Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ дар соли 224 ҳиҷрӣ дар Омул-и Табаристонӣ Эрон ба дунё омадааст. Вай дар баробари муаррих буданаш, инчунин муфассири тавоно буд ва китоби «Таърихи Табарӣ»- ро таълиф кардааст, ки дар он воқеаҳо аз рўи тартиби солҳо тартиб дода шуда, то соли 302 ҳиҷриро фаро мегиранд.
Таърихи Табарӣ таърихи Эрон ва ҷаҳонро то аввалҳои садаи 4-уми ҳиҷрӣ дар бар мегирад. Ин китоб аслан манбаи аслии ҳамаи таърихнигороне аст, ки пас аз Табарӣ дар навиштани таърихи ислом кор кардаанд. Ӯ аз синни наврасӣ дар зодгоҳаш Табаристон ба омӯзиши илмҳои гуногун машғул шуда, дар синни 12-солагӣ асосҳои илмро омухта, аз Омул баромада, ба Рай меравад.
Пас аз чанд вақт Табарӣ Байнаннаҳрайнро тарк карда, ба Миср рафт, то бо асҳоби Рай шинос шавад. Дар ин сафар аз Димишқ ва Бейрут гузашт ва дар соли 253-и қамарӣ дар замони Аҳмад ибни Тулун вориди Миср шуд ва се сол дар он кишвар монд ва дар шаҳри Фостати Миср бо бархе аз уламои он кишвар таҳсил кард.
Дар сафарҳои зиёди худ бештари сафарномаҳоеро, ки пеш аз замони худ дар таърих ва ҷуғрофиёро дар бар гирифтаанд, омӯхтааст.
Ҳамчунин дар он сафарҳо бо муҳаққиқони мухталифи дунё вохурда, аз онҳо маълумоти зиёде гирифт. Пас аз се соли зиндагӣ дар Миср аз тариқи Сурия ба Бағдод баргашт ва пас аз муддати кӯтоҳ ба дидори зодгоҳаш ба Табаристон рафт ва дар соли 290 ба Омул омад. Пас аз чанде Табарӣ ба Бағдод баргашт ва дар маҳаллаи Раҳияи Яъқуб маскан гирифт ва таҳсилро идома дод.
Табарӣ дар Бағдод ҳангоми ба итмом расонидани дониши худ дар фикҳ, таърих ва ҳадис, Ӯ ҳамчунин шогирд тарбия мекард ва замоне, ки дар маҳаллаи Қантара-ул-Бардони Бағдод зиндагӣ мекард, ба навиштани таърихи хеш бо номи “Таъриху-р-русули вал-мулук”, ки бо номи “Тарихи Табарӣ” маъруф аст, оғоз кардааст. Ӯ ҳар рӯз чиҳил саҳифаи таърихи хешро гирдоварӣ мекард ва таърихи Табарӣ-ро тақрибан дар тӯли чиҳил сол навиштааст.
Ба ин тартиб ӯ аз синни 48-солагӣ ба гирдоварии нусхаҳои парокандаи сафарномаҳо шурӯъ кард ва аз синни 65-солагӣ 23 сол дар Бағдод пайваста ба таҳрири ёддоштҳои парокандаи худ машғул буд, то пеш аз марг онро ба итмом расонд.
Дар ин миён як маротиба ба Ҳиндустон низ сафар кардааст. Табарӣ ба ғайр аз таълифи таърихи худ бо хоҳиши ал-Муктафӣ, халифаи Аббосӣ китобе дар бораи вақф таълиф кардааст, ки дар он ақидаи тамоми уламо ва мусалмононӣ то он замонро дар бар мегирад. Дар он солҳо Табарӣ китоби мукаммали «Ал-Баён а-таъвил»-ро низ дар тафсири Қуръон таълиф намуд, ки бо тафсири Табарӣ шӯҳрат пайдо кард.
Исоев Н. - сармутахассиси шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ