Инак соли панҷум аст, ки дар кишвари азизамон Тоҷикистон ҳамасола як зумра фестивалу намоиш, иду озмунҳои анъанаву ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор мегардад, ки сол то сол таваҷҷуҳи меҳмонони хориҷӣ ва сокинони кишварро ба худ ҷалб менамояд. Ин чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ бо иштироки теъдоди зиёди меҳмонони хориҷӣ ва сокинони кишвар, мутобиқ ба фаслҳои сол дар давоми сол баргузор мегарданд.
Ба ҳамин тартиб, рўзҳои шанбе ва якшанбеи охири моҳи январ дар саросари кишвар Иди Сада ва баргузории намоиши ниҳолҳо ва тухми зироатҳои кишоварзӣ бо мусоидати Вазорату кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва идораҳои марбута доир мегардад.
Дар идомаи он як зумра фестивалҳо аз ҷумла Фестивали байналмиллалии «Наврўз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ», Фестивалӣ таъомҳои миллӣ, Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ зери унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад», Фестивали «Сайри гули лола», «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасон», «Сад ранги чакан», «Навои шашмақом», фестивал озмуни театрҳои касбии «Парасту», фестивали намоиши атласу адрас, фестивали «Оши палов», намоиши меваҷоти гуногун, асал, каду, шолӣ, картошка, биринҷ, намоиши чорвои зотӣ, Ҷашни «Тиргон», фестивал озмуни «Андалеб», фестивали ансанблҳои оилавии «Тараннуми Истиқлол», намоиши «Китоби сол» ва «Китоби Душанбе», Таҷлили Иди Меҳргон, озмунҳои кадбонуи беҳтарин, озмуни «Ҳунар омўз», озмуни қаннодӣ ва ҳавлопазӣ, озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ ва озмуни дастархонороӣ сурат мегирад.
Яке аз озмунҳое, ки тайи чанд соли охир дар байни мардум маҳбуб гардидааст, озмуни дастархонороӣ мебошад, ки тибқи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-1256аз августи соли 2019 ва №АП-1332 аз 27 январи соли 2020, таҳия гардидааст. Масъули баргузории ин озмун Кумитаҳои танзими анъана ва ҷашну маросим, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, бехатарии озўқаворӣ, Иттифоқи «Тоҷикматлубот», мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мебошад, Озмуни мазкур дар се марҳала, дар сатҳи шаҳру ноҳия ва вилоят доир гардида, ғолибон дар сатҳи ҷумҳури роҳхат мегиранд.
Қисми ҷамъбастии озмун дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе аз ҷониби ҳайати ҳакамон баҳогўзорӣ ва ғолибон муайян мегардад.Мақсад аз баргузории озмуни дастархонороӣ эҳёи анъанаҳои миллӣ, суннату фарҳангӣ мардумӣ буда, идомаи мантиқии амалигардии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар самти боло бурдани фарҳанги сарфаю сариштакорӣ мебошад.
Ҳайати комиссияҳои озмунӣ бештар ба фарҳанги дастархонороӣ, мавҷудияти аломатҳои миллӣ дар он, ороиши тарҳ ва нақшу нигори миллӣ дар матои дастархон, интихоб ва ҷобаҷогузории зарфҳо дар дастархон, мавҷудияти аломатҳои миллӣ дар зарфҳо, сарфакорӣ дар ороиши дастархон, муаррифии дастархон бо забони давлатӣ ва либоси миллӣ, инчунин дигар хизматрасониҳо ба ҳар як дастархон таваҷҷуҳ мекунанд. Ҳадафи дигари ин озмун бояд аз он иборат бошад, ки мо тавонем ҳарчи бештар таъомҳои миллии худро, ки дар маҳалҳои дурдасти кишвар ҳастанд ва хатари нестшавӣ онҳоро таҳдид дорад, аз нав эҳё намуда, дар тарабхонаву ошхонаҳои шаҳру навоҳии кишвар ба онҳо умри дубора бахшем.
Дар ин раванд, ҷамъоварии номгўйи таъомҳои миллии дар сарҳади фаромушшавӣ қарор доштаро ба шакли китоби алоҳида чоп ва дастраси ҳаводорон гардонидан давоми мантиқии ин чорабинии сатҳи олӣ мебуд.
А.Мирзозода - корманди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон