ҳар к шахсро тақозо менамояд.
Ҳамаи ин арзишҳои олӣ, ки дар конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эътироф шудаанд, меҳвари фаъолияти тамоми мақомоти давлатиро ташкил мекунанд ва дар тамоми ин муддат аз ҷониби мақомоти давлатии кишвар баҳри татбиқи ин арзишҳо пайваста корҳои зарурӣ ба сомон расонида мешавад.
Шаклҳои гуногуни моликият, сохтор, салоҳият ҳамоҳангсозии мақомоти давлат, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, ки дар Конститутсия дарҷ гардидаанд, пояи ҳуқуқ ва асоси ташакул ва инкишофи қонунгузории ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Ҳамаи Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд ба Конститутсия мутобиқ бошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми ҷузъиёти беҳтарини афкори демократиро ба инобат гирифта, ба инкишофи демократия, махсусан дар соҳаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд такони ҷидди бахшидааст. Ба ин хотир Конститутсия заминаи ба ҳам наздикшавии низоми ҳуқуқии давлатҳои гуногун аст.
Конститутсияи Тоҷикистон барои наздикшавии минбаъдаи низоми ҳуқуқии давлатҳо ва истифодаи анъанаҳои мусбии ҷаҳони мутамаддини имкониятҳои зиёд пешбинӣ мекунад. Ҳамаи арзишҳои дар Конститутсия инъикос ёфта, ифодакунандаи моҳият, шакл ва вазифаҳои давлат мебошад.
Аз ҳамин сабаб барои ноил гардидан ба баланд шудани аҳамияти Конститутсия зарур аст, ки эътироф ва риояи меъёрҳои он ба қоидаҳои ахлоқии ҳар як фард табдил ёбад.
АБДУЛЛОҲИ ҚОДИРӢ - САРДОРИ ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА ТАШХИСИ ДИНШИНОСӢ