Маҷмӯаи ривоятҳоеро, ки ин китоб дарбар гирифтааст, Муҳаммад аз Абӯюсуф ривоят кардааст. Аз ин ҷиҳат ҳар бобе аз бобҳои он бо ин ибора оғоз шудааст: “Муҳаммад аз Яъқуб аз Абӯҳанифа (р)”. Баъзе олимон ривоят кардаанд, ки дар миёни китобҳои Имом Муҳаммад китобе ҷуз ин дида намешавад, ки танҳо аз Абӯюсуф ривоят карда бошад. Дар “Маноқиб”-и Ибни Баззозӣ омадааст: “Аз Муҳаммад пурсиданд: “Оё ин китобро аз Абӯюсуф шунидаӣ? ” Дар ҷавоб гуфт: “Ба Худо савганд аз ӯ инро нашунидаам ва ӯ донотарини мардум бар ин китоб аст. Аз ӯ фақат китоби “ал- Ҷомиъ ас-сағир”-ро шунидаам”. Лекин ба назар мерасад, ки саҳиҳтараш он аст, ки ҳамаи китобҳои Муҳаммад ки бо “Сағир” васф ёфтаанд, аз Абӯюсуф ривоят шудаанд.
Воқеан, ин китобро аз Муҳаммад, Исо ибни Абон ва Муҳаммад ибни Самоъа ривоят кардаанд. Аз ин ҷо аён мегардад, ки маълумоти китобро агарчи Муҳаммад ҷамъоварӣ карда бошад ҳам, он ба бобҳо тартиб наёфта буд. Аз ҳамин ҷиҳат дар муқаддимаи нусхае, ки дар ҳошияи китоби “ал-Хароҷ”-и Абӯюсуф, ки дар Миср ба чоп расидааст, омадааст: “Муҳаммад ибни Ҳасан (р) аз худ китоберо дар фиқҳ бо номи “ал- Ҷомиъ ас-сағир” гузоштааст ва дар он аз китобҳои фиқҳ чиҳил китобро ҷамъ овардааст. Ин китобҳоро тавре, ки китоби “Мабсут”- ро бо бобҳо ҷудо карда буд, бо бобҳо ҷудо накардааст. Он гоҳ имом Абӯтоҳири Даббос китоби мазкурро бо бобҳо ҷудо карда тартиб дод, то бар хонанда осон гардад. Сипас фақиҳ Ибни Абдуллоҳ ибни Маҳмуд шогирди ӯ дар Бағдод ин китобро аз Даббос навишт ва онро соли 322 - ҳиҷрӣ дар ҳузури вай хонд.
Аз ҳамаи ин гуфтаҳо бар меояд, ки китоби “Ал - Ҷомеъ ас - сағир ” аз ҷамъовариҳои Имом Муҳаммад буда, онро аз устоди худ Абӯюсуф ривоят карда, масоили онро ҷамъ намуда, вале тартиб надодааст. Ба таъбири Сарахсӣ ин китоб на аз таълифоти Абӯюсуф, балки аз таснифоташ будааст. Зикр карда шуд, Абӯтоҳири Даббос “Ҷомеъ”-ро тартиб дода, ба бобҳо ҷудо кардааст. Аммо дар китоби “Фавоиди Баҳия” дар тарҷумаи Ҳасан ибни Аҳмади Заъфаронӣ омадааст: “Ҳасан ибни Аҳмад Заъфаронӣ имоми сиққа буда, “ал- Ҷомиъ ас- сағир”-и Муҳаммадро тартиби хубе додааст. Хусусиятҳои масоили Муҳаммадро ки аз Абӯюсуф ривоят шуда, баён ва онро ба бобҳо ҷудо кардааст. Пеш аз ин, китоби мазкур ба бобҳо ҷудо карда нашуда набуд. Маълум мешавад, нусхае ба чоп расида ва муқаддимаи онро нақл кардем, ба тартиби Даббос будааст” . Ҷомеъус - сағирро ба тартиби Заъфаронӣ, Мутаҳҳар ибни Ҳусайни Бардӣ дар ду ҷилд бо номи “Таҳзиб” шарҳ додааст. Алӣ Абулқосими Баздавӣ низ онро шарҳ додааст.
Мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъҳазҳои исломӣ Исоев Н.