
Асри IV-и ҳиҷрӣ ё Х милодӣ замони авҷи тамаддуни кишварҳои шарқи мусулмонӣ ба шумор рафта, ховаршиноси маъруфи аврупоӣ Адам Метс онро «асри растохези исломӣ» номидааст. Зеро дар ин давра хирадгароӣ дар адабиёт ба сатҳи баланди худ расида, улуми муҳимме чун риёзӣ, ҳандаса, нуҷум ва тиб низ хеле рушду нуму кардаанд. Дар радифи таъриху фалсафа инчунин ҷуғрофия низ хеле тараққӣ карда, донишмандоне чун Ибни Хурдодбеҳ, Ибни Ҳавқал, Мақдисӣ ва Ҷайҳонӣ асарҳои мондагору ҷовидонии хеш дар ин заминаро таълиф карданд. Нахустин асари ҷуғрофӣ бо забони модарии мо низ маҳсули ҳамин давра аст, ки дар илм бо номи «Ҳудуду-л-олам минал машриқи илал мағриб» машҳур аст.
Яке аз чеҳраҳои номдори илми ин замон Абуисҳоқ Иброхим ибни Муҳаммади Истахрӣ ба шумор меояд. Дар сарчашмаҳо ахбори дақиқ перомуни соли таваллуду гузаштагони хонадони Истахрӣ ба миён наёмадаааст. Ӯ дар минтақаи Истахри Форс парвариш ёфта, пас аз фарогирии илмҳои гуногун ба таҳсилу таҳқиқ дар фанни ҷуғрофия пардохт. Дар аснои гирдоварии иттилоот дар мавриди шаҳрҳои гуногун ба саёҳат пардохта, қасди ҷаҳонгардӣ кард. Ибтидо кишварҳои мусулмонӣ ва шаҳрҳои арабиро гаштугузор карда, то Ҳинд ва соҳилҳои уқёнуси Атлантикро тай кард. Дар ҷараёни гардишгарӣ бо ҷамъе аз донишмандону адибон мулоқот кард. Сафаргуфтаҳои худро дар ду китоби муҳим гирдоварӣ намуд.
Истахрӣ соли 957-и милодӣ ҷаҳонро падруд гуфт. Истахрӣ аз устодон ва бунёдгузорони илми чуғрофиё дар ҷаҳони ислом дар фанни ҷуғрофия эътироф шуда, осори арзишманде ба ёдгор гузоштааст. Ӯ аз осори гузаштагон бештар ба таълифоти Абузайди Балхӣ «Сурату-л-ақолим» такя кардааст. Ду асар аз Истахрӣ барҷой монда, ки муҳимтаринини он «Масолику-л-мамолик» мебошад. Ин китоби машҳур ба ҷуғрофия ва ҷуғрофия таърихӣ бахшида шудааст. Китоб бо забони арабӣ таълиф гардидааст. Истахрӣ худ ба тафовут миёни тақсимоти ҷуғрофиёи хеш ва дигарон ишора карда навиштааст, ки «ин китоб на бар вазъи ҳафт иқлим ниҳодем ва агар касе хоҳад ки ҳафт иқлим донад дар китобҳои дигар маълум хоҳад кард». Яъне, равиши дигарро пеш гирифт ва таваҷҷуҳи ӯ бештар ба баёни кишварҳои мусулмонӣ будааст. Китоби «Масолику-л-мамолик» нақшаҳое низ дорад, ки аз рӯи мавзеи Эрони бостон, ки нусхаи комилу куҳан мавҷуд буда ба табъ расида аст. Кишварҳои ҷаҳони исломро ба бист иқлим ҷудо карда аст. Вай пас аз додани иттилооти умумӣ дар бораи маскани инсонҳо ва сарзаминҳои аслии ҷаҳони онрӯз вазъи баҳру барро шарҳ дода нимҷазираи Арабистон, халиҷи Порс, Мағриб, Андалус, Миср, Шом, Баҳри Рум, Ироқ, Эрон, Арманистон, Озарбойҷон, Ҷибол, Дайлам, Хазар, Баҳри Хазар ва дар охир Мовароуннаҳрро тасвир кардааст.
Баъзе навиштаҳои Истахрӣ дар бораи бархе манотиқ бисёр мухтасар, вале муфиду илмӣ аст. Васеътарин бахши китоби Истахрӣ марбут ба зодгоҳи ӯ сарзамини Порс аст. Вай дар шарҳи сарзамини Порс на танҳо ба зикри масофатҳо ва шаҳрҳои бузургу биноҳои маъруф пардохта, балки ба дижҳо, оташгоҳҳо ва рудҳо низ ишора карда аст. Ӯ сипас дарёчаҳоро шарҳ ва аз халиҷи Форс ёд карда навиштааст, ки «Дарёи Порс халиҷе бошад аз дарёи Муҳит ва онро ба Порсу Кирмон бозхонанд».
Донишманди шаҳири ҷуғрофинавис Закариёи Қазвинӣ дар бораи «Масолику-л-мамолик» эътироф кардааст, ки Истахрӣ дар тавсифи ҷуғрофияи кишварҳои замони худ аз ҳеҷ нуқтае фуругузорӣ накарда, дар тақсимбании китоби худ ҳамон равиши Батлимусро баргузидааст. Дар ҳақиқат китоби вай барои мусанифони дигар дар ин фан ба манзала сармашқу асос ба шумор меравад». Мақдисӣ ва Ёқути Ҳамавӣ низ бар аҳамияти асари Истахрӣ ишорат карда, ӯро бартару комилтар аз асари Абузайди Балхӣ донистаанд. Китоби «Масолику-л-мамолик» ба забони форсӣ тарҷума шудааст. Ин китоб аз ҷумлаи он асарҳоест, ки таъриху тамаддуни тоҷик бо он ифтихор мекунад.
Санавбар Шарифова