Исроф накӯ нест

Масъалае, ки ҳамеша аҳли ҷомеаро ба ташвиш мегузорад, ин зиёдаравию исрофкорӣ, хароҷоти зиёдатӣ ва таассубу хурофот аст, ки на ба меъёрҳои динию ахлоқӣ ва на ба меъёрҳои ҳуқуқӣ рост меояд. Дар воқеъ исроф амалест, ки аввал ба буҷаи оила, сипас ба буҷаи давлат зарба зада, ба сатҳи камбизоатии аҳолӣ замина мегузорад. Баъзе анъанаҳои мардумӣ ва урфу оддатҳои суннатӣ бештар ба исрофкорию зиёдаравӣ ва худнамоию зоҳирпарастӣ замина гузошта, боиси норозигии қишрҳои мухталифи ҷомеа гашта, амнияти аҳолиро халалдор мекунанд. Ба хотири ҳифзи арзишҳои миллӣ, танзими суннатҳои динию мардумӣ ва гирифтани пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравӣ зарурати қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба миён омад. Қонуни мазкур ҷиҳати пешгирии хароҷоти зиёдатӣ, роҳ надодан ба зиёдаравӣ ва исрофкорӣ, баланд бардоштани ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мардуми кишвар, танзим намудани ҷашну мароисмҳои миллӣ ва динӣ равона гардидааст. Қабули қонуни мазкур боз ҳам нишон дод, ки манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии мардум таъмин гардида, масъалаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Вобаста ба зарурати ин санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки ҳадафи асосии қабули он ҳифзи арзишҳои ахлоқию динӣ ва таърихию фарҳангии халқи тоҷик аст, Пешвои миллат чунин ибрози андеша кардаанд: “Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки қабули қонуни мазкур ҳамчун яке аз иқдомоти муҳимтарин дар самти ҳифзи анъанаҳои мардумӣ боиси ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳими аҳли ҷомеа гардида, ҷашну маъракаҳо ва расму ойинҳоро дар кишвар ба низом даровард”.       

Агар масъалаи мазкурро аз дидгоҳи шариат мавриди баҳс қарор диҳем, боз ҳам мебинем, ки ин амали беинсофона дар шариати исломӣ низ манъ карда шудааст. Исроф дар истилоҳи фиқҳӣ гуноҳ маҳсуб шуда,  манъи он ба таври қатъӣ дар китоби Худо борҳо таъкид гардидааст."Эй фарзандони Одам, наздики ҳар намоз зинати (яъне, либос) худро бигиред ва бихӯреду биошомед ва исроф макунед, ба дурустӣ, ки Худо исрофкунандагонро дӯст намедорад" (Сураи Аъроф: 31); "Ва ба соҳиби қаробат ҳаққи вайро бидеҳ ва (низ) ба дарвеш ва роҳгузар ва исроф макун исроф карданӣ. Ба дурустӣ, ки исрофкунандагон бародарони шаётин ҳастанд ва шайтон нисбат ба Парвардигори худ носипос аст" (Сураи Исро: 26-27); "Ва исроф макунед, ба дурустӣ, ки Худо исрофкунандагонро дӯст надорад" (Сураи Анъом: 141); "Ва ононанд, ки чун ҳаҷ кунанд, исроф нанамоянд ва бухл наварзанд, балки миёни ин ду ҷониб мӯътадил бошанд" (Сураи Фурқон: 67).  

Вобаста ба амали зишт будани исрофкорӣ ва зиёдаравӣ дар ҳадисҳои Паёмбари Ислом низ ишораҳо шудааст. "Исроф фақру тангдастӣ меоварад", "Дар исроф ва зиёдаравӣ хайре нест ва дар корҳои хайр исроф нест", "Офати саховатмандӣ исроф аст", "Касе, ки дар зиндагиаш сарфакор бошад, Худо ӯро рӯзӣ медиҳад ва касе, ки исроф ва зиёдаравӣ кунад, маҳрумаш мекунад". Ҳамчунин сарфу харҷи зиёдатӣ тибқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ манъ карда шудааст.

Баҳси сарфаю сариштакорӣ ва ба зиёдаравӣ роҳ надодан ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва бозбинии ниёгонамон қарор гирифтааст. Дар ашъори Саъдии бузургвор, қи моломол аз панду андарз аст, мавзӯи исроф низ ба таври густурда инъикоси худро ёфтааст.

Ба дахлу харҷи худ ҳар дам назар кун,

Чу дахлат нест, харҷ оҳистатар кун.

Ё ҷои дигар мегӯяд:

Ба ҳоли касе сахт бояд гирист,

Ки дахлаш бувад нуздаҳу харҷ бист.

Мавлоно Румӣ низ дар "Маснавии маънавӣ" дахлу харҷро аз масъалаҳои муҳими зиндагӣ ҳисобида, сухани мутаассире гуфтааст:

Дахлу харҷ аст, чунин шева ба тадбир сазост,

Харҷи бе дахл худоист, зи дунё маталаб.  

 

Амир Хусрави Деҳлавӣ ҳусни тадбири сарфаю сариштакориро чунин ба қалам додааст: 

Ба сарфа сарф кун нақде, ки дорӣ,

Ки имсокат беҳ аз исрофкорӣ. 

Хулоса, исроф, ки маънои аз андоза зиёд харҷ карданро дорад, ҳам тибқи таълимоти динӣ ва ҳам тибқи талаботи қонуну санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии миллӣ манъ карда шудааст. Тавре, ки аз омӯзаҳои динию ахлоқӣ бар меояд, исрофкорӣ падидаи зишт буда, Синои Ҳаким онро аломати нодонию ҷаҳолати шахс донистааст. 

Одинаева Шарифамоҷон. - сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ

Яндекс.Метрика