Дипломатияи иттилоотӣ дар асри ҷаҳонишавӣ

Мувофиқи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми январи соли 2015, таҳти №332 тасдиқ шудааст, дипломатияи иттилоотӣ яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Чумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар шароити имрӯза дипломатияи иттилоотӣ барои рушди давлатдории миллӣ, муаррифии фарҳангу арзишҳои миллат ва барои рақобатпазир намудани ҳувият дар асри ҷаҳонишавӣ имконияти фарохеро ба вуҷуд овардааст. Фарогир шудани мавзӯи мазкур дар назди давлат ва ҷомеа як силсила масъалаҳоро мегузорад, ки ҳаллу фасли онҳо барои таҳкими давлатдории миллӣ ва дастовардҳои он мусоидат мекунанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷиро бо дастуру роҳандозии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати корҳои хориҷӣ пеш мебарад. Ҳайати кормандони вазорати мазкур, намояндагии дипломатии мо дар хориҷи кишвар дар ҷодаи ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон ва дар маҷмӯъ, доир ба ҳифзи манфиатҳои миллии давлати Тоҷикистон ҳамарӯза кӯшишу талош меварзанд.

Яке аз ҳадафҳои асосии дипломатия, таҳлили вазъият дар кишвари қабулкунанда, сиёсати хориҷӣ ва пеш аз ҳама муносибатҳои байналмилалии он мебошад. Сафирон ва намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа барои мусоидат ва амалишавии созишномаву шартномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба нақши назаррас доранд. Дар муаррифии симои мусбати Тоҷикистон ва ташвиқу тарғиби дастоварду комёбиҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва рушди сармоягузориву сайёҳӣ саҳми бесобиқаро соҳибанд. Мутахассисони соҳаи мазкур барои эҷоди воситаҳои самараноки таъсири иттилоотӣ ба афкори ҷамъиятӣ симои Тоҷикистонро дар муносибатҳои байнидавлатӣ бо кишварҳои хориҷӣ ҳамчун кишвари дастгирикунанда ва ташаббускори сиёсати башардӯстона, эътирофи баробарӣ, истифода накардан аз зӯрӣ ё таҳдид ба зӯрӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ ва ғайра муаррифӣ намоянд. Дар соҳаи дипломатияи иттилоотӣ субъектҳои муносибатҳои байналмилалӣ бештар ба ВАО, шабакаҳои иҷтимоӣ ва технологияҳои иттилоотӣ-комуникатсионӣ такя менамоянд. Имрӯз дар рушду инкишофи робитаҳои беҳтари дипломатии дуҷонибаву бисёрҷониба нақши шабакаҳои иҷтимоӣ, мисли «facebook», «twitter», «instagram», «youtube», «вконтакт» ва ғайра бештар аст. Дар ҳар кишвар вобаста ба маъруфияти шабакаи иҷтимоӣ сарукор гирифтан лозим аст.

Имрӯзҳо дар фаъолияти ҳамешагии худ сафирону намояндагиҳои бештари кишварҳои ҷаҳон аз чунин шабакаҳо истифода мебаранд. Аксарияти намояндагиҳои кишвари мо дар хориҷ аъзои чунин шабакаҳоянд ва фаъолият дар самти худ дар ин шабакаҳо барои тақвияти сиёсати хориҷӣ хеле ба маврид аст. Чӣ тавре, ки дар суханронӣ дар вохӯрӣ бо кормандони дипломатии кишвар ба ифтихори ифтитоҳи бинои нави Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: «Зарур аст, ки Вазорати корҳои хориҷӣ низ ҳамкории худро бо намояндагони воситаҳои ахбори умуми кишварҳои хориҷӣ беҳтар роҳандозӣ намуда, нуфузашро дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоии он ба таври назаррас афзоиш диҳад». (2).Ба нигоҳи дурандешонаи Пешвои миллат дар чунин самти муҳими кишвар агар мо низ пайравӣ намуда онро дар амал татбиқ намоем, ба қуллаҳои баланди рушд хоҳем расид.

Айни ҳол шабакаҳои иҷтимоӣ ба монанди «facebook», «twitter» ва «instagram» дар ҷаҳон нуфуз ва аъзои бештарро доро мебошанд. Бино бар ин, намояндагиҳои хориҷии мо метавонанд, аз ин гуна воситаҳо истифода намоянд. Барои дар шабакаҳои мазкур фаъол будан, намояндаҳои давлатӣ бояд пеш аз ҳама забони бурро (донистани забонҳои муоширати байналмилалӣ), донишманд, ҳозирҷавоб, кордону зирак ва аз ҳама муҳим таҳлилгар бошанд. Чунки узвият дар шабакаҳои мазкур дар ташвиқу тарғиб ва баланд бардоштани обрӯйи кишвар нақши муфид дорад. Имрӯз дар шабакаи иҷтимоии «instagram» саҳифаи махсусе, аз ҷониби сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.president.tj/» бо номи «Emomali Rahmonov» фаъолият дорад, ки ҳамарӯза фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар олами маҷозӣ ташвиқу тарғиб менамояд. ҳ (3)

 

Адабиёт:

  • Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ дар вохӯрӣ бо кормандони дипломатии кишвар ба ифтихори бинои нави Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон // http://pқesident.tj/node/4113.
  • Зокиров Г.Н. Сиёсатшиносӣ.- Душанбе: «ЭР-граф», 2010. -520 саҳ.
  • Азимзода Т.С. Нақши дипломатияи иттилоотӣ дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон // http://mts.tj/ 2017-10-24.

 

Шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Яндекс.Метрика