Ибни Сино

⚠️Ку дил, ки донад нафаси асрораш,
Ку гӯш, бишнавад даме гуфтораш.
Маъшуқ ҷамол менамояд шабу рӯз,
Ку дида, ки то бархӯрад аз дидораш!

⚠️Се чиз бибурд аз се чизи ту мисол,
Аз рух гулу аз лаб мулу аз рӯй ҷамол.
Се чиз бибурд аз се чизам ҳама сол,
Аз дил ѓаму аз рух наму аз дида хаёл!

⚠️Гуфтам, ки чаро чу абр хунборонам,
Гуфт: - аз пайи он ки чун гул хандонам.
Гуфтам, ки чаро бе ту чунин гирёнам?
Гуфт: аз пайи он ки ту танӣ ман ҷонам!

⚠️Гар зулфи ту солу моҳ ларзон будӣ,
Анбар ба баҳо ҳамеша арзон будӣ.
В-ар на рухи ту ба зулф пинҳон будӣ,
Рӯзу шаб аз ӯ ба нур яксон будӣ!

⚠️Дар парда сухан нест, ки маълум нашуд,
Кам монд зи асрор, ки мафҳум нашуд.
Дар маърифатат чу нек фикре кардам,
Маълум шуд, ки ҳеҷ маълум нашуд!

⚠️Рафт он гӯҳаре, ки буд пирояи умр,
В-овард замона тоқи сармояи умр.
Аз мӯйи сапедам сари пистони умед,
Бингар, ки сиёҳ мекунад дояи умр!

⚠️З-он, ки аз ҷаҳон фурӯ монӣ фард,
Он беҳ, ки набоядат пушаймонӣ хвард.
Имрӯз бикун, чу метавонӣ коре,
Фардо чӣ кунӣ, ки ҳеҷ натвонӣ кард!

⚠️Бингар зи ҷаҳон чӣ тарф барбастам - ҳеҷ,
В-аз ҳосили айём чӣ дар дастам - ҳеҷ.
Шамъи тарабам гир, чу биншастам - ҳеҷ,
Худ ҷоми ҷамам гир, чу бишкастам - ҳеҷ!

⚠️Бигсист фалак, чу иқд дурдонаи субҳ,
Пур дурри хушоб кард паймонаи субҳ.
Ӯ низ чу ман асиру шайдо гашта,
К-эй ошиқи шомгоҳу девонаи субҳ!
✍️Абу Али Ибн Сино.

Таҳиякунанда: А. Қодирӣ

Яндекс.Метрика