Дин - падидаи иҷтимоӣ

Боиси таассуфи зиёд аст, ки имрӯз на танҳо донишҷӯён, балки иддае аз омӯзгорон низ дар фаҳмиши дин ҳамчун падидаи иҷтимоӣ ба иштибоҳ роҳ медиҳанд.  Ноогоҳӣ аз табиати дин ва сарчашмаи падидойии он сабаби асосии дингароӣ ва хурофотпарастии қишри зикршуда маҳсуб меёбад. Бинобар ин, муайян намудани моҳият ва сарчашмаи дин аҳамияти бузурги методологӣ дошта, барои дуруст фаҳмидани дин ҳамчун падидаи иҷтимоӣ нақши ҳалкунанда мебозад. Бори дигар такрор менамоем, ки маҳз надонистани моҳият ва сарчашмаи дин асоси хурофотпарастию ташаккули таассуби динӣ маҳсуб меёбад. Бинобар ин, саволи мубрам ва калидӣ дар ҳалли масъалаи гузошташуда аз он иборат аст, ки  дин  чӣ гунна падидааст: падидаи илоҳӣ, падидаи динӣ ё падидаи иҷтимоӣ? Комилан равшан аст, ки  дин падидаи табиӣ буда наметавонад. Зеро динро табиат наофаридааст. Дар ҳамаи он қисмат ё  гӯшае аз табиат, ки  дар он инсон маъво нагирифтааст, нишоне аз дин ёфтан ғайриимкон аст. Ҳамчунин то пайдоиши инсон низ ягон навъи дин вуҷуд надошт. Бад-ин сабаб падидаи табиӣ будани дин  истисно мегардаду танҳо ғояҳои ё  падидаи илоҳӣ ё падидаи иҷтимоӣ будани дин боқӣ мемонад. 

Аҳли дин бар онанд, ки  дин падидаи илоҳист. Яъне, динро Худо офаридааст.  Тибқи нуқтаи назари дингароён башарият ҳам дар шинохти Худо ва ҳам дар танзими муносибатҳои иҷтимоии хеш дар гумроҳӣ қарор дошт. Худованд динро офарида дар ҳар ду самти ёдгардида башариятро ба роҳи рост ҳидоят намуд. 

Илм  ақидаи зикршударо қабул надорад. Барои илм, пеш аз ҳама, усули аз тарафи дин истифодашавандаи исботи ақида қобили қабул нест. Зеро дин тавассути муъҷизаҳои ба қонунҳои табиат мухолиф саъй менамояд, ки тафаккурҳои ғайриилмии заифро тасхир намояд.  Агар матлабро соддатар баён намоем, муъҷиза роҳи асосӣ ва ягонаи «исбот»-и дин маҳсуб меёбад. Дар илм муъҷиза вуҷуд надорад. Дар илм муъҷиза чизҳое ба ҳисоб мераванд, ки робитаҳои сабабии онҳо кашф нагардидааст. Аз ин нуқтаи назар, чизе, ки имрӯз барои гурӯҳе муъҷиза маҳсуб меёбад, баъди кашфи робитаҳои сабабияшон онҳо ба падидаҳои муқаррарӣ мубаддал   мегарданд. Бинобар ин, илм исботи  аз тарафи дин пешниҳодшавандаро ҳатто ба сифати «исбот» қабул наменамояд. Илм, чуноне ки ба ӯ хос аст, аз дин исботи ба таҷриба асосёфтаро талаб менамояд. Аммо дин барои чунин навъи исбот созгор нест. Зеро пешниҳоди чунин навъи исбот тамоми низоми диниро ба устура мубаддал месозад. Сониян, илм падидаи илоҳӣ будани динро рад намуда истода, мантиқан чунин саволгузорӣ менамояд, ки вай аз тарафи кадом Худо падид оварда шудааст: Худо яҳудӣ, Худои масеҳӣ, Худоҳои ҳиндуҳо ва ё Худои ислом? Агар фарз гардад, ки вай аз тарафи Худои масеҳӣ офарида шуда бошад, пас саволи навбатӣ аз он иборат хоҳад буд, ки дини мусулмонон, дини ҳиндуҳо, динҳои қадим, дини римиҳои қадимро низ магар Ӯ офаридааст?  Агар динро Худо офарида бошад, пас чаро динҳои ғайр гумроҳӣ арзёбӣ мегарданд? Агар динро Худо офарида бошад, пас, чаро ибодати Ӯ аз тарафи одамон дар тӯли таърих тағйир ёфта, имрӯз бештар шакли тақлидро гирифтааст? Магар Худо қодир набуд, ки  аз оғози пайдоиши инсон барои тамоми башарият як дини ягона меофарид? Дар баъзе қисматҳои ҷомеаи имрӯза тарки ҳастӣ кардани дин ва дар дигар қисматҳо  ба талаботҳои ҷомеа мутобиқ шудани динро чӣ тавр метавон шарҳ дод? Ба муҳит мутобиқшавии дин магар бо иродаи Худо сурат мегирад? Амин тавр, илм тавассути тааммулу тааққул дар болои саволҳои гузошташуда ақидаи падидаи илоҳӣ будани динро зери шубҳа қарор медиҳад.

Дар баробари ин, савол пайдо мешавад, ки илм ақидаи падидаи иҷтимоӣ будани динро чӣ тавр асоснок менамояд?

1.Дин танҳо ба инсон хос аст.

2.Маҳз ба сабаби надонистани асрори марг ва ноогоҳӣ аз асрори табиат одамон ҳамчун маҳсули фаъолияти кунҷковии худ динҳоро офаридаанд.

3. Одамон вобаста ба сатҳи тарақкиёти иҷтимоӣ, хусусиятҳои муҳити табиӣ ва сатҳи шуурнокии худ динҳоро тағйир додаанд.

4.Дар байни навъҳои пешинаю баъдинаи дин такрори баъзе ғояҳо  ва анъанаҳо мушоҳида мегардад, ки он инъикоси сатҳи пешрафти гуногунҷабҳаи одамон маҳсуб меёбад.

5.Хар як шакли дин то он вақте арзи ҳастӣ менамояд, ки асрори пӯшидаи он кушода нашавад. Чун асрори он кушода гардид, он аз байн меравад.

6. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳатто имрӯз низ тафаккурҳои бо илм машғул кайҳо аз қайди дин раҳо гардидаанду  тафаккурҳои орӣ аз он саъй менамоянд, ки дини худро ба муҳити пешрафта мутобиқ намуда, дар он барои ҳастии худ асос ҷӯянд.  

7.Чомеаҳои ба илм асосёфтаи Амрикою Аврупо ва Чину Чопон дар умум кайҳо динро ба осорхона бурдаанд.

8. Мушоҳидаҳо дар олами ислом низ нишон медиҳанд, ки дар байни нухбагони дин вай кайҳо боз ба фарҳанг ва арзиши «худӣ» мубаддал шудааст.

9. Аз таҳлилҳо чунин хулосагирӣ карда мешавад, ки дар байни «дингароён»-и воқеии дини ислом ва он қишре, ки аз таърихи дин ва моҳияти он ба хубӣ огаҳанд, динҳо кайҳо боз қудсияти худро аз даст дода, бештар ба василаи пешбурди зиндагӣ табдил ёфтааст.

10.Вобаста ба муҳити сиёсӣ, аз ҷумла таъсири абарқудратҳои ҷомеа тағйир ёфтани таълимоти динию тақсими дин(дар гузашта дар Бобулу Миср, баъдан расмӣ гардидани дини масеҳӣ, тақсими он ба ду калисо, тақсими ислом ба суннӣ ва шиа, ва баъдан исмоилия, имрӯз ба таври сунъӣ қавӣ сохтани ваҳҳобияю салафия) дар ғояи  падидаи иҷтимоӣ будани дин тамоми шубҳаҳоро аз байн мебарад.

11.Тафовути бузург дар байни диндории имрӯза ва диндории ҷамоаҳои қадим барои падидаи иҷтимоӣ будани дин асоси муътамад ба ҳисоб меравад.

12.Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз диндории аксари мардуми мусулмон дар умум на диндорӣ, балки бештар тақлиди пешиниёнро мемонад, ки далели мазкур дар зери таъсири муҳити иҷтимоӣ қарор доштани динро иловатан асоснок менамояд. 

13. Дар олами ислом маъмулӣ гардидани аъмоли зиддиахлокӣ (мункар) ба нестшавии тарс аз Худо ҳамчун заминаи бунёдии ҳастии дин далолат намуда, ба талаботҳои навини ҷомеа мутобиқ гардида натавонистани динро собит менамояд.  

Ҳамаи омилҳои нишондодашуда, ки ба вобастагии дин аз муҳити зист ва хусусиятҳои рушди инсон далолат мекунанд, падидаи иҷтимоӣ будани динро ба маъраз мегузоранд.   

 

Абдухалилзода К.А.

Яндекс.Метрика