Ислоҳоти мафкуравӣ, ҳифзи анъанаву маросим ва оғози инқилоби маънавӣ (Дар партави «Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар» 09.03.2024 14:15, шаҳри Душанбе)

     Ин ҳолат баррасии масоили маънавиёту маърифати мардуми мамлакатро то ба сатҳи муқаррар намудани вазифаҳо барои бартараф сохтани решаи мушкилоту камбудиҳо, дар ин самт барои давлати ҷавони миллӣ бесобиқа мубрам ва таърихӣ намуда, ба вохӯрӣ ва мулоқоти Пешвои миллат ба намояндагони ҷомеа ва ходимони динӣ сифати таърихӣ дар самти ислоҳи вазъи маънавӣ муқаррар кард. Пешвои муаззами миллат бо дарки вазъи мушкили мафкуравии ҷомеа ва фишори авомили хориҷӣ ба ташаккули миллати сиёсӣ ва зарурати ҳифзи соҳибистиқлолии кишвар идомаи ислоҳоти иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ногузир дониста, ба даври дуюми ислоҳоти маънавӣ ба инқилоби мафкуравии ҷомеа дар самти озодӣ аз хурофот, ифрот ва зиёдаравиҳои эътиқодӣ рў оварданд. Бале, мулоқоти 9 –уми март воқеан саҳифаи нави инқилобиро дар рушди мафкураи миллӣ масъалагузорӣ кард.
      Ҳанўз 25-уми майи соли 2007 дар арафаи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мулоқоти таърихӣ бо фаъолони ҷамъиятӣ ва ходимони динӣ Пешвои миллат дар бораи зарурати ислоҳоти иҷтимоӣ ва сарфаю сариштакорӣ изҳори назар намуданд. Ислоҳоти оғозшуда қадам ба қадам наздик шудани миллатро ба орзую омолҳои таърихиаш таъмин намуда, ҷиҳати халосии халқ аз юғи асорати анъанаю маросимҳои хурофотӣ кўмак кард. Ислоҳоти маънавӣ ва мафкуравӣ танҳо як ислоҳот набуда дар асл табиати инқилоби маънавиро дошт, ки дар самти ислоҳи шароити зиндагии мардум дар фазои мафкуравӣ ва иҷтимоӣ оғоз шуд. Ин ислоҳот на танҳо миллатро аз зиёдаравиҳои иҷтимоӣ, маросимҳои вазнини инҳирофшудаи мардумию динӣ озод намуд, инчунин ба халқи Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо сарфаю сариштакорӣ фишорҳои вазнини буҳронҳои ҷаҳонии солҳои 2008-2010, вазъияти пандемияи даврони ковид 2019 ва санксияҳои вазнини молиявию иқтисодии минтақавии оламро дар солҳои 2020-2023 бо сарбаландӣ паси сар намояд.
    Он замон Роҳбари давлат бо омўзиши сарфаю сариштакорӣ ба ислоҳоти расму оин ва маросимҳои миллию динӣ дар доираи манфиатҳои миллӣ даст зада, ҷиҳати мувофиқ намудани табиати урфу одат ва анъанаҳои миллӣ ба саодату рушди ҷомеа иқдом намуданд. Пешвои миллат даври аввали ислоҳоти маънавию иҷтимоии ҷомеаро дар самти ислоҳи расму оинҳо муқарар намуданд. Инак бо гузашти 17 сол қадами навбатии ислоҳотии Роҳбари давлат ба самти мафкураи динӣ, ахлоқӣ ва сиёсии шаҳрвандон бозгашт намуд. Ин ислоҳот дар шакли «Инқилоби дуюми маънавии Пешвои миллат – тағ йирпазирии мафкураи динӣ ва миллӣ» мазмунан дар таърихи 9 март масъалагузорӣ гардид. Ин ҳолат гувоҳи он аст, ки вохўрии мазкур бо иқдоми ислоҳи ҷомеа дар шоҳроҳи таърихсозӣ, давлатсозӣ барои тақдири ояндаи тоҷикон таърихӣ буд.
       Истиқлоли миллӣ ва қадршиносии арзишҳои миллӣ ва динӣ
Даъват ба ислоҳоти бузурги дуюми маънавиро Роҳбари давлат аз мактаби бузурги шукргузорӣ аз истиқлоли миллӣ ва расидан ба қадри арзишҳои миллӣ ва динӣ, оғоз намуданд. Дар муроҷиат ба аҳли нишаст ва мардуми Тоҷикистон, ишора шуд, ки шукрона аз он мекунем, ки аз «баракати истиқлоли давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии кишварамон, аз ҷумла дар самти озодии виҷдон шароити созгору мусоид фароҳам гардидааст ва имрӯз шаҳрвандони мо фаризаҳои динии худро озодона анҷом медиҳанд. Ба шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ мо ба эҳёи арзишҳои миллӣ ва динии худ муяссар шудем ва мардумамон бо мазҳаби аҷдодӣ, бо пирони хирад ва бузургони илму адаби гузашта ҳамаҷониба ошно гардиданд» [Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 09.03.2024 с].
      Воқеан истиқлоли давлатӣ дар эҳёи арзишҳои миллӣ ва динии халқ хизмати таърих намуд. Ҳазорҳо ҳазор китобу адабиёти динию миллӣ рўи нашрро дид. Номи садҳо нафар фазандони қаҳрамони адабӣ, илмӣ ва динии миллат зинда шуда, солгашту ҷашнвораҳои онҳо дар сатҳи милли ва байналмилалӣ мутантан баргузор шуданд. Номҳои таърихии шаҳру ноҳияҳо баргардон гаштанд. Расму ойинҳои миллӣ ва маросиму идҳои динӣ – ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, Тиргону Сада ва идҳои Рамазону Қурбонро ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ эҳё шуданд. Тоҷикистони демократию ҳуқуқбунёду дунявӣ бо либоси хосаи миллии фарҳангӣ рӯ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ оварда, дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун миллати решабатаърихи сиёсӣ ва фарҳангӣ мавқеи усутворро касб кард.
      Маҳз истиқлоли давлатӣ ба мо имкон дод, ки халқи тоҷик асосгузори мазҳаби таҳаммулгарои худ, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собитро шиносад ва ба аҳли илми ҷаҳонӣ аз тоҷик будани ин абармарди ақлу хирад хабар расонад. Истиқлол рӯҳу равони бузургони илмӣ ва динии моро аз қабили Имом Бухорӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Бурҳрниддини Марғ елонӣ, Муҳаммади Хуҷандӣ, Абурайҳони Берунӣ, Муҳаммади Ғазолӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва дигаронро аз нав бо ҳашамоти миллӣ зинда кард. Дар Тоҷикистон бо шарофати истиқлоли сиёсӣ корҳои мушаххаси ташкили маъмурӣ, дар шакли ташаккули ниҳодҳои давлатӣ дар самти дин, сиёсӣ-меъёрӣ бо муайян кардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва сиёсии озодии виҷдон ва эътиқод, қабули қонунҳои соҳавии ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба анҷом расонида шуд.
      Истиқлолият бо намои давлати дунявӣ дар партави талаботи моддаҳои 1 ва 26 Конститутсия барои қонеъ кардани талаботи эътиқодии шаҳрвандон тамоми шароитҳоро муҳайё кард. Имрўз дар кишвар беш 4 ҳазор масҷидҳо озодона фаъолият карда, ташкили сафари дастҷамъонаи шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра роҳандозӣ шудааст. Дар Тоҷикистон ба «2000 нафар шаҳрванд як масҷид рост меояд, дар ҳоле ки ин нишондиҳанда дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 3-3,5 ҳазор ва дар дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон 5-5,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад» [Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 09.03.2024 с]. Тайи беш аз 30 соли соҳибихтиёрӣ бештар аз 250 ҳазор нафар шаҳрвнадон зиёрати ҳаҷ намуда тақрибан 450 ҳазор нафар умра кардаанд. Ин ҳама аз баракати соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва намои дунявӣ будани он аст, «пас мо чӣ гуна аз соҳибистиқлоливу соҳибдавлатиамон шукрона накунем?», гуфтанд, Пешвои миллат.
       Усули нишон додани дастоварду музаффариятҳои халқ тайи солҳои соҳибихтиёрӣ ва васли онҳо бо истиқлоли сиёсӣ ва намои давлати демократию дунявӣ аз назари илмӣ далели қавии қадршиносии неъматҳост. Маҳз қадршиносӣ аз неъматҳо калиди устуворию ваҳдати миллӣ аст. Таҷриба ва назарияи илмӣ собит кардааст, ки «Шукри неъмат неъматат афзун кунад, куфри неъмат аз кафат берун кунад» (Мавлонои Балхӣ). Роҳбари давлат ба дарки ин ҳақиқат ба халқи Тоҷикистон муроҷиат карданд, ки мо дар роҳи худшиносӣ нахст неъматҳои маънавию миллии ба дастовардаамонро қадр намоем, дар кори дастрасӣ ба дигар арзишҳои эътиқодӣ зиёдаравӣ накунем. Зеро ҳар арзиш ва ҳар неъмат дар кадом шакли маънавие набошад, худ дар маҷмуи муносибатҳои иҷтимоӣ мавқеи муайяншуда ва сарҳади иҷозатдодашударо доро аст, ки гузариш аз хаттии истеъмолшавандаи он дар ҳама ҳолат номумкин аст. Маҳз васатият ва эътидол ҳам ба мафҳумҳо, ҳам ба расму оинҳо ва ҳам ба амалкардҳо мазмуни низомнокӣ ва адлу инсофи табиӣ, илмӣ ва иҷтимоиро зам менамояд.
       Калиди саодати инсон ҳамчун ҳодисаи сотсиобиоравонии дорои ақлу хирад маҳз шинохтани неъмат ва имконҳои ақлонию неруи дар дастдоштаи ўст. Худшиносӣ аз шинохти мавқеъ ва мақоми худ бо қадршиносии неъмат ва тамизи ҳаводиси неку бади рўзгор дар муносибат ба манфиату талаботи шахсӣ ва ҷамъиятӣ оғ оз мегардад. Инсоне, ки неъматҳо ва имконҳои мавҷударо дуруст мешиносад, ба қадри онҳо ба таври шоиста мерасад ва онҳоро мақсаднок истифода бурда, барои тавсеаи онҳо заҳмат мекашад нақши фаъол дар иртиботи ваҳдати иҷтимоъ ва рушди ҷомеа мебозад. Замони муосир зери фишори манфиатҳои мухталиф, эҳтиёҷ ба инсонҳои созандаю эҷодкор ва худшиносу фаъолро аз ҳарвақта дида бештар эҳсос мекунад. Зеро фишори аз ҳад зиёди ҷаҳонишавии манфиатҳо, рушди инқилобҳои илмию техногеннӣ, инқилобҳои биологию иттилооти рақамӣ ба ҳарими ҳарами озодиҳои шахсӣ ва паҳнои манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ ворид шуда, саодати халқу миллатҳо ва инсонҳои ҷудогонаро халалдор месозанд. Ин раванди инқилобии олам дар самти ҳимояи манфиатҳои миллии давлатхои миллӣ ду усули ҳимоя дорад: якум давлати миллӣ бояд мутобиқ ба ҳамон дастовардҳои илмию техногеннӣ рушд намояд ва инқилобҳои илмии дақиқро анҷом диҳад; дуюм ё рушди бонизоми худро дар самти истифодаи дурусти он дастовардҳои инқилобӣ такмил дода, сипари маънавии истиқлоли маънавию фарҳангии худро устувор ва қатъӣ намояд. Бинобар мушкилиҳои муайяни илмию ресурсҳои маҳдуди ҷуғ рофию бунёдӣ ба мо роҳи дуюмаш имконпазир буд.
       Селобаи фишори техногению иттилоотӣ тавассути фазои озодиҳои демократӣ дар замони ҷаҳонишавии манфиатҳо таъсири манфии худро ба фазои мафкуравии ҷомеаҳо ва давлатҳои миллӣ гузоштааст. Иттилооти рақамию сомонаҳои интернетӣ бо тарғ иби андешаҳои носолиму тарғ иби амалҳои номатлуб зарбаи асосиро ба ақлу хиради инсонӣ ва ахлоқӣ башарӣ равона кардааст. Инсони муосирро зери таъсири кашишҳои савқи табиӣ ба олами рамзӣ кашида, сарҳади ҳамагуна озодию ҳуқуқ ва меъёрҳои иҷтимоиро шикаст дода, фардро аз иртиботи иҷтимоӣ ва ваҳдати ҷомеаҳо бегона карда, латма ба ҳастии дастаҷамъонаи халқу миллатҳо мерасонад. Ин равиш ҳамагуна арзишу неъматҳоро бо мақсадҳои ғ аразнок суиистифода карда, алоқаи инсонро ҳамчун махлуқи хирадманд аз қонуниятҳои иҷтимоӣ ва ҳамзистӣ, ки намои равшану манфиатовари он паҳнои давлатҳои мустақили миллист, тадриҷан дур менамояд. Илму дониш, бовару эътиқод, дастоварду муваффақиятҳо, технологияю кашфиетҳоро бо мақсадҳои ғ аразнок ва манфиатҳои гурўҳӣ, имкондорони давру замон суиистифода менамоянд. Ин аст, ки давлату ҷомеаҳои ҷавони олам бинобар аз камтаҷрибагию қафомонии илмию ақлонӣ осон ба чунин чолишҳои маънавию моддӣ гирифтор мегарданд.........
 
    Холиқзода Аабдураҳим Ғафор,
    Шосаидзода Шаҳбоз Шосаид.
Яндекс.Метрика