Имрӯзҳо Ҳукумати ҷумҳурӣ барои занону модарон имкониятҳои зиёди омӯзиш ва рушдро муҳайё намудааст, ки ин барои рушди ҷомеаи мутамаддин ва ҳифзи арзишҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ нақши муҳим дорад.
Пешвои миллат дар паёми навбатии худ нисбат ба модарон бори дигар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, изҳор доштанд, ки “Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад”.
Дар ҳақиқат зан-модар дар фарҳанги миллии мо дорои эҳтиром ва арзиши махсус аст. Зеро бе зан ҳаёт вуҷуд дошта наметавонад ва зан модар давомдиҳандаи насли башарият буда, дар рушди инсоният нақши басо муҳим дорад.
Дар замони ҷаҳонишавӣ ва аз байн рафтани фарҳангҳои хурд ҷомеаи моро зарур аст, ки пеши роҳи бегонапарстиро гирифта, дар ҳифзи фарҳанги неки гузаштагон саҳм гузоранд.
Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ нақши занону модаронро муҳим арзёбӣ намуда, чунин гуфтанд: “Бовар дорам, ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд”.
Аз ин суханони Пешвои миллат фаҳмида мешавад, ки Пешвои миллат ба нерӯи зан модари тоҷик боварии комил доранд ва нақши онҳоро дар рушди давлатдорӣ муҳим меҳисобанд.
“Зеро онҳо эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва тарғибкунандаву посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳои асилу бостонии халқамон мебошанд”.
Ин нуктаро бояд ёдовар шуд, ки вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст. Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд. Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд. Ҳоло аз 214 ҳазор нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 90 ҳазор нафар ё 42 фоизро духтарон ташкил медиҳанд. Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем.
Дар ин росто, занону бонувон ва тамоми миллати тоҷикро зарур аст, ки дар бари Пешвои миллат рост истода ҷомеаро аз хурофоту бегонапарастӣ эмин нигоҳ доранд ва дар ҳифзу густариши фарҳанги миллӣ, ки ба гуфтаи Пешвои миллат “Фарҳанг ҳастии миллат” аст, камари ҳиммат банданд.
Одинаева Ш. Н – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ
Рамазониён А. Б – мутахассиси пешбари шуъбаи ҳуқуқи исломӣ