Инъикоси сарнавишти мардуми тоҷик ва сарзамини он дар «Ҷомеъу-т-таворих»-и Рашидуддини Фазлуллоҳ

Пирўзии қавми биёбонгарди муғул, ки ба одобу сунан ва усули иҷтимоӣ ху нагирифта, бунёди қудрату ҳукумати эшон танҳо дар сояи қатлу ғорат ва решакании мабонӣ ва муносиботи иҷтимоӣ хулоса мешуд, аз тиратарин давраҳои таърихии мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад.Ҳузури таърихии ҳамлаи муғул то кунун бар пайкару рўҳияи миллати тоҷик озоррасон буда, хотираи талхи он рўзгори наҳс ҳанўз фаромўш нашудааст. Сарзамини тоҷик, то ва баъд аз ҳамлаи муғул шоҳиди чандин истило будааст, аммо ҳеч кадом ба андозаи истилои муғул вахиму бадфарҷом набуд. Бо мурур ба ҳар яке аз манобеи ин давра, метавон ба ин воқеият пай бурд. Ибни Асир, Ҷувайнӣ, Рашидаддин, Вассоф ва муаррихони баъдӣ аз қабили Мирхонд, Хондамир ва дигарон низ фоҷиаҳои ин асрро бо обу ранг нақл кардаанд. 

Аз миёни тамоми осори таърихии марбут ба аҳди муғул асари Рашидаддин Фазлуллоҳ «Ҷомеъу-т-таворих» аз аҳамияти вижае бархурдор аст. Аллома Муҳаммад Қазвинӣ ҷойгоҳи ин китобро миёни осори барҷоймонда махсус таъкид намуда, чунин мефармояд: «ҷамиъи маълумоту иттилооте, ки дар ин китоби нафис дарҷ кардааст ё аз мушоҳидоту маҳсусоти худи ўст, ки дар муддати тавили мулозимати подшоҳони муғул фароҳам оварда ё масмуоту манқулоте аст, ки аз авфоҳи уламову ҳукамо ва …. миллал… нақлу тарҷума кардааст ва аҳамияти ин китоб фавқи он аст, ки ба ҳадди тасаввур ояд…». 

Рашидадин аз хонаводаи маъруфу фозили шаҳри Ҳамадон бархоста, ниёгони ў ба фазлу адаб ороста ва аз табибони машҳур буданд, ки ҳатто подшоҳони давр борҳо ба ин хонавода рўи ниёз овардаанд. Падари ў муддате ҳам дар дарбори исмоилиёни Аламут ба ҳайси пизишк хидмат кардааст. Рашидаддин то ба мансаби вазирии дарбори илхонони муғул Ғозонхон (1295-1304) ва Худобанда (1304-1316) расида, соли 1318 дар замони Абусаид Баҳодурхон (1316-1336) бо иттиҳоми дахолат дар марги хони муғул ба тарзи ваҳшиёна ба қатл мерасад. Иттилои кофӣ ва дастрасии ў ба маъхазҳои муғуливу туркӣ боис шудааст, ки асари ў беҳтарин манбаи омўзиши ақвоми турку муғул ҳисобида шавад. Ногуфта намонад, ки яҳудитабор будани Рашидаддин аз масъалаҳоест, ки перомуни он муҳаққиқони зиёд андешаронӣ намуда, фикри воҳиде дар ин маврид мавҷуд нест ва асосан замони ба ислом гаравидани аъзои ин хонавода мавриди баҳс аст. Ҳудуди хронологии ислом овардани хонаводаҳо ҳам садҳо сол гуфта мешавад. Ҳатто баъзе муҳаққиқон ислом овардани ўро воқеӣ ва бо хулуси ният намедонанд, вале матолиби асари таърихии ў ба назари ин ҷониб ба сидқан ба ислом эътиқод доштанашро мерасонад. Ғайр аз асари «Ҷомеъу-т-таворих» дигар осор ва мактуботе низ аз Рашидаддин боқӣ мондааст, ки ҳамагӣ барои муайян намудани авзои сиёсиву иҷтимоии аҳди муғул арзишманданд.

Шеваи нигориши таърих ва мардумшиносии дур аз таассуб ва бидуни нафрини Рашиддадин танҳо дар осори Абурайҳони Берунӣ дида шудааст. Бахши бузурге аз ин кори сутург ба куллӣ бемонанд ва ягона ва бахшҳои дигаре аз он нодиру камназир ба шумор меоянд. Бо чандин забонҳои дунё тарҷума гаштани ин асар ҳам гувоҳи дигаре бар ҷойгоҳи он миёни осори таърихист. Академик Баротолд, ки аз огоҳону донандагони хуби таърихи асримиёнагии Эрону Осиёи Миёна аст, «Ҷомеъу-т-таворих»- и Рашидуддин Фазлуллоҳро дар радифи «Таърихи Масъудӣ»-и Абулфазли Байҳақӣ ва «Таърихи Ҷаҳонкушо»-и Атомалики Ҷувайнӣ мунҳасир ба фард медонад. Бартолд дар мавриди дигар, муаллифи «Ҷомеъу-т-таворих»-ро «Рашидуддини тоҷик» меномад. 

Ин сарчашмаи нотакрор гузашта аз фазилатҳои бешуморе ки дорад, як манбаи гаронарзиш перомуни рӯзгори мардуми тоҷик дар ин давраи ноорому пурмоҷаро мебошад. Дар қатори мазоёи фаровони худ, таърихномаи Рашидаддин аз ҷумлаи осори таърихист, ки дар он вожаи тоҷик ё тожик, ки хоси аҳди муғул аст, фаровон зикр шуда, перомуни сарнавишти тоҷикон ва баъзе вижагиҳои рўзгори онон дар аҳди муғул маълумоти нодир медиҳад. Бештари маълумоти муаллифи «Ҷомеъу-т-таворих» ба тоҷикони Хуросон ва дигар минтақаҳои Эрон мурбут аст ва ў бинобар ҷудо шудани сарзамини  Мовароуннаҳр аз Эрон дар аҳди Илхонон камтар ба сарнавишти тоҷикони Мовароуннаҳр пардохтааст. Мовароуннаҳре, ки дар нисбати Хуросон ва дигар қисматҳои Эрон бештар хароб гардида буд. Ҳатто замоне ки сайёҳи маъруф Ибни Батута (1303-1377) ба Мовароуннаҳр сафар мекард, аз ишғоли он тавассути муғулҳо бештар аз сад сол мегузашт, вале он ҳанўз дар ҳолати вайронӣ қарор дошт. Ҳангоме ки дар Хуросон бо ҳиммати сарбадорон бисоти ҳукумати муғул барчида мешуд, Бухороро сайёҳи маъруф чунин мебинад, ки «ҷуз қисмати кўчаке вайрона аст ва мардуми он дар хорӣ ба сар мебаранд….ва ин ки дар Бухоро касе пайдо намешавад чизе аз илм бидонад ва ё бад-он таваҷҷўҳе дошта бошад». 

Ҷойи таассуф аст, ки сатҳи ошноӣ ва истифодаи муаррихону андешмандони тоҷик бо ин асари арзишманд дар сатҳи лозим қарор надорад. Дар ин гуфтор кўшиш мешавад, ки мавориди истифодаи истилоҳи тоҷик ва баъзе паҳлўҳои ҳаёти пурранҷу заҳмати мардуми тоҷик баён гардад. 

Бояд зикр намуд, ки дар асари Рашидаддин номи тоҷик ба шаклҳои зер омадааст: тоҷик (4 бор), тоҷикон (1 бор), тожик (беш аз 40 бор) ва тожикон (6 бор). Дар камтар аз осори дигари таърихиву адабӣ истилоҳи тоҷик бо чунин касрат зикр мешавад.

Нахустин мавриди истифодаи ин калима дар асари Рашидаддин, ки барои мо хеле ҷолиб буда, камтар мавриди пажўҳиш қарор гирифтааст, ҳамчун истилоҳи ҷуғрофӣ корбаст шудани калимаи тоҷик мебошад. Дар ҳар чаҳор маврид муаллифи асар калимаи тоҷикро ҳангоми тавсифи ҳудуди муайяне оварда, ҳаводиси «вилояти тоҷик»-ро баён намудаст. Зимни тавсифи воқеаҳои «соли мурғ» ва моҳи сафари соли 622 ҳиҷрии қамарӣ, ки муродиф аст бо соли 1225 милодӣ, муаллиф қайд менамояд, ки Чингизхон «дар баҳори ин сол ба урдуҳои худ фурў омад ва ҳафтум сол буд, ки ба азми вилояти Тоҷик бар нишаста буд». Дар се мавриди дигар ҳам, ки ин истилоҳ омадааст, сирфан сухан аз «вилояти Тоҷик» меравад. Дар мавриди дигар, ки ҳодисаҳои «соли гов» (соли 1256) баён гардидаанд, муаллиф аз «омадани ҷамъе додхоҳон аз билоди малоҳида» (манзур исмоилиёни Аламут) сўҳбат намуда, азимати Ҳулогухон ба «ҷониби вилояти Тоҷик» ва барандохтани давлтдории исмоилиёни Аламутро шарҳ медиҳад. Дар ду мавриди дигар ҳам, Рашидаддин ҳамин воқеаро бо ҷузъиёти бештар ёдовар шуда, юриши Ҳулогухон «ба ҷониби ғарбӣ ва вилояти тоҷик»-ро тазаккур медиҳад (6). Қалъаи Аламут – маркази давлатдории исмоилиён ва самти ғарбии он, ки ҳудуди Эрони имрўза ҳаст, ба қаламрави «вилояти Тоҷик» дохил карда шудааст. Яъне Рашидуддин Эронро аз қавли муғулҳо сарзамин тоҷик меномад. 

Муаррихони ватаниву хориҷӣ ба ин нукта камтар таваҷҷўҳ доштаанд. Мо зимни инъикоси таърихи давлатҳои пас аз исломӣ ибораҳое назири «давлати Сомониён» ё «давлати Ғазнавиён»-ро истифода мебарем, дар ҳоле ки манобеи ин аср ва баъд ҳам ҳеч гоҳ чунин иборотеро ба кор набурдаанд ва унвони раҳбари ин давлат «амири Хуросон» будаву ин марз ҳам Хуросон номида мешуд. Ё ин ки сарзамини Мовароуннаҳру Хуросон мегўем ва аз истеъмоли чунин вожаи нобу бобе чун «вилояти Тоҷик» ғафлат меварзем. Истилоҳи «Тоҷикистони таърихӣ», ҳатто дар миёни муарихони тоҷик ҳам мухолифони худро пайдо карда, дар миёни муаррихони кишварҳои ҳамсоя ҳам чун кўшиши нави тақсими Осиёи Марказӣ ё фузунхоҳӣ маънидод гардид. Ибораи «Тоҷикзамин» ҳам, ки тавассути донишманди  тоҷик Юсуфшоҳ Яъқубшоҳ истифода гардидааст, аз тарафи дигар муҳақиқон бо эҳтиёт истифода мешавад, дар ҳоле ки аз ибороте назири «Тоҷикистони таърихӣ» ва «Ориёнои Бузург» воқеитар аст.  

Истилоҳи «вилояти тоҷик» - ро ҳамчун вилоят, ки маънии кишвар ё мамлакатро дорад, дар дигар осори аҳди муғул ҳам дидан мумкин аст. Саъдӣ, ки ҳамасри Рашидаддин асту осораш, оинаи тамомнамои ин даврон аст, дар боби аввали «Бўстон» ҳикояти дилпазире дорад, ки матлаи он чунин аст:

 

За дарём Уммон баромад касе,

Cафар карда ҳомун дарё басе.

 

Араб дидаву Турку Тоҷику Рум

Зи ҳар ҷинс дар нафси покаш улум.

 

Ба сабаби он ки бештари ҷамъияти сарзамини Мовароуннаҳру Хуросонро дар аҳди муғул тоҷикон ташкил медоданд, муаллифи асари «Маҷмаъу-л-ансоб» Шабанкораӣ султон Муҳаммади Хоразмшоҳро, ки сарзамину мардуми худро ба ҳолашон гузошта, фирор карда буд, «султони тозик» меномад . Муаррихи аврупоӣ Константин д’Оссон ҳам ба манобеи давраи муғул истинод намуда, қаламрави миёни Чин ва Бағдодро «сарзамини Тоҷик» мехонад.

 

 (Давом дорад)

 

Сайфулло Муллоҷонов - мудири шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ

Яндекс.Метрика