Агар ба ойнаи таърих назар афканем, таърихи дӯстии тоҷикону ӯзбекон аз давраҳои қадим сарчашма мегирад. Ин ду халқи бародар бо баъзе аз арзишҳои фарҳангӣ ва таърих муносибати муштарак доранд. Таомулҳои динӣ, анъанаҳо, маъракаву маросим, урфу одат, тарзи зист, одобу ахлоқ, табъу завқ, либосу хӯрок, суруду мусиқӣ, рақсу бозӣ, умумияти фарҳангӣ, динӣ арзишҳои маънавии таърихан ташаккулёфта тоҷикону ӯзбеконро ба ҳам пайваст намудаанд. Тоҷикону ӯзбекон дар бисёр лаҳзаҳои ғаму шодӣ, барору нобарорӣ, нокомию пирӯзиҳо бо ҳам буданд ва дар ҳама ҳолат дӯстию бародариро пос дошта, якдигарро иззату эҳтиром ва қадрдонӣ намудаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар робитаҳои дуҷонибаи худ арзишҳои қабл бадастовардаро ҳифз намуда, муносибати ҳасанаро дар ҳама соҳаҳои ҳаётан муҳим идома доданд.
Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои аввали раҳбарии худ одилона гуфтаанд, ки “барои мо тоҷикон муносибати дӯстона, қавӣ ва бардавом бо Узбекистон зарурати таърихӣ ва инсонӣ дорад” (Раҳмонов Э. Тоҷикистон: Ҷаҳор соли истиқлолият ва худшиносӣ.- Душанбе, 1995.-С. 147).
Ҳар бобат ки аз фазилати дӯстии ин ду миллат сухан равад, биеихтиёр равобити дӯстонаи устод ва шогирд, яке аз намояндагони маъруфи адабиётӣ тоҷик Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва яке аз нухбагони намоёни сиёсату назми он давра Алишери Навоӣ ба хотир меояд. Муносибати ин ду шахсияти бузурги таърихию фарҳангӣ намунаи олии муносибатҳои ҳасанаи ду миллати ба ҳама дуст тоҷик ва ӯзбек маҳсуб мешавад.
Дар хусуси қаробати аназдик доштани ин ду миллат сиёсатшиноси тоҷик – Зафар Раҷабов чунин менигорад, “Дар Осиёи Миёна алоқаи наздиктарин миёни тоҷикону ӯзбекон ба вуҷуъ омада буд. Онҳо либоси ягона мепушиданд, ғизои якхела омода менамуданд ва бештар аз дигарон хешу таборӣ мекарданд. Анъанаву русуми онҳо мисли ду қатраи як дарё, ба ҳам наздик ва монанд буданд” (Бобозода Ф. Т История становления и развития взаимоотношений Таджикистана и Узбекистна в перидо независимости (1991-2006) Дисер., С. 5) .
Мутаассифона, бо сабабҳо ва омилҳои гуногуни объективӣ ва субъективӣ ин равобит ва ҳамкориҳо дар тӯли чанд сол ба таври бояду шояд ривоҷ наёфтанд. Инро аз коста гаштани гардиши мол дар тиҷорати берунаи байни ду давлат мушоҳида намудан мумкин буд. Имрӯз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба мустаҳкам намудани робитаҳои дуҷонибаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва шарикии мутақобилаи судманд бо ҳамсояҳои дуру наздик эътибори муҳим медиҳанд. Дар ин радиф Тоҷикистон бо ҳамкорӣ бо кишвари ҳамсоя Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки яке аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии кишвар маҳсуб меёбад, аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Худи солҳои сипаригашта собит намуд, ки барқарор намудани робитаи байнидавлатии тоҷику ӯзбек ногузир буда, ин ҳамкорӣ баҳри нигоҳ доштани суботу рушди устувор дар минтақа нақши муҳим мебозад. Робитаи ду давлати ҳамсоя аз моҳи сентябри соли 2016 ба марҳилаи сифатан нав ворид шуд. Байни президентони Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев чор маротиба вохӯрӣ, инчунин дар сатҳи олӣ чандин мулоқоти телефонӣ сурат гирифтанд. Маҳз ҳамин вохӯриву мулоқотҳо барои густариши муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкориҳои бевоситаи шаҳру вилоятҳои алоҳидаи ҷумҳуриҳоямон мусоидат намуданд.
Сараввал маҷлисҳои байниҳукуматӣ ба таври мунтазам ба роҳ монда шудаанд ва дар онҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳо муҳокима гаштанд. Аз ҷумла, тарафҳо масъалаи делимитатсияи сарҳадҳоро пурра ҳаллу фасл намуданд. Бо ташаббуси сарварони ду давлат 17 гузаргоҳи сарҳадӣ кушода шуданд. Дар хатсайрҳои Душанбе – Тошканд, Душанбе – Са-марқанд, Душанбе – Бухоро парвози ҳавопаймоҳо оѓоз гардид. Бо нақлиёти заминӣ (автобусҳо) хатсайрҳои Панҷакент – Самарқанд, Хуҷанд –Тошканд, Душанбе – Деҳнав, Душанбе – Самарқанд ва Душанбе – Бухоро ба роҳ монда шуданд. Кушода шудани роҳҳо, гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва бозорҳои наздимарзӣ, бешубҳа, барои боз ҳам наздиктар шудани ду халқи дӯсту ҳамсоя ва тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ мусоидат намуданд. Дар натиҷаи саъю талошҳои оқилонаи Сарварони ду давлати ҳамсоя – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев муносибатҳои байни ин ду кишвар куллан таѓйир ёфта, ба маҷрои созанда ва муфид барои тарафайн ворид гардид. Иқдоми неку наҷиберо, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар самти эҳёи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, ҳусну тафоҳуми ҳамҷаворӣ, дӯстиву бародарӣ роҳандозӣ намуданд, тамоми мардуми ин ду кишварро шоду мамнун намуд. Сафари нахустини расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 9-10-уми марти соли 2018 – дар арафаи ҷашни Наврӯзи оламафрӯз рост омад, ки он хеле рамзӣ аст. Зеро яке аз анъанот ва суннату русуми Наврӯзи Аҷам, ки мардумони гуногунро ба ҳам мепайвандад, маҳз оини ҳамгироӣ, ҳамбастагӣ, аз байн бурдани ҳама гуна хушунат, ихтилоф, таҳкими таҳаммулпазирӣ, дӯстиву бародарист.
Сафари расмии давлатии роҳбари олии кишвари ҳамсоя-Шавкат Мирзиёев, ки дар тӯли 26 соли истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бори нахуст ба амал омад, натиҷаи иродаи нек, дурандешӣ ва хиради волои сарварони ҳарду кишвар маҳсуб меёбад.
Дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гуфтушунидҳо дар сатҳи олӣ дар байни роҳбарон ва ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 27 санади ҳамкорӣ, ба имзо расиданд. Дар натиҷаи иҷрои ин санадҳои меъёрӣ бисёр масъалаҳое, ки барои муътадил ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстонаю бародарона ва ҳамсоягӣ садди роҳ мешуданд, аз миён бардошта шуда, рафтуомади шаҳрвандони ду кишвар ба назди хешу ақрабои худ, тиҷорат хеле содаву осон гардид. Азҷумла, кушода шудани 16 гузаргоҳи сарҳадӣ, ба муҳлати то 30 шабонарӯз бе раводид сафар кардани шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба кишварҳои ҳамдигар яке аз дастовардҳои бузург буд.
Ифтитоҳи гузаргоҳҳо, ки ҳар яке як равзанаи рӯшанеро дар дилҳои мардум боз мекард, дар дилҳои ду халқи бародар умеди тоза ато намуд ва ашки шодиву нишот, ҳаяҷон, умедвориву интизории ин рӯзҳои босаодат дар симои мардуми ҳарду кишвар таҷассум гардид . Воқеан ҳам аз нав ба ҳам пайвастани ду халқи ҳамсоя ва хешу табор, ба ҳам овардани қалбҳо, таҳкими риштаи дӯстиву муҳаббат, бародарию шавқат миёни ду миллате, ки тӯли ҳазорсолаҳо дар як сарзамин паҳлӯ ба паҳлӯи якдигар зиндагӣ менамоянд, аз як боду ҳаво нафас мекашанд ва аз як ҷӯву дарё об менӯшанд, фарҳангу анъанаҳои ягона доранд, азобу уқубат ва ҷабру ҷафои зиёди таърихро паси сар кардаанд, хизмати рустамона ва таърихии сарварони ду ҷумҳурии бародар буд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқоти дӯстона бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев чунин иброз намуданд: “Мардумони моро суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҷонибайн муттаҳид месозанд. Ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Тасмимоти имрӯзаи мо бар заминаи музокироти суратгиранда аз бисёр ҷиҳат хислати таърихӣ дошта нерубахш мебошанд. Онҳо барои марҳала ба марҳала ба сатҳи сифатан нав боло бурдани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон асосу заминаи боэътимодро фароҳам меоваранд”.
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои рушду таҳкими робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ, илмӣ, адабӣ, иртиботи нақлиётӣ, истифодаи самараноки захираҳои обу энергетика, амният ва мудофиа, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, ифротгароии динӣ ва таъмини сулҳу субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ заминаи устувор гузошт. Яке аз дастовардҳои муҳими ин мулоқот дар он буд, ки қариб ҳамаи масъалаҳои баҳснок вобаста ба сарҳад ҳаллу фасли худро ёфтанд ва ин ба ҷонибҳо имконият дод, ки шартномаҳои дахлдорро марбут ба масъалаи мазкур ба имзо расонанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббусу ибтикороти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҷиҳати эҷоди фазои озоду созандаи ҳамкории байнидавлатӣ дар Осиёи Марказӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, чунин қайд намуданд: «Мо иқдомоти Шуморо дар мавриди эҷоди фазои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ дар фазои умумии мо самимона истиқбол гирифтем, зеро онҳо бо ҳадафҳои мо комилан созгору ҳамонҳанг мебошанд».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон музокироти сатҳи олии ҷонибҳоро ҳамчун оғози марҳалаи нав дар муносибатҳои ду кишвар арзёбӣ намуда, нақши арзандаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро дар эҳё ва таҳкими ин равобит ва ба маҷрои солиму созанда равона намудани он махсус таъкид намуданд. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҷониби худ ба Президент, Ҳукумат ва тамоми мардуми Тоҷикистон барои истиқболи гарму бародарона ва меҳмоннавозии самимӣ нисбати ӯ ва ҳайати расмии Ҷумҳурии Ӯзбекистон арзи сипос намуда, қаноатмандии амиқи хешро аз натиҷаҳои музокирот иброз дошт. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев тамоюлҳои мусбат ва судмандро дар муносибатҳои тарафайни ду кишвар, аз ҷумла афзоиш ёфтани ҳаҷми гардиши мутақобилаи мол ва фаъол гаштани ҳамкориҳои фарҳангиву башариро, ки ба арзишҳои маънавии муштарак ва анъанаҳои ғании дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ такя менамоянд, баланд арзёбӣ намуд.
Сафари расмии давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 17-18 августи соли 2018 дар сатҳи баланд баргузор гардид. Ин сафар ва мулоқоти сатҳи олӣ тдар арафаи ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии ду ҷумҳурии бародар баргузор гардид. Дар доираи сафар ва мулоқоту музокироти сарварони ду давлат ва ҳайати расмӣ 26 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки онҳо муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ба сатҳи баланд бардоштанд. Пас аз мулоқоту музокирот Изҳороти муштарак ва Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як силсила санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Бешубҳа, дар байни санадҳои ба имзорасида Созишнома дар бораи ҳамкории шарикии стратегӣ мақоми махсусро дорад, ки муносибатҳои ду давлатро ба сатҳу сифати нав мебардорад. Ин санад ҳамчун рӯйдоди таърихӣ бозгӯи ҷаҳду талошҳои ҳарду ҷониб барои таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад.
Ҳамин тариқ, матонат, иродаи қавии сарварони ду давлат ва орзуву омоли мардумони ду ҷумҳурии дӯсту бародар тамоми мушкилоти мавҷударо аз миён бардошт ва ин марҳалаи нави робитаю ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон саҳифаи нав дар таърихи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек гардид. Дӯстии тоҷикону ӯзбекон ба манфиати ҳарду ин халқҳои ҳамсоя, рушди устувор, таҳкими истиқлолияти воқеии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, сулҳу субот, оромӣ ва амният дар минтақа хизмат хоҳад кард.
Шоев Зиёвиддин, мудири шуъбаи пажўҳиши маъхазҳои ислмии Маркази исломшиносӣ;
Қурбоншоев Илҳом мутахассиси шуъбаи пажўҳиши маъхазҳои исломии Маркази исломшиносӣ.