
Домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ дар ҷомеа як намоди бузурги диние буданд, ки пайравони мактаби ӯ то ҳол динро орӣ аз ҳама олудагиҳо нигоҳ медоранд. Домулло хуб медонистанд, ки динро бо сиёсат омехта кардан қудсияти динро аз байн бурда, инсониятро ба гумроҳӣ ва дигар амалҳои нангин водор месозад. Домулло ҳатто дар замони шуравӣ аз сиёсисозии дин иҷтиноб варзида, дар ҳамон замон кӯшишҳои наҳзатиҳоро маҳкум менамуд. Ӯ дар китобаш “Гулгашти мусалло” симои ҳақиқии ТЭТ ҲНИ ва амалҳои фасоди ин ҳизби мамнуъро аз забони пирашон пешгӯӣ карда буданд. Аксарияти уламо баъдҳо дар асоси ин андешаҳо ба валии ҳақ ва соҳибкаромат буданӣ эшон гувоҳӣ доданд. Аз нигоҳи илмӣ агар ба бањогузорињои ў назар анедозем, маълум мегардад, ки домулло дар ҳақиқат таҷрибаи зиёди илмию таҳлилӣ дошта, аз ниятҳои бадӣ ин тоифа огоҳ будааст. Он пешгӯиҳое, ки ҳазрати домулло аз забони устодаш дар “Гулгашти мусалло” дар мавриди амалҳои нобахшидании саркардагони ТЭТ ҲНИ пешгӯӣ карда буданд, ҳамааш дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқӯъ пайваст.
Дар ҳақиқат домулло намоди истисноие ҳаст, ки дар минтақа бо ҳизбу ҳаракатҳои навпайдо мисли ваҳҳобия, салафия ва ғайраҳо муборизаи беамон мебурданд. Эшон дар тамоми асарҳояш, аз ҷумла “Изоҳату-ш-шубҳа ан даови-ш-ширк ва-л-бидъа”, “Файзи зиёрат бо ёди Пайғамбар салаллоҳу алайҳи ва саллам”, “Ҳақиқати баён дар баёни хақиқати Нӯъмон”, “Ақидаи салима” ва дигар осораш тамоми андешаҳои ифротгароёнро бо далелҳои шаръӣ, аз ҷумла оёти қуръонӣ, аҳодиси набавӣ, иҷмои саҳоба ва дигар далелҳои ақлию нақлӣ маҳкум намуда, дурустии андешаи суннатии мазҳаби ҳанафиро исбот намуданд. Ӯ пайрави аслии мазҳаби ҳанафӣ буда, пайваста андешаҳои диниро аз ҳамаи олудагиҳо ҳифз менамуданд. Эшон дар яке аз суханрониҳояшон чунин гуфтаанд: “Таълимоти ахлоқӣ ва эътиқодӣ мувофиқи таълим ва равиши Имоми Аъзам (р) хубтар шавад, то ҷавонон аз асли эътиқод ва равиши пок огаҳӣ дошта бошанд ва ба масоили хилоф ва ҷудоии навпайдо назар наоранд. Пеши роҳи дигар равияҳоро низ гирифтан лозим аст. Бисёрии онҳо, чун салафия ба ҷуз аз низоъ ва ихтилоф ба аҳли ислом чизе дода наметавонад. Салафия гурӯҳеанд навпайдо, таърихи асл надоранд. Мақсади онҳо ном ё шуҳрат ё ғайри он мебошад. Масоили ихтилофро гирифта, дар байни мардум худро намудор мекунанд. Гуфтугӯйи онҳо ҳама самоӣ буда, аз илми китоб ва суннат чизе намедонанд. Толибилмон ва навҷавононро аз фиреби онҳо барҳазар бояд кард. Чунки онҳо худро салафӣ, яъне пайрави салаф мехонанд, аммо равиши онҳо худраъйӣ буда, мардумро мефиребанд”.
Инчунин домулло андешаҳои суннатии ҳанафияро ҷонибдорӣ намуда, дар аксар маврид тарҷумаи китобҳои душворфаҳми диниро ба забони тоҷикӣ намеписандиданд. Замоне домулло зидди тарҷумаи яке аз асарҳои динӣ баромада буданд, баъзе донишмандон ин андешаи эшонро ба инобат нагирифта, ҳоло ҳам ҳамон равиши тарҷумаи китобҳои диниро давом дода истодаанд. Дар ин ҷо ба шахсияти касе тавҳин оварданӣ нестем, аммо ҳамин қадар гуфтан кифоя аст, ки тарҷумаи баъзе китобҳои динӣ дар Ҷумҳурӣ барои оммаи мардуме, ки моҳияти аслии асарро дарк намекунанд, боиси реша давондани салафия дар Ҷумҳурӣ гашт. Пас дар ин ҷо ба андешаи домулло рӯ овардан бисёр зарур аст: “Ҳоло китобҳои таълимии динӣ хеле зиёд нашр мешаванд, ки саҳеҳ ё носаҳеҳии онро фарқ кардан хеле мушкил аст. Маълум, ки теъдоди онҳо меафзояд. Агар дар ҳар як нусхаи навпайдо як ғалат роҳ ёбад, чӣ қадар мешавад? Таълими дини анъанавӣ, ки дар мазҳаби Имоми Аъзам солҳои зиёд ба як мактаби қавӣ табдил ёфтааст, заминаи муътамад ба ҳисоб меравад. Хондани “Фарзи айн”-и аслӣ, “Чаҳоркитоб”-и аслӣ, “Қуръон”, ҳадисҳои саҳеҳи Бухорӣ ва ғайраҳоро таълим диҳем, беҳтар аст”.
Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ аз зумраи рӯҳониёне буд, ки ҳамвора аз ҳукумати кунунӣ дар Тоҷикистон пуштибонӣ мекард. Ӯ соли 2014 дар яке аз сӯҳбатҳояш дар Маркази исломии Тоҷикистон итоат аз сарварон, бахусус итоат аз подшоҳро воҷиб донист: “Амри итоат намудан ба подшоҳ… дар чандин аҳодис зикр гардидааст. Инчунин, дар ақидаи аҳли мазҳаби ҳанафӣ итоат намудан ба подшоҳ амри воҷиб мебошад”.
Домулло Ҳикматулло яке аз бузургтарин шахсоне дар замони шуруи ҷанг дар Сурия буданд, ки ин ҷангро фитна хонда, иштирок дар онро барои мусалмонон, аз ҷумла ҷавонони тоҷик раво надонист. Ин буд, ки ягон мурид ё шогирдони ин бузургвор ба ҷараёнҳои мамнӯъ нагаравиданд ва ба сафи ДОИШ ё дигар ташкилотҳои террористӣ напайвастанд.
Дар умум домулло як шахсияти бузурги илмӣ буданд, баъд аз вафоти эшон ҳарчанд дар исломи суннатии мо холигие монда бошад ҳам, аммо осори гаронгарзиши эшон мактаби рӯҳонияти ӯро то абад зинда нигаҳ хоҳад дошт.
Рамазонимён Аҳтам