ИҶЛОСИЯИ 16-УМ - САРОҒОЗИ СОЗАНДАГӢ ВА БУНЁДКОРӢ (БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН)

Дар ҳар давру замон ва дар ҳама қавму нажод ҳастанд нафароне, ки дар бунёд ва пешрафти ҷомеаи башарӣ нақши боризи худро гузоштаанд. Имрӯз, ки дар арафаи ҷашни бошукӯҳи миллӣ 31-солагии Иҷлосияи 16-ум ва Рӯзи Президент қарор дорем, чанд нуктае атрофи нақши Пешвои миллат дар бунёди давлати миллӣ ва замина гузоштани Иҷлосияи тақдрисози 16-ум зикр хоҳем кард. Маҳз баргузории Иҷлосияи мазкур ва дар кори он интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боис пешгирии азбайнравии давлати тоҷикон ва ҳалли масъалаҳои сиёсию ҷамъиятӣ гашт. 
 
Чун ба ҳамагон маълум аст, 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ баргузор гардида, ба муноқишаю кашмакашиҳои дохилӣ хотима гузошт. Маҳз Иҷлосияи мазкур сабаб шуд, ки гурӯҳҳои мухолиф ва ходимони давлатӣ сари мизи музокирот нишинанд. Кӯшишу талошҳои Пешвои миллат дар баргузор намудани ин Иҷлосия ва даъвати вакилони мардумӣ натиҷаи пурсамар ба бор овард. 
 
Аз аввалин масъалаҳои матраҳгардида дар Иҷлосияи мазкур ин буд, ки мардуми гуреза ба ватан баргардонида шуданд. Пешвои сулҳофару сулҳпарвари мо тавонист халқи парокандаро аз нав муттаҳид созад. Маҳз ин Иҷлосия буд, ки дар Тоҷикистон сулҳу субот ва фазои ором пойдор гардид. Унвон гирифтани ин Иҷлосия ба исми “Иҷлосияи 16-ум - сароғози сулҳу субот” низ ба ҳамин хотир аст. Таъмини амният ва фазои сулҳу субот дар тамоми маохизу дасотир аз ганҷинаҳо ва неъматҳо таъкид гардидааст, зеро бе амну тинҷӣ ҳаёти осоиштаро ба дастовардан ғайри имкон аст. 
Агар ба таърихи муосири Тоҷикистон назар кунем, бешак хизматҳо ва талошҳои Пешвои миллат пеши назар меояд, зеро давоми зиёда аз 30 сол ин марди таърих тавонист Тоҷикистонро ба як давлати тараққикарда ва амну осоишта муаррифӣ кунад. Ҳар кадом саҳфаи таъирихи соҳибистиқлолии Тоҷикистонро варақгардон кунем, бунёдкориҳо ва созандагиҳои Пешвои инсонмеҳвар аён мегардад. Хизматҳои ин марди оқилу хирадманд аз бунёднамудану эҳёкардан то арҷгузоштану таҳкимбахшидан ҳамагӣ ба намунаи инсони комил ва қадршинос шабоҳат доранд. 
 
Аз хондаҳо ва дидаҳои худ ин ҷо мехоҳам чанд сифати инсонмеҳварӣ ва созандагии Пешвои муаззами миллатро зикр намоям. Ҳар гоҳ ки мо номи Пешворо ба забон меорем, дар ҳол сифатҳои шахсӣ ва бунёдкориҳои ӯ пеши назар меоянд, аз ҷумла, ӯ: бунёдгузори давлати миллӣ, нақшгузори санадҳои ҳуқуқии дохилию байналмилалӣ, арҷгузори таъриху тамаддуни башарӣ, эҳёкунандаи арзишҳои миллию динӣ, посдорандаи мероси ниёгон, иштирокдори созмонҳои байналмилалӣ, муаррифгари фарҳанги миллӣ, сулҳпарвар, ваҳдатофар, ятимпарвар, адолатпеша ва соҳибмақом кардани зан дар ҷомеа мебошад, ки ин ҳама хизмату созандагиҳои ӯ дар таърихи башар дар авроқи заррин сабт хоҳад шуд. Ин ҳама сифату усулҳои роҳбарии ӯро дар як мақола зикр кардан ғайри имкон аст. Исботи ин ҳама шоҳкориҳо ва бунёдкориҳои Пешвои миллатро дар порчае аз шоири халқӣ Саломуддини Раҳимӣ мебинем.
  
Дар танури зиндагӣ ӯ ақли худ бигдохта,
То шавад сад мушкил осон роҳи оҳан сохта.
Нақби “Истиқлол” монад з-ӯ нишони ҷовидон,
То даме, ки ҳаст дунё номи ӯ вирди забон.
Ҳамрадифи нақби “Шар-шар” нест дигар дар ҷаҳон,
Гар надорӣ боварӣ якбор рав бигзар аз он.
Хизмати шоистае бар халқу миллат кард ӯ,
Мардумашро соҳиби бахту саодат кард ӯ.
 
Рӯи коғаз овардани ин мавод аз аввалин гомҳои шогирдонаи ман дар роҳи омӯзиш ва таҳқиқ аст, ки аз камбудӣ холӣ нест. 
 
Аз фурсат истифода намуда, тамоми мардуми шарифи кишварро бо ин рӯзи фархунда муборакбод гуфта, барояшон созандагии ҳамешагӣ ва фазои ободу ороми ватанро таманно дорам. Бигзор ҳар рӯзи мардуми тоҷик ид бошад, фархунда бошад, хуҷаста бошад, пур аз нишоту сурур бошад.
 
Фотимаи Шерафкан – мутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ 
 
 
 
 
 
 
 
Яндекс.Метрика