Воқеан истиқлолият беҳтарин неъмат ва дастовард барои ҳар як давлату миллат аст. Маҳз аз истиқлолу озодӣ ва ваҳдату ягонагӣ давлату миллат ташаккул меёбанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ давлатдории нави миллиамон рушд ёфта, амну субот ва пешравию гулгулшукуфоии кишвари биҳиштосоямон таъмин гардида истодааст. Таъкидҳои пайвастаи Пешмои миллат барои ҳифозати ин неъмати бебаҳо мардуми шарифи кишварро ба сӯи худшиносию ватандӯстӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва чун гавҳараки чашм нигоҳ доштани ин дастоварди бузурги миллӣ роҳнамоӣ мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати кишвар барои таъмини сулҳу субот ва оромию озодии ҷомеаи тоҷик ва ҷиҳати ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба таърих ва мероси ниёгон ва инчунин, баҳри ба танзим даровардани фаъолияти ташкилотҳои динӣ як қатор қонунҳоро қабул намуд, ки дар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва ҳаёти динии ҷомеа бағоят муҳим арзёбӣ мегарданд. Аз ҷумла, қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ", ки ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандонро оид ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин ва муносибатҳои байни давлат ва иттиҳодияҳои диниро таъмин менамояд, аз муҳимтарин санади меъёри ҳуқуқии даврони истиқлолият ба шумор меравад. Дар сархати қоунуни мазкур ибораҳои "Бо эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод, дар асоси он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, бо арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо, бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон" ифода ёфтаанд, ки ҳуқуқи ҳар як шахсро ба таври ихтиёрӣ пайравӣ кардан ё накардан ба дин ва озод интихоб кардан ва ё тағйир додани эътиқоди диниро кафолат медиҳад.
Ҳамзамон, қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки ҷиҳати пешгирии хароҷоти зиёдатӣ, роҳ надодан ба зиёдаравӣ ва исрофкорӣ, баланд бардоштани ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мардуми кишвар, танзим намудани ҷашну маросимҳои миллӣ ва динӣ равона гардидааст, имконияти хуби молию пулиро барои гузаронидани ҷашну маросимҳо дар байни аҳолии кишвар фароҳам оварда, дар заминасозии ҳаёти динӣ-маънавии мардуми кишвар нақши бориз гузоштааст. Агарчӣ қонуни мазкур ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисод ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид намуданро танзим намояд, вале татбиқи амалии он нишон дод, ки дар ин росто баъзе камбудиҳо низ вуҷуд дорад. Аз ин лиҳоз, соли 2017 бо пешниҳоду хулосаҳои мардуми кишвар ва мақомоти дахлдори соҳа ба қонуни мазкур тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки боиси бартараф намудани камбудиҳои соҳа ва фароҳам овардани имконияти хуб барои баргузории ҷашну маросимҳо дар чаҳорчӯбаи муайян гардид. Вобаста ба тартиби муайян ва ба танзим даровардани ҷашну маросимҳо дар ҳар як мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ комиссияи доимии маҳаллӣ таъсис дода шуд. Таҳлилҳо дар соҳаи ба танзим даровардани ҳамагуна урфу одатҳои мардумӣ дар зарфи беш аз 10 сол нишон медиҳад, ки аксари анъанаҳое, ки хусусияти хурофотӣ доштанд, аз байн рафта, гузаронидани маъракаҳои азодорӣ тибқи талаботи шариат сурат гирифта истодаанд. Хулоса, қабули қонуни мазкур нишон медиҳад, ки воқеан баргузории маросимҳои миллӣ ва динӣ дар чаҳорчӯбаи муайян сурат гирифта, барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва ҳифзи арзишҳои миллию динӣ нақши муҳим бозидааст.
Тавре, ки худ шоҳидем, солҳои охир ҷараёнҳои ифротӣ фазои динии кишварро, ки моҳияти таблиғотӣ доранд, ноором карда, идеяҳои тундгароёна ва маҳвкунандаро дар ҷомеаи имрӯза паҳн карда истодаанд. Ин раванд боиси нигаронӣ ва таҳдидҳои ҷиддӣ гардида, амнияти миллии кишварро зери хатар мегузорад. Аз ин рӯ, зарурати қабули "Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин" ба миён омад, ки мақсади асосии қабули ин консепсия аз таъмини ҳуқуқи озодиҳои динии шарҳрвандон, рушди давлатдории миллӣ, эҳтиром ба тамоми дину мазҳабҳо ва густариши таҳаммулпазирӣ иборат буда, самтҳои афзалятноки сиёсати давлатиро дар соҳаи дин бо дар назардошти манфиатҳои миллӣ ба танзим медарорад. Танҳо баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мардуми кишвар тавонистанд озодона пайравӣ ба дин ва ин ё он мазҳаб кунанд. Чун фисади зиёда аҳолии мамлакатро пайравони дини ислом ва мазҳаби ҳанафӣ ва ками андар ками онҳоро пайравони мазҳаби исмоилия ташкил медиҳанд, таъмини ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба динро ҳамагӣ кафолат доранд. Қабули чунин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ боис гашт, ки дар ҷумҳурӣ фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, беш аз сеҳазор масҷидҳои ҷомеи марказӣ, панҷвақта, ду кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи исмоилӣ, як ҷамоатхона ба ҳайси иттиҳодяҳои динии исломӣ фаъолият намуда, як қатор сохторҳои давлатӣ, мақомотҳои машварию маслиҳатӣ барои ҳамоҳангсозии ҳаёти динии мардум, омӯзиш, таҳқиқ, таҳлил ва ташхиси маводҳои динӣ ва баррасии масъалаҳои диншиносӣ ва исломшиносӣ таъсис дода шаванд. Мақомоти салоҳиятдор, ба монанди Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии "Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" таъсис ёфтанд. Илова бар ин, соли 1997 Мадрасаи исломии ба номи Имом Тирмизӣ, соли 2007 Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи исломии Тоҷикистон расман таъсис ёфт. Ва аз соли 2009 ба муносибати соли бузургдошти пири мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам номи Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собитро касб кард. Донишкадаи мазкур фаъолияти худро дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи улуми шаръӣ, ҳадисшиносӣ, фиқҳи исломӣ, улуми қуръонӣ ва забону адабиёти араб ба роҳ монда буд. Ҳамзамон, баъд аз мақоми давлатӣ гирифтан як зумра ихтисосҳои замонавӣ низ дар Донишкада роҳандозӣ гардид. Донишҷӯён илова ба омӯзиши фанҳои ихтисосӣ технологияи муосир ва илмҳои заруриро меомӯзанд. Инчунин, 30 майи соли 2018 Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба бунёди иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам, ки дар як баст метавонад 1500 донишҷӯро фаро гирад, санги асос гузоштанд.
Ҳамчунин, бунёди иттиҳодяҳои динӣ, як қатор масҷидҳо, мадрасаҳо, инчунин бунёди масҷиди марказии шаҳри Душанбе барои 150 ҳазор нафар намозгузорон ифодагарӣ соҳибистиқлолии давлату миллат мебошад. Маврид ба зикр аст, ки бунёди масҷиди марказии ҷомеи шаҳри душанбе бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, дар майдони 12 гектар бо иборат аз биною мавзеъҳои намозгузорӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ташкил гардида истодааст. Иншооти мазкур аз 4 манораи баландиаш 75 метра ва гумбази 47 метра иборат хоҳад буд. Агар дар даврони Шӯравӣ дар ҷумҳурӣ 17 адад масҷиди ҷомеъ фаъолият мекард, дар даврони соҳибистиқлолӣ ба зиёда аз 3,5 ҳазор адад расидааст. Таъмир ва бунёди маконҳои муқаддас низ аз таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат шаҳодат дода, барои таъмини мафкураи динии мардум мусоидат менамояд.
Мақсад аз қабули қонунҳо дар соҳаи дин ва таъсиси сохторҳои болозикр аз ташаккули тафакури динии ҷомеа, пешгирии барангехтани кинаю адовати динӣ, падидаҳои номатлуби ифротгароӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳёи фарҳангу худшиносии миллӣ, бунёди давлати дунявӣ, таъмини амнияти миллӣ, мақом ва нақши муҳим доштани дин дар пешравии ҷомеа, таҳаммулпазирӣ, арҷ гузоштан ба мероси ниёгон ва анъанаҳои динию миллӣ иборат буда, дар таҳким бахшидани давлатдории миллӣ нақши калидӣ доранд.
Танҳо истиқлолияти давлатӣ имконият фароҳам овард, ки мавқеъ ва нақши дини ислом дар фарҳанги миллӣ ва ҷаҳони муосир, алоқамандии мероси исломӣ бо фарҳанги миллӣ, аҳамияти таърихӣ ва амалӣ доштани мазҳабҳои фиқҳӣ дар ҷомеаи исломӣ, нақши таърихӣ ва амалӣ доштани намояндагони дин дар ҷомеаи муосир муайян гардад. Агар зиёраткунандагони хонаи Худо дар замони Шӯравӣ соле як ё ду нафарро ташкил медод, дар даврони соҳибистиқлолӣ соле беш аз панҷ ҳазор нафар зиёраткунандагонро ташкил медиҳад. Маҳз бо шарофати истиқлол осори гаронарзиши динии мо тарҷума, баргардон ва нашр гардиданд. Бо ибтикори Пешвои миллам Қуръони карим ба забони тоҷикӣ дар теъдоди 300 ҳазор нусха тарҷума ва нашр гардид, ки ба мардум ба таври ройгон тақсим карда шуд. Бори дуюм, соли ҷорӣ нашри ин китоби муқаддас бо теъдоди 30 ҳазор нусха бо дастури Пешвои миллат ройгон тақсим карда шуд. Ин тарҷумаи каломи Раббонӣ бар асоси тарҷумаи "Ҷомеъ-ул-баён ъан таъвил-ил-Қуръон"-и Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ машҳур ба "Тафсири Табарӣ", "Тафсири Ҳусайнӣ"-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, тарҷумаи "Фатҳ-ур-Раҳмон фӣ тарҷумат-ил-Қуръон" анҷом ёфтааст. Инчунин, як идда донишмандони дигар ба тарҷума ва тафсири Қуръони карим пардохта, дар партави он асарҳои зиёди илмию динӣ навиштанд, аз ҷумла домулло Абуаломуддини Хуҷандӣ тафсире бо номи "Тафсири осонбаён" бо забони содаю фасеҳ навиштааст. Донишмандони дигар ба монанди Мирзоҳусайн Бадалпур, Идибек Зиёев, Шерзод Абдуллозода ва дигарон ба омӯзиши паҳлӯҳои гуногуни Қуръон пардохта, асарҳои илмии зиёде ба чоп расониданд. Аз ҷумла, "Муқаддимаи қуръоншиносӣ"-и М. Бадалпур, "Қуръоншиносӣ"-и Зиёев И. "Фалсафаи Қуръон"-и Ш. Абдуллозодаро метавон ном бурд. Илова бар ин, бо мақсади дуруст тиловат кардани Қуръони карим як идда китобҳо дар илми таҷвид ба вуҷуд омад, ки машҳуртарини онҳо "Таҷвиди Қуръон"-и Наҷотзода Мутеуллоҳ маҳсуб мегардад. Дар мавриди омӯзиш ва нашри ҳадисҳои паёмбари ислом низ дар замони истиқлол "Мухтасари Саҳеҳи Бухорӣ" аз тарафи институти Шарқшиносии Академияи миллии илмҳо ва "Саҳеҳи Муслим" тарҷума ва нашр гардиданд. Дар ин раванд, асарҳои зиёде дар мавриди шарҳи ҳадисҳои паёмбари ислом рӯи чоп омад, ки овардани ҳамаи онҳо ғайри имкон аст. Ҳадисҳои паёмбар дар асоси "ал-Ҷомеу-с-саҳеҳи Бухорӣ", "ал-Ҷомеу-с-саҳеҳи Муслим" тарҷума ва нашр шуданд. Хоссатан "ал-Ҷомеу-с-саҳеҳи Бухорӣ" дар шакли мухтасар дар се ҷилд борҳо нашр гардид. Инчунин, аз ҷониби як идда донишмандон асарҳои бузурги фиқҳӣ дар асоси мазҳаби таҳаммулпазири ҳанафӣ навишта шуд, ки муҳимтарини онҳо "Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби Имом Абуҳанифа"-и Абдушариф Боқизода мебошад. Илова бар ин, мероси Имом Аъзам, чун "Фиқҳи Акбар", "ал-Муснад" ва ғайраҳо тарҷума ва нашр гардиданд.
Таҳқиқи мероси таърихию фарҳангии ниёгонамон аз иқдомҳои наҷиби роҳбарияти давлатамон буда, то ҳол идома ёфта истодааст. Масъалаи муҳими дигаре, ки барои дастрасии мардум бо маводи илмии динӣ мусоидат менамуд, нашри адабиёти зарурии илмӣ, динӣ ва таълимӣ буд, ки барои шарҳи дурусти масъалаҳои динӣ кӯмак мерасонад. Сарчашмаҳои муҳими илмии динӣ "Таърихи Табарӣ" дар ду ҷилд, "Маснавии Маънавӣ", "Кимиёи саодат", "Савод-ул-аъзам", "Эҳё-ул-улум-уд-дин" "Равзат ус-Сафо" ва амсоли инҳо мебошанд, ки ба забони тоҷикӣ нашр гардидаанд.
Маҳз бо шарофати истиқлолияти давлатӣ соли 2009, 1310-солагии асосгузори мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам бо як шукӯҳи хосса ҷашн гирифта шуд. Бо ташаббуси Пешвои миллат конфронси байналмилалӣ бо иштироки олимони бузурги динҳои ҷаҳонӣ бахшида ба 1310-солагии Имоми Аъзам баргузор гардид. Ин конфронс танҳо як конфронси омӯзишии холӣ набуда, балки дар он ҳадафҳои зиёди стратегии дигар низ нуҳуфта буд, аз ҷумла:
а) муаррифӣ кардани яке аз шахсиятҳои бузурги тоҷик, ки дар ислом хизмати шоён кардааст;
б) ба ҷаҳониён шиносондани мардуми кишварҳои Осиёи Миёнаи пасошӯравӣ, хоссатан Тоҷикистон, ки мусулмонони ҳанафимазҳабанд.
в) тавассути пурзур намудани мазҳаби ҳанафӣ дар минтақа ва нашри осори Абуҳанифа бо шогирдонаш бо ҷараёнҳои навпайдо мубориза бурдан, зеро дар миинтақа танҳо бо андешаҳои Абуҳанифа метавон бо ҷараёнҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротии навпайдо, аз ҷумла "Ваҳҳобия", "Салафия", "Толибон", "ал-Қоида", "Ҳизб-ут-таҳрир", "Ансоруллоҳ" ва ғайраҳо мубориза бурд.
г) хуб шиносондани мазҳаби таҳаммулпазири ҳанафӣ.
Таҷлили соли бузургдошти Имом Аъзам бори дигар собит сохт, ки тоҷикон посдорандаи арзишҳои динию мазҳабиянд.
Вобаста ба таҷлили як қатор чорабиниҳои динӣ ва анъанаҳои миллӣ, чун Иди саиди Фитр, Иди Қурбон, Наврӯзи аҷам, Сада, Меҳргон ва дигар чорабиниҳои давлатӣ аз тарафи Ҳукумати мамлакат давоми солҳои истиқлолӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуд.
Чуноне ки аз суханрониҳои Пешвои миллат бар меояд, "Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолии худ дар ҳифз ва ғанӣ гардонидани мероси динӣ ва умуман фарҳангу маорифи исломӣ саҳми арзанда гузоштааст, Созмони исломии илм, фарҳанг ва маориф (ИСЕСКО) шаҳри Душанберо "Пойтахти фарҳанги исломӣ дар соли 2010" эълон намуд". Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷаҳониён баъд аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон миллати тоҷикро ҳамчун миллати мусулмони ҳанафимазҳаб шинохтанд.
Дар умум, ба ҳама гуна бетартибиҳо, зиёдаравиҳо, хурофотпарастиҳо маҳз истиқлолияти давлатӣ хотима гузошт ва ин неъмати бузурги миллӣ дар таҷдидсозии ҳаёти динӣ-маънавии мардуми кишвар бар пояи мазҳаби ҳанафӣ замина гузошт. Чун тоҷикон таърихан миллати қадимаанд, дар ҳифзи арзишҳои динӣ, миллӣ ва ахлоқӣ нақши бориз доранд. Бояд гуфт, ки зиёда аз 70 фисади мусулмонони ҷаҳонро пайравони мазҳаби ҳанафӣ ташкил медиҳанд ва поягузори он тоҷики асил Имоми Аъзам мебошад.
Одинаева Ш. - сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ