❗Гуфтам: «Ғами ту дорам». Гуфто: «Ғамат сар ояд»,
Гуфтам, ки: «Моҳи ман шав». Гуфто: «Агар барояд».
Гуфтам, ки: «Куфри зулфат гумроҳи оламам кард»,
Гуфто: «Агар бидонӣ, ҳам ӯ-т раҳбар ояд».
Гуфтам: «Зи меҳрварзон расми вафо биёмӯз»,
Гуфто: «Зи моҳрӯён ин кор камтар ояд».
Гуфтам, ки: «Нӯши лаълат моро ба орзу кушт»,
Гуфто: «Ту бандагӣ кун, к-ӯ бандапарвар ояд».
Гуфтам: «Дили раҳимат кай азми сулҳ дорад?»,
Гуфто: «Магӯй бо кас, то вақти он дарояд».
Гуфтам, ки: «Бар хаёлат роҳи назар бибандам»,
Гуфто, ки: «Шабрав аст ӯ, аз роҳи дигар ояд».
Гуфтам: «Хушо ҳавое, к-аз боғи хулд хезад»,
Гуфто: «Хунук насиме, к-аз кӯйи дилбар ояд».
Гуфтам: «Замони ишрат дидӣ, ки чун сар омад?»
Гуфто: «Хамӯш, Ҳофиз, к-ин ғусса ҳам сар ояд»!
✍️Ҳофизи Шерозӣ.
Таҳиякунандаи мавод: А. Қодирӣ