Имом Зуфар дар байни шогирдони Абӯҳанифа (р) пештар аз Абӯюсуфу Муҳаммад буд. Зуфар дар соли 158-и ҳиҷрӣ дар синни 48 - солагӣ дунёи фониро падруд гуфт. Падари Зуфар (р) араб ва модараш форс буда, дар ӯ хусусиятҳои арабию форсӣ дида мешуд. Имом Зуфар дар ҳуҷҷат қавӣ буда, фиқҳи раъйиро аз Абӯҳанифа (р) фаро гирифта бар дигарон ғолиб омада буд. Ӯ дар қиёс яке аз шогирдону ёрони Абӯҳанифа (р) дониста мешуд.
Дар “Таърихи Бағдод” омадааст: “Дар баробарвазнии чаҳор имоми ҳанафӣ, аз Музанӣ пурсидаанд, ки қисса чунин аст: “Марде ба назди Музанӣ омада, аз аҳли Ироқ пурсон шуда гуфт: “Дар ҳаққи Абӯҳанифа (р) чӣ мегӯӣ?” Ӯ дар ҷавоб гуфт: “Абӯҳанифа (р) пешво ва сарвари онҳост”. Он мард гуфт: “Абӯюсуф чӣ?” Гуфт: “Тобиътарини онҳо ба ҳадис аст”. Мард пурсид: “Муҳаммад ибни Ҳасан чӣ?” Музанӣ гуфт: “Зиёдтарини онҳо дар тафриъ аст”. Он мард боз пурсид: “Зуфар чӣ?” Музанӣ ҷавоб дод: “Қавитарини онҳо дар қиёс аст”.
Ҳаминро қайд кардан ба маврид аст, ки аз Зуфар на китоб ва на ривояте аз устодаш дар даст нест. Сабаби он умри кӯтоҳи ӯ баъд аз вафоти устодаш мебошад. Воқеан ӯ ҳашт сол баъд аз вафоти устодаш дунёро падруд гуфтааст. Абӯюсуф ва Муҳаммад баъди вафоти Абӯҳанифа (р) зиёда аз сӣ сол зиндагӣ кардаанд. Барои китобат, тадвин, муроҷаъа ва тадрис замони бештаре насиби онҳо гардидааст. Имом Зуфар назариёти устодашро аз тариқи гуфтор нашр кардааст. Ӯ замони дар қайди ҳаёт будани Абӯҳанифа (р) мансаби қозигиро дар Басра анҷом медод.
Дар китоби “ал- Интиқо”-и Ибни Абдулбар чунин омадааст: “Имом Зуфар мансаби қозигиро дар Басра бар уҳда доштааст. Имом Абӯҳанифа (р) ба ӯ гуфт: “Худ такаббурию дӯшманӣ ва ҳасади байни мо ва аҳли Басраро медонӣ. Ман хаёл мекунам, ки ту аз онҳо ҷон ба саломат барӣ”. Ҳангоме, ки Зуфар ба Басра ворид шуд намуд, аҳли илм дар гирди ӯ ҷамъ омадаанд. Ва дар фиқҳ ҳар рӯз бо ӯ баҳсҳо анҷом медоданд. Агар дар онҳо қабул ва сухани некро мешунид, мегуфт: Ин қавли Абӯҳанифа (р) аст. Онҳо мегуфтанд: “Оё инро Абӯҳанифа (р) гуфтааст?” Зуфар дар ҷавоб мегуфт: “Оре, ва аз ин ҳам зиёдтар мегӯяд”. Пас бо ин тариқ бо онҳо мудовамат мекард. Ҳамчунин вақте ҳуҷҷатоварӣ мекард, аз онҳо қабул, ризо ва таслимро медид, мегуфт: “Ин қавли Абӯҳанифа (р) аст”.
Дар натиҷа аҳли Басра дар тааҷуб меафтоданд. Ин ҳолати Зуфар бо онҳо то ҷое идома ёфт, ки бисёре аз онҳо аз суханони қабиҳе, ки дар ҳаққи Абӯҳанифа (р) мегуфтанд, баргашта, сухани нек гуфта муҳаббатмеварзиданд”.
Зуфар ҳалқаи дарси Абӯҳанифаро баъд аз вафоташ ҳамчун ҷонишин идора мекард. Сипас Абӯюсуф онро идома додааст.
Мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъҳазҳои исломӣ Исоев Н.