Дониш, ватандӯстиву ватанпарварӣ, рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ асоси субот ва ободии кишвар аст

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 23 декабри соли 2022 баён гардид, бешак барои кишвар барномаи рушди ҷомеа ва давлат маҳсуб мешавад ва он самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёс ва фарҳангии мамлакатро муайян менамояд, ҳамчунин дар он муваффақияту дастовардҳои соли сипаришуда ҷамъбаст шуда, вазифаҳо барои соли оянда муайян мешаванд.

Дар Паёми навбатии Сарвари давлат аз ҷумла, вазъи кунунии ҷаҳони муосирро тавсиф карда, қайд намуданд, ки «солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад.

Дар панҷ соли охир таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфта, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи «ҷанги сард» боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо ва ба вуқуъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардид». 

Ҳамчунин, имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд».

Табиист, ки дар ин самт нақши низоми маорифи кишвар хеле бузург аст ва Сарвари давлат онро яке аз самтҳои афзалиятнок дар ин ҷода меҳисобад. «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад». Яъне, тарбияи нокифоя ва нодуруст ва ё бесаводии насли наврас метавонад ҷавононро ба роҳи ғалат барад. «Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад».

Бесаводию ҷаҳолат ҷавонони камсаводу ноогоҳро ба сафи гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ савқ медиҳад. Бино бар ин, амнияти Ватан ва ҷомеа аз тарбияи ҷавонон «дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ…» дар муассисаҳои таълимии миёнаю олӣ ва дар дигар сохторҳо вобастагии зич дорад. Аз ҳамин ҷост, ки Пешвои миллат иброз доштанд:  «…бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад». 

Кормандони Маркази исломшиносӣ бо таҳқиқот ва баррасиҳои адабиёти динии суннатӣ, омўзиши масоили вобаста ба дину мазоҳиб ва дастрас намудани натиҷаҳои онҳо ба хонандагони кишвар ва ҳамчунин, баррасӣ ва ошкор кардани идеологияҳои мухталифи адабиёт ва маводи ифротӣ дар пешгирӣ аз  даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон, бавижа ҷавонон ба созмонҳои ифротӣ-террористӣ саҳми арзанда дорад.

Муҳтавои Паём ҳар як шаҳрванди миллатдўсту ватанпарвари кишварро водор месозад, ки онро дастури амали хеш қарор диҳад ва дар эъмори ояндаи дурахшон ва бо суботу устувори мамлакат саҳмгузор бошад. 

                                                                                                                                  Шодиев  Мирзо

Яндекс.Метрика