Идомаи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат

Ҳозирини гиромӣ!
Ҳоло дар кишвар 3 хона – интернати пиронсолон ва маъюбон бо 384 нафар бошандагон, аз ҷумла 196 нафар пиронсолон 4 хона – интернати беморони рӯҳӣ бо 893 нафар бошандагон, аз ҷумла 842 нафар маъюбони бемориҳои рӯҳӣ, 61 мактаб-интернат, аз ҷумла 14 мактаб – интернати ҷумҳуриявӣ ва 47 мактаб – интернати дорои мақоми маҳаллӣ фаъолият дорад.
Дар муассисаҳои зикршуда 7706 таълимгиранда, аз ҷумла 2508 нафар духтарон, ки аз онҳо 108 нафар ятими кулл, 1431 нафар бе падар, 316 нафар бе модар, 121 нафар бепарастор, 241 нафар фарзандони волидайни бемории сироятидошта, ки аз уҳдаи нигоҳубини онҳо намебароянд, 42 нафар падар ё модари бемории рӯҳидошта, 67 нафар фарзандони волидайни нашъаманд, 1114 нафар аз оилаҳои камбизоат ва 3773 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд зери сарпарастии доимӣ ва ғамхории моддиву маънавии давлат қарор доранд.
Бо ин ҳама исрофкориву хурофотпарастӣ, зиёдаравию каҷравӣ дар дин, намоишкориву риёкорӣ, ифротгароӣ ва баъзан террор, ки гуё ба хотири Худо даст мезанем, як нуктаи муҳимро фаромӯш мекунем: пушти деворамон, дар хонаи ҳамсоя, дар маҳалли зистамон, деҳаамон, ноҳия ё вилоятамон ва дар кишварамон шахсоне зиндагӣ доранд, ки муҳтоҷи кӯмак ва меҳру шафқати мову шумо ҳастанд!!!
Куҷо шуд таълимоте, ки гузаштагони мо мегирифтанд, куҷо шуданд домуллоҳое, ки гузаштагони моро дар чунин рӯҳияи инсонӣ тарбия мекарданд?
Магар ходимони динамон рисолати аслии худро фаромӯш кардаанд?
Ин гуфтаҳо ба он маъно нестанд, ки давлат наметавонад ба бошандагони ин гуна муассисаҳо ғамхорӣ намояд, балки барои тафаккуру андеша кардан ва роҳи дурустро дар зиндагиву рӯзгордорӣ пайдо кардан, аҳли ҷомеаро дар рӯҳияи инсондӯстӣ, на ифротиву хурофотӣ тарбия кардан аст!!!
Ана ин аст, рисолати ходимони дин.
Паёмбари ислом дар ин маврид мефармоянд: «Он нафаре, ки ятимеро ба сарпарастӣ мегирад, фардо рӯзи қиёмат ҳамроҳи ман якҷо мебошад».
Ҳамватанони азиз!
Ҳар қавму миллате, ки дар рафтори он нишонаҳои ҷаҳолату хурофотпарастӣ густариш меёбанд, он миллат аз зиндагии босаодат маҳрум мегардад.
Инро дар мисоли чандин кишварҳои ҷаҳон дар шароити имрӯза низ мушоҳида кардан мумкин аст.
Аз ин рӯ, мардуми мо бояд огоҳ бошанд ва фирефтаи тарғиботи душманони дину ойин ва миллату мазҳаби худ нашаванд.
Мо мардуми Тоҷикистон ҳамеша дар мазҳаби муътадил ва таҳаммулгарои Имом Абӯҳанифа будем ва намегузорем, ки дар байни мардуми кишвар бо истифода аз эҳсосоти динӣ фикру андешаҳои радикалии динӣ ва экстремистӣ паҳн гарданд.
Дар робита ба ин, як андешаи худро, ки борҳо гуфтаам, бори дигар хотирнишон менамоям: хурофот хатарест, ки ба имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ва минтақа таҳдиди ҷиддӣ дорад.
Борҳо гуфтаам, имрӯз низ баён медорам, ки хурофот ҷаҳолат аст, ҷаҳолат барои миллат танҳо бадбахтӣ меорад.
Таҷрибаи беш аз сивудусолаи ҳамкориҳои мо бо кишварҳои олами ислом, бахусус, кишварҳои арабӣ нишон медиҳад, ки рӯй овардан ба илм, омӯзиш ва рушди илмҳои риёзиву табиӣ ва техникӣ, истифодаи дастовардҳои пешқадами илмӣ ва татбиқи технологияҳои муосир онҳоро ба тараққиёти бесобиқа расонида, боиси аз байн рафтани фаҳмишҳои шахшуда ва куҳна гардида истодааст.
Барои мисол, суръати рушди кишварҳои мусулмоннишинро дар мисоли Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Кувайт, Баҳрайн, Малайзия ва дигарҳо мегирем, ки бо чӣ суръат рушд карда истодаанд.
Онҳо хуб дарк кардаанд, ки омили наҷотбахши инсоният танҳо илм ва рӯ ба илмомӯзӣ овардани насли ҷавони кишвар аст.
Ба ин хотир, аз ҳама имкониятҳо истифода карда, ҷавононро ба илму омӯзиш ҳидоят намуда, зиндагии босаодати сокинонашонро таъмин карда истодаанд.
Ё ҳодисаҳои чанд соли охирро гирем.
Вақте ки дар ҷаҳон вазъияти пандемия эълон шуд, кӣ тавонист ҷони мардуми худ, халқи худ ва дар умум, инсонҳоро наҷот диҳад?
Албатта, кишварҳое, ки дар онҳо илму техникаву технология ва ҷаҳонбинии илмӣ, сарфи назар аз муносибаташон ба дин, рушд карда, сатҳи маърифатнокию саводнокии аҳолии ин кишварҳо пеш рафтааст.
Мо чӣ кор кардем?
Вақте, ки коронавирус тамоми ҷаҳонро фаро гирифт, кишварҳо дар фикри ихтирои ваксина шуданд, аммо дар мо аз хурофоту нодонӣ дар яке аз ноҳияҳо панҷ нафар як сироятёфтаро дуохонӣ карданд.
Натиҷа ҳамин шуд, ки ҳамагӣ сироят ёфтанд ва аз олам гузаштанд.
Охир бо даму дуо бар зидди вирус мубориза бурда мешавад?
Ё ҳодисаи таги забони кампирро бо мақсади ҷинбарорӣ буридани як муллои ҷодугарро ҳама шунидем.
Бовар кунед, ки ин ҷаҳолат аст!
Дар коғаз, ки худаш маводи кимиёӣ аст, бо ранг, ки инаш ҳам кимиёист, тӯмор навиштану онро об кардану нӯшидан, худро бо дасти худ заҳролуд кардан аст охир!
Дар робита ба ин, таъкид менамоям, ки ояндаи Тоҷикистон низ маҳз аз сатҳи маърифати мардум ва пешрафти илму техника вобаста буда, ҷалби ҷавонону наврасон ба илму дониш ва касбу ҳунар бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҳамаи аҳли ҷомеа қарор дошта бошад.
Ходимони дин низ вазифадоранд, ки ҷавонону наврасонро ба омӯзиши илму донишҳои дунявӣ, хусусан, фанҳои риёзиву табиӣ ва техникӣ ҳидоят намоянд.
Имом Ғазолӣ дар китоби «Эҳёи улуми дин» мегӯяд, ки талаби илмҳои ниёзи ҷомеа, ба монанди тиббу ҳисоб ва ғайра фарзи кифоя мебошад.
Ҳамватанони азиз!
Дини мубини ислом гуногунзабонӣ, гуногунфикрӣ ва дорои фарҳанги мухталиф будани халқу миллатҳоро эътироф кардааст.
Масалан, дар Қуръони карим ин матлаб дар ояти 13-уми сураи «Ҳуҷурот» возеҳ баён шудааст:
«Эй мардум, ба дурустӣ, ки шуморо аз як марду як зан офаридем ва шуморо қавмҳо ва қабилаҳо сохтем, то бо якдигар шиносо шавед…».
Яъне дар шакли қавмҳо ва қабилаҳо будани инсонҳо иродаи Парвардигор буда, онҳо аз якдигар маҳз бо миллият, расму ойин, забону фарҳанг, либоси ба худ хос ва дигар унсурҳо бояд фарқ кунанд.
Вагарна, аз кадом қавму қабилаву миллат будани инсонҳо номаълум хоҳад монд.
Бегонапарастӣ дар сару либос, яъне пӯшидани либоси бегона бо номҳои сохтаи сатру ҳиҷоб дигар масъалаи мубрам барои ҷомеаи мо мебошад.
Бегонашавии одоб ва расму ойини либоспӯшӣ – бегонашавии фарҳангист, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллатро халалдор месозад.
Имрӯз гурӯҳҳое пайдо шудаанд, ки мехоҳанд барои амалисозии нақшаҳои ғаразноки худ ҳамаро зери як шиор тағйир диҳанд.
Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои муътамад дар замони Абӯҳанифа низ олимон ва донишмандони зиёде шоҳиди сӯйистифода аз дин ба хотири манофеи сиёсӣ буданд, аммо касе ба андозаи Абӯҳанифа ҷуръат надошт, ки ба таври ошкоро мухолифати худро бо худсариву қаҷравӣ баён кунад.
Тавре ки имрӯз мушоҳида мекунем, гурӯҳҳои ифротӣ ва бегонапараст кӯшиш мекунанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ бо шиорҳои динӣ моро аз давлату миллати худ, аз асли тоҷик будан ва пояҳои устувори таъриху тамаддуни ниёгонамон дур созанд.
Дар ҳоле, ки ислом либос наовардааст ва ҳамаи миллатҳо ва қавму қабилаҳо либоси миллии худро бо шартҳои исломӣ мутобиқ кардаанду халос.
Воқеият баёнгари он аст, ки ҳар миллат бинобар собиқаи фарҳангии худ дар либоспӯшӣ рафтору анъанаҳои махсус дорад, ки арзишҳои моддиву маънавии гузаштаи онро инъикос менамояд ва ҳар миллат аз рӯйи забон, фарҳанг ва шаклу тарзи либоспӯшияш шинохта мешавад.
Модарону бонувони мо – тоҷикон низ тарзи хоси либосҳои миллии худро доштанд ва онро ба мо мерос гузоштаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар баробари зебоиву рангорангӣ меъёрҳои ахлоқиву эътиқодии мардуми бостонии моро инъикос мекард.
Аз ин лиҳоз, мо бояд ба хотири ҳифзи асолат ва арзишҳои миллӣ воридшавии либосҳои ба ном динӣ, аммо ба урфу одат ва фарҳанги мо бегонаро пешгирӣ намоем.
Магар ба ҷойи тақлид ба либоси бегона босаводу боиффат будан, эҳтироми падару модар ва шавҳарро ба ҷо овардан беҳтар нест?
Кумитаи кор бо занон ва оила вазифадор карда мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо тарроҳони ватанӣ тарҳҳои зебову гуногуни либоси миллиро мувофиқи ниёзҳои эътиқодиву ахлоқии занону хоҳарон ва модарони мо таҳия ва пешниҳод созанд.
Ба Шӯрои уламои Маркази исломӣ тавсия дода мешавад, ки дар муҳлати як моҳ назари худро оид ба масъалаи мазкур дар доираи манфиатҳои давлати Тоҷикистон ва фарҳанги миллӣ бо арҷгузорӣ ба арзишҳои мазҳаби ҳанафӣ муайян намояд.
Муҳтарам ходимони дин!
Шумо хуб медонед, ки ходим, яъне хизматгори дин будан маънии масъулият доштан ҳам дар назди Худо ва ҳам дар назди мардумро дорад.
Чунин масъулияти бузург аз ҳар яки шумо тақозо менамояд, ки, пеш аз ҳама, худатон дар гуфтору рафтору кирдор ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ намунаи ибрати ҷомеа бошед.
Дар марҳалаҳои муайяни таърихӣ сӯйиистифода аз дин ва арзишҳои динӣ аз ҷониби қишри руҳоният боис гардидааст, ки дар зеҳни мардум доир ба мақому шахсияти онҳо тасаввури ғалат пайдо гардад.
Дар натиҷа баъзеҳо мулло ё ходими дин буданро касб медонанд ва чунин ашхос муллогии худро ҳамчун василаи рӯзгузаронӣ истифода мекунанд.
Бояд гуфт, ки муллогӣ касб набуда, балки хизмати холисона дар роҳи Худо барои мардум, яъне ба хотири савоб гирифтан аст.
Масалан, дар баъзе кишварҳои мусулмоннишин ходимони дин барои савоб моҳҳо дар масҷидҳо навбат мепоянд, то ки чанд маротиба имоматӣ кунанд.
Такрор мекунам, ки на барои дарёфти музд, балки ба хотири савоб.
Дар як ҳадиси саҳеҳ таъкид шудааст, ки «Беҳтарин чизе, ки шахс мехӯрад, аз меҳнати дасташ аст».
Аз Бобои Одам (деҳқон) то Паёмбари мо Ҳазрати Муҳаммад ҳама паёмбарон касбу коре (чӯпонӣ, дӯзандагӣ, тоҷирӣ) доштаанд.
Ҳазрати Нӯҳ устои дуредгар, Идрис – дӯзанда, Солеҳ – тоҷир, Довуд – оҳангар, Сулаймон сабадбоф буда, ризқу рӯзии худро аз заҳмати ҳалол ёфтаанд.
Бо заҳмати ҳалол нон хӯрдану аз ҳосили заҳмати ҳалол садақоту хайрот намудан ҷавҳари таълимоти динҳои ҷаҳонӣ ва ислом мебошад.
Тавре ки медонед, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар дар Паёми Роҳбари давлат соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид.
Мақсад аз қабули ин қарор баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани ҳимояи ҳуқуқи инсон мебошад.
Тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба қонун ва таъмин намудани волоияти он, ба роҳ мондани усули ҳамкории самараноки давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии «Соли маърифати ҳуқуқӣ» мебошад.
Дар робита ба ин, мақомоти дахлдори давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳли ҷомеа, хусусан, ходимони динро зарур меояд, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳи маърифатнокии аҳолии кишвар, аз ҷумла дарки амиқу бечунучарои муқаррароти моддаи якуми Конститутсия, ки тибқи он Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи иҷтимоӣ мебошад, махсусан, доир ба моҳияти дунявии давлат масъулияти бевосита зоҳир намоянд.
Ходими дини масъулиятшинос ва дӯстдори Ватану миллату давлат ҳеҷ гоҳ дар корҳои неки тарбияи ахлоқии ҷомеа, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта бетарафӣ намекунад ва саҳми худро дар ободии Ватан ва рушди ҳамаҷонибаи кишвар мегузорад.
Шумо шояд аз дигарон беҳтар медонеду мефаҳмед, ки ҳубби Ватан, яъне дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имон аст.
Ба мардум, хусусан, ба наврасону ҷавонон фаҳмонидани эҳтироми падару модар, шахсони калонсол, одобу ахлоқи ҳамида, бахусус, фарҳанги муоширату муомила дар кӯчаву хиёбон ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, одоби оиладорӣ ва бисёр масъалаҳои дигари иҷтимоӣ вазифаи имониву виҷдонии шумо мебошад.
Яъне масҷид ҳамчун воситаи эътиқодӣ бояд дар ҳаёти ҷомеа нақши арзишманди тарбиявию ахлоқӣ дошта бошад, на макони ғайбату туҳмат, ҷойи баҳсу мунозираи сиёсӣ ё гумроҳ кардани мардум.
Худованд дар ояти 9 сураи «Ҷумъа»-и Қуръони карим одоби масҷидро сароҳатан баён намудааст: «Ва чун намоз поён ёфт, дар замин пароканда шавед ва ризқи Худоро талаб кунед…».
Боре Ҳазрати Умар ба масҷид омад, ки гурӯҳе аз одамон нишаста буданд, фармон дод, ки аз масҷид берун шаванд.
Пас афзуд, ки оё шумо интизоред бароятон аз осмон тиллову нуқра мерезад?
Бархезед ва аз пайи касбу кор шавед!
Ходимони дин метавонанд ва вазифадоранд, ки дар ислоҳи маънавиёти ҷомеа, пешгирӣ кардани бадахлоқиву ҷинояткорӣ, вайроншавии оилаҳои ҷавон, таъмини риояи Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим, пешгирии ифротишавии ҷавонон, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дар шароити ниҳоят мураккабу буҳронии имрӯза барои гирифтани пеши роҳи ифротгароӣ қарзи имонӣ ва рисолати шаҳрвандии худро иҷро намоянд.
Кор дар ин самт бояд тавре ба роҳ монда шавад, ки барои ифротӣ шудани як нафар ҳама эҳсоси масъулият дошта бошанд, аз раиси шаҳру ноҳия сар карда, то раиси ҷамоату маҳалла, ходими дин ва волидайну омӯзгорон дар назди қонун ва ҷомеа эҳсоси ҷавобгарӣ намоянд.
Мову шумо бояд шукрона кунем, ки соҳиби Ватани ободу озод ҳастем, аз боду ҳавои он нафас мекашем, бо нону намаку оби ҳамин диёри бостонӣ ба камол расидаем ва фарзандону набераҳоямонро дар муҳити орому осудаи он ба воя мерасонем.
Шукрона кунем, ки мову шумо соҳибватану соҳибдавлат ҳастем, шукрона кунем, ки узви кулли созмонҳои байналмилалӣ ҳастем ва дар қатори кишварҳои ҳатто абарқудрати ҷаҳон соҳиби як овоз ҳастем, шукрона кунем, ки моро дар арсаи байналхалқӣ чун кишвари фаъол, муаллифи панҷ ташаббуси сатҳи ҷаҳонӣ мешиносанд ва эҳтирому эътироф менамоянд.
Пас биёед, ба қадри ин Ватан, ин сарзамини биҳиштосои аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва нону намаки он расем, ба хотири ободии боз ҳам бештари Тоҷикистони азизамон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон муттаҳиду сарҷамъона ва софдилонаву содиқона заҳмат кашем.
Нагузорем, ки фарзандони мову шумо, яъне оянда ва баракату саодати минбаъдаи мо василаи дасти дигарон ва боиси бадномии миллати тамаддунсози тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ гарданд.
Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки танҳо кадрҳои замони нав, яъне мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир метавонанд Ватан ва давлатро соҳибӣ кунанд, обод созанд, тараққиёти давлатро таъмин намоянд ва ҷомеаро пеш баранд.
Дар ҳазораи сеюм танҳо давлату миллатҳое ҳастии худро ҳифз карда, пеш рафта метавонанд, ки илму дониши пешрафта ва техникаву технологияҳои замонавӣ дошта бошанд.
Бинобар ин, ҳар яки мо вазифадорем ва дар назди наслҳои имрӯзу оянда, барои тақдири Ватан, давлат ва миллат масъулият дорем, ки рӯ ба мактабу маориф оварем, барои фарзандонамон шароит муҳайё кунем, ки бесавод намонанд, илму дониш омӯзанд ва касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ намоянд.
Ин вазифаи ҷонии падару модарони азиз, аҳли маориф, роҳбарони тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, зиёиён, фаъолон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли ҷомеа, аз ҷумла ходимони дин мебошад.
Бори дигар такрор мекунам, ки мусулмонии мо ва тоату ибодати моро касе аз мо намегирад.
Вале пешрафти давлат, ободии Ватан ва болоравии сатҳу сифати зиндагии мардумро танҳо бо тоату ибодат таъмин кардан мушкил аст.
Талаботи замони нав дигар аст.
Мо бояд хонем, илм омӯзем, илмҳои дақиқу риёзиро рушд диҳем, техникаву технологияҳои навтаринро аз худ кунем, кадр тарбия кунем ва заҳмат кашем, то зиндагии имрӯзаамон нисбат ба дирӯз ва фардоямон нисбат ба имрӯз беҳтар гардад.
Мо бояд сатҳу сифати зиндагии мардумамонро боз ҳам баланд бардорем.
Фарзандонамонро тавре тарбия намоем, ки дастгиру ғамхори мо бошанд, донишманд шаванд, соҳибмаърифат ва мутаххассиси замони нав гардида, одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ дошта бошанд.
Мову шумо фарзандро барои он ба дунё оварда, ба камол мерасонем, ки дар аёми пирӣ дастгирамон гардад.
Дар хотир дошта бошем, ки роҳбарони гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ки фарзандони мову шуморо ба сафҳои худ ҷалб менамоянд, азоби таваллуд кардану ба воя расонидани фарзандони моро накашидаанд, заҳмати бедорхобиро надидаанд ва ба онҳо нону об надодаанд.
Аз ҳамин хотир фарзандони мову шумо барои онҳо ҳеҷ арзиш надоранд, дар як лаҳза онҳоро ба террористи худкуш табдил дода, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ месозанд.
Баъди аз даст додани онҳо танҳо ҷони падару модар месӯзаду халос.
Мо набояд гузорем, ки номи фарзандони мо дар таърихи миллат ҳамчун террорист ё ифротгаро сабт шавад.
Ин дар шаъни падару модари тоҷик ва миллати соҳибфарҳангу бостонии тоҷик айб аст.
Пас биёед, фарзандонамонро тарбия намоем, илм омӯзонем, китобхон кунем ва соҳибкасб гардонем, ки дар зиндагии ояндаи худ азият накашанд, роҳгум назананд, дастёр ва ғамхори падару модар бошанд.
Маҳз ба ҳамин хотир мо ин масъаларо дар сатҳи меъёри Конститутсия қабул намудем.
Мо бояд иттиҳоду ҳамбастагӣ, сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллиамонро, ки ҷавшани мо дар муқобили хатарҳои замони муосир мебошанд, чун гавҳараки чашм ҳифз кунем, зеро қудрати мо дар иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандӯстӣ ва заҳмати содиқонаи мо ба хотири ободии Ватан ва рушди давлатамон аст.
Ҷавонони азиз, соҳибони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол!
Ман ба шумо муроҷиат карда, таъкид менамоям, ки истиқлолу озодиро, ки беҳтарин неъмат барои миллати озодихоҳи тоҷик мебошад, ҳифз намоед!
Ин Ватани биҳиштосоро дӯст доред, онро чун амонати аҷдодамон ҳимоя кунед!
Аз тоҷик будани худ ифтихор дошта бошед, зеро гузаштагони мо – фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар рушди фарҳангу тамаддуни башарият саҳми бузург гузошта, роҳи ҷаҳониёнро ба сӯйи ҳамзистиву ҳамбастагӣ мунаввар сохтаанд.
Барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ омода бошед, то дар ин хоки муқаддас хоҳарону модарони шарафманди мову шумо зиндагии осуда дошта бошанд.
Исбот кунед, ки насли Куруши Кабиру Муқаннаъ, Спитамену Деваштич, Темурмалику Восеъ ва ҳазорон фарзонагони далеру шуҷои ин Ватан ҳастед!
Ман ба нангу номус, ақлу заковат, нерӯи зеҳниву ҷисмонӣ, ҳисси баланди истиқлолу озодихоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва шуҷоату ҷавонмардии ҳар яки шумо итминон дорам.
Ҳамватанони азиз!
Борҳо таъкид доштаам ва имрӯз низ батакрор иброз медорам, ки дар зиндагӣ зираку худогоҳ бошед, фирефтаи ҳадафҳои ғаразноки гурӯҳҳои манфиатҷӯ нашавед.
Дар хотир дошта бошед, ки касе дар фикри обод кардани Ватани мову шумо, хонаву дару кошонаи мову шумо нест.
Мо худамон бояд Ватани аҷдодиамонро обод созем ва барои наслҳои оянда як давлати мутамаддину пешрафта ба мерос гузорем!
Ман медонам, ки мо ҳанӯз садҳо мушкиливу камбудӣ дорем.
Мо акнун давлат бунёд карда истодаем!
Аммо бо итминон иброз медорам, ки мо қудрати бартараф кардани ҳама гуна камбудиву мушкилоти мавҷударо дорем.
Мо сангинтарин мушкилоти солҳои ҷанги шаҳрвандиро якҷоя бартараф сохта, ба ин рӯзҳои нек расидем, дар ҳоле, ки баъзеҳо мегуфтанд, ки мо аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест мешавем, аммо нашудем, яъне тирашон хок хӯрд.
Баръакси хостаҳо ва нақшаҳои душманони миллат дигарбора эҳё шудем, давлатамонро аз нестшавӣ ва миллатамонро аз хатари пароканда шудан наҷот додем ва соҳибӣ кардем.
Дур нест рӯзе, ки мову шумо барои худамон зиндагии аз ин ҳам беҳтарро месозем ва номи худро дар саҳифаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт месозем.
Зеро халқи мо – мардуми сарбаланди Тоҷикистон – барои бунёди зиндагии аз ин ҳам босаодату осуда қудрату тавоноӣ доранд!
Бори дигар тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бо фарорасии моҳи мубораки Рамазон табрик мегӯям.
Ба тамоми мардуми Тоҷикистон саломатӣ, сулҳу субот, хонаи обод, файзу баракат ва ба ҳамаи шумо – ҳозирини арҷманд – дар роҳи ҳимояи истиқлолу озодии Ватан ва ҳифзи арзишҳои асили милливу динӣ барору комёбӣ орзу менамоям.
Саломат бошед!

Яндекс.Метрика