Яке аз падидаҳои муҳиме, ки дар сарнавишти миллати тоҷик дар таҷрибаи ҷомеасозии навини тоҷик ҷойгоҳи мӯтабар дорад, бидуни тардид ин истиқлолияит сиёсӣ аст. Маҳз дар партави он мардуми тоҷикро муяссар гашт, ки дар бахше аз собиқ ҳудуди густардаи фарҳанги худ низоми устувори сиёсии бо аломату нишонаҳои давлати миллӣ мутобиқатдоштаро поягузорӣ намояд ва ҳамзамон амалияи ҷомеасозии дар ин муддати начандон тӯлони андӯхтаашро бо эътирофи ниҳодҳои мӯътабари байналмилалӣ ҳамчун намунаи шоён пайрави барои дигарон пешниҳод намоянд. Ин паёмадҳои ногузир назди ҳар фарди солимфикр суолеро пеш мегузорад, ки омилҳои ба чунин муваффақиятҳо ноил гаштаи миллати куҳанбунёди тоҷик чӣ маншаъ мебахшад ва онро чӣ дурнамое интизор аст. Бояд тазаккур дод, ки таҷрибаи рушди ҷомеаи башарӣ собит месозад, ки чунин инояти истиқлолият барои миллате насиб мегардад, ки агар дар масири таърих мояи ҷаҳонбинию сайъи маърифаташ бардошти судманде аз ин падида карда бошад. Яъне агар муҳтавои ҷаҳонбинию саъйу маърифатияш дар пайроҳаи пурпечутоби таърихї талоши истиқлолхоҳї бар харҷ дода бошад, пас ин миллат метавонад онро дар таҷрибаи ҷомеасозии худ низ бомуваффақият ба кор гирад. Агар аз ин дидгоҳ ба ташаккули ҷаҳонбинию маърифати андухтаи мардуми тоҷик назар андозем, ба осонї дармеёбем, ки бардошти ӯ дар ин масир хеле ҷолибу лоиқи ситоиши ҳамешагӣ будааст. Ин бардоштҳо акнун бо гузашти садсолаҳо як ҷузъи муҳими хотираи таърихии мардуми моро ташкил медиҳад ва дар ин ҷодаи эъмори ниҳодҳои муосири ҷомеаамон, аз ҷумла таҳкими ниҳоди истиқолияти сиёсиамон, нерӯямон мебахшад. Дар робита бо ин тазаккур бояд дод, ки талоши истиқлолхоҳии инсоният аслан ба тариқи бориз дар саҳифаи афкори фалсафи ӯ таҷассум меёбад. Агар аз ин дидгоҳ ба сайри таърихии афкори фалсафии мардуми тоҷик назар андозем, ҳувайдо мегардад, ки зуҳури аввалин мактабҳои фалсафии тоҷик дар симои зардуштия, зурвония, асҳоби ҳаюло ва ғайра бо мароми хастанопазир ба тадриҷ сиришту муҳтавои ҷаҳонбинии ниёгони моро бо хамираи падидаи истиқлолхоҳї омезиш дода, бо ҳамин ӯро бо самари дар ин замина зарурати ташаккул додани тамоюли ҳамгироии ҷузъҳои ҳама гуна низом, аз ҷумла ҷомеа, барои идомати минбаъдаи худ муътамад месохтанд. Минбаъд чунин манзараи диди озодихоҳї аз дидгоҳи умумифалсафӣ дар таълимоти дигар мутафаккирони халқиятҳои дигар низ ҳувайдо мегардад. Машокили истиқолхоҳиро ин мутафаккирон ба таври худ ташреҳ дода, эътирофи асоси мустақилиятро дар мавҷудияти рӯҳҳои (ғояҳои) азалии мутлақ ва инчунин моддияти он ба асос мегирифтанд.
Ибни Халдун машокили истиқлолхоҳиро, ба хусус вазъи равонию иҷтимои миллати асоратафтодаро дар асараш бо номи “Муқаддима” хеле ба маврид баррасӣ намудаааст: “Ҳар гоҳ миллате мағлуб гардад ва дар тасаллути дигарон воқеъ шавад (ба маънои соҳибихтиёриро аз даст диҳад Қ. И) ба сурат рӯ ба нестї ва инқироз хоҳад рафт” ва дигар ҷо бо чунин матлаб баён мекунад: “ҳар гоҳ кохи фармонравоии миллате вожгун гардад ва ба сарнавишти бандагӣ дучор шаванд ва ҳамчун абзори бегонагон қарор гиранд ва ба онон муттакӣ шаванд, орзуи онон кӯтоњ ва суст мешавад дар сурате, ки таваллуд ва таносул ва ободонӣ дар партави ҳусули умед ва орзу ва натоиҷе аст, ки аз он ба бор меояд, аз қабили нишот ва ҷунбиши қувваи ҳайвонӣ ва аз ин рӯ ҳар гоҳ дар натиҷаи сустӣ ва забуни навмедӣ бар қавме чира шавад ва сифот ва одоте, ки аз умед сарчашма мегирад, аз инсон рахт барбандад ва асабият ҳам бар иллати ғалабаи хашм аз миён биравад. Натиҷатан пайдост, ки имрон ва иҷтимои чунин миллате нуқсон хоҳад ёфт ва пешаҳо ва касбҳо ва масири онон дар роҳи пешрафти тамаддун муталошӣ хоҳад шуд(Абдураҳмон ибни Халдун. Муқаддима, тарҷумаи Муҳаммад Парвин Губодӣ.Ҷ.2. Теҳрон С. 32”. Матлаби мазкури Ибни Халдун ҳолатеро нишон медиҳад, ки миллате, ки аз истиқлол дур афтода дар тобеъияти дигар ақвом қарор дорад, ин ҳамон ҳолати навмедиро нишон медиҳад, ва талош намуданро барои инсон воҷиб медонад то ки ба саодат расад.
Вобаста ба чолишҳои замони муосир дар рӯзгору ҷомеаи мо мушкилоти ҳалталаб вуҷуд доранд, аммо муҳим он аст, ки мо аз мушкилоти пешомада дар ҳарос набошем, корҳои ободониву созандагиро дилпурона идома бахшем, барои пешрафту шукуфои ватани азизамон содиқона хизмат намоему Истиқлолият ва дастовардҳои онро таҳким бахшида, ҳифз намоем. Бо назардошти ин, аз ҳар фарди бо нангу номус ва ватандӯсту ватанпараст тақозо мегардад, ки бо иқдому ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи худ ҳар чи бештар заҳмат кашида, бо эҳсоси масъулият ва ифтихор аз давлату давлатдории милати куҳанбунёдамон ва бо истифода аз тамоми имконияту сатҳи дониш ва маҳорату малакаи худ пешрафту ободии Тоҷикистонро ба таври арзанда таъмин намоем.
Илҳом Қурбоншоев-мухтахасиси пешбари шуъбаи маъхазҳои исломӣ