Китоби “Мабсут”, ки маъруф ба “Асл” аст аз назари ҳаҷм бузургтарин китоби Муҳаммад ба ҳисоб меравад. Имом Муҳаммад дар он масъалаҳоеро, ки Абӯҳанифа (р) дар онҳо фатво додааст, гирд овардааст. Инчунин дар он ихтилофоти Абӯюсуф ва Муҳаммад бо устодашон низ оварда шудааст. Аммо ҷое, ки ихтилоф зикр нашудааст, фаҳмида мешавад, ки дар он иттифоқ аст. Ӯ ҳамаи китобҳоро бо ҳадисҳое, ки назди онҳо саҳиҳ буд, оғоз карда, сипас масъалаҳо ва ҷавобҳояшонро зикр мекунад. Агар хилофи Ибни Абӯлайло бошад, онро ҳам баён медорад.Бинобар ин, китоб намунаи дурусте барои фиқҳи ироқӣ ва осори он аст. Лекин аз баёни иллатҳои фиқҳӣ дар умум холист.
Ин китобро аз Муҳаммад шогирдаш Аҳмад ибни Ҳафс ривоят кардааст. Дар ин бора Ибни Обидин мегӯяд: “Аз Муҳаммад нусхаҳои ривоятшудаи “Мабсут” хеле зиёд буда, машҳуртарини онҳо нусхаи Абусулаймони Ҷузҷонӣ мебошад. “Мабсут”-ро ҷамоае аз мутаахирин шарҳ додаанд. Монанди Шайх ал-ислом Бакр маъруф ба Хоҳарзода, ки шарҳи ӯро Шайх ал кабир” меноманд ва Шайх ал-аимма Ҳалвонӣ ва дигарон. Дар ҳақиқат китобҳои онҳо шарҳҳое ҳастанд, ки омехта бо “Мабсути Муҳаммад” зикр гардидаанд. Чуноне, ки шориҳони “Ҷомиъ ас-сағир” кардаанд, мисли Фахр ал- ислом Қозихон ва дигарон. Мегуянд,ки ин матлабро Қозихон дар “Ҷомиъ ас-сағир” ва инчунин дар ғайри он баён кардааст (Хулосаи он чи аз “Шарҳи Биррӣ” бар “Ашбоҳ” ва “Шарҳи шайх Исмоили Ноблусӣ” бар “Шарҳи Дур” поён ёфт
Аз ибораи Ибни Обидин маълум мешавад, ки байни нусхаҳои “Мабсут” нусхаи Абусулаймони Ҷузҷонӣ маъруфтар будааст. Номи Абусулаймони Мусо ибни Сулаймон буда, фиқҳро аз Муҳаммад фаро гирифтааст. Маъмун халифаи аббосӣ мақоми қозигиро барои ӯ пешниҳод карда буд, вале ӯ аз қабули он худдори кард. Абусулаймон соли 200-уми ҳиҷрӣ вафот кардааст. Бинобар ин баъд аз Аҳмад ибни Ҳафс, Абусулаймон дуюмин ровии “Асл”-и Муҳаммад ибни Ҳасан мебошад.Мушоҳида мешавад, ки ривоятҳо аз Муҳаммад ва нусхаҳои манқул аз ӯ мутаадид аст, чуноне, ки Ибни Обидин нақл кардааст. Ҳамчунин баъзе ровиҳо ривоятҳои саҳиҳи Имом Муҳаммадро дар “Мабсут” илова кардаанд. Дар ҳақиқат Ҳоким дар зимни ихтисори китоби Абӯюсуф “Ихтилоф Абўҳанифа ва Ибни Абӯлайло”, “Мабсут”-ро низ ихтисор намудааст. Сарахсӣ дар ин бора, дар “Мабсут”-и худ овардааст: “Абӯюсуф хост, то масъалаҳоеро, ки дар онҳо миёни ҳар ду устодаш Абӯҳанифа (р) ва Ибни Абӯлайло ихтилоф вуҷуд дорад, ҷамъ намояд. Вай амалан ин масоилро ҷамъ кард ва сипас Муҳаммад аз ӯ ин масоилро ривоят кард. Аммо масоилеро, ки аз дигарон шунида буд, бар он афзуд. Бинобар ин, метавон гуфт, ки таснифи китоб аз Абӯюсуф ва таълифаш аз Муҳаммад будааст ва ба ин далил Ҳоким онро дар ин мухтасар зикр кардааст”.
Бо вуҷуди он, ки асари ихтилоф дар нусхаҳои “Мабсут” аз ҳайси шомил будан ё набуданашон бар он мавҷуд аст, ҳеҷ таъне бар яке аз ин ду нусха ворид нест. Зеро аз ҷиҳати дурустии нисбаташон ба Абӯҳанифа (р) ва шогирдаш ва Қозии Куфа Ибни Абӯлайло (р) ҳеҷ шакку тардиде нест. Пас, ин ривоят бар кадом ҳоле, ки набошад саҳиҳу собит аст.
Мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъҳазҳои исломӣ Исоев Н.