Китоби “ар - Рад ало сияр ал-Авзоъӣ” сарчашмаест, ки Абӯюсуф дар қоидаву қонунҳои ҷангу сулҳ, амонхоҳӣ, аслоб (аспу афзолу анҷоми он ва аслиҳае, ки ғанимат гирифта шудааст) ғаноим ва ғайра, ки Авзоъӣ хилофи қавли Абӯҳанифа (р) назар дода, рад мекунад. Дар воқеъ, ин ёрӣ додани устодаш дар баробари Авзоъӣ дар масъалаҳои зикршуда ва масъалаҳои назари он мебошад. Дар ин китоб намунаи қавии далелҳои Абӯҳанифа (р), роҳҳои истинбот ва равиши истидлоли ӯ ва ҳамчунин дараҷаи қавии таақули фиқҳии Абӯҳанифа (р), нишон дода шудааст.
Илова бар ин, қиёс, тафсири комилу расои нусус ва баёни ангезаву иллати онҳо бидуни иктифо ба зоҳири иборот аз сӯи Абӯҳанифа (р), мушоҳада мешавад.
Ҳамчунин, бояд тазаккур дод, ки Китоби “ар- Рад ало сияр ал-Авзоъӣ” намунаҳои зиёде аз ихтилофи фуқаҳои Мадина ва фуқаҳои Ироқро дар худ ҷой додааст, ки ихтилофи манҳаҷи онҳо дар китобҳои фиқҳӣ дида мешавад.
Бояд қайд намуд, ки ин китоб, аз Имом Абӯюсуф буда, оиди масъалаҳои хилофи байни Авзоъӣ ва Абӯҳанифа (р).мебошад. Дар он таъбири зебо, возеҳ, хуб, диққат дар қиёс, фикри қавӣ ва дар паҳлӯи он далилҳои фиқҳие, ки дар фикронии он Абӯҳанифа (р), таваҷҷӯҳ кардааст, пайдо карда мешавад, агарчи лафзи он таъбири Имом набошад. Ҳамаи он китобҳое, ки фиқҳи Абӯҳанифаро ҳикоят кардаанд агар мисли ин китобҳои Абӯюсуф мебуд, дар ҳақиқат намои Абӯҳанифа (р) возеҳу ошкор ва шахсияти фиқҳии ӯ бо баёни комил матраҳ мешуд. Лекин ҳамаи он китобҳое, ки мазҳаби ӯро ривоят кардаанд, мисли ин китоб нестанд.
Мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъҳазҳои исломӣ Исоев Н.