Дар ҳошияи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Самити муштараки изтирории сарварони давлатҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ

Имрӯзҳо дар аксари сомонаҳои гуногуни интернетӣ вобаста ба ҷанги Давлати Исроил ва Давлати Фаластин ҳар гуна навиштаю нигоштаҳо, аксу видио тасвирҳо дарҷ шуда ва ба маърази бинандагон ва хонандагон вогузошта шудааст. Қисмате аз бинандагон ва хонандагони ин расонаҳо ба мақсаду ҳадафҳои асосии ин ҷанг сарфаҳм нарафта ва ё баҳогузории дуруст карда натавониста, ба эҳсосот роҳ медиҳанд ва ҳамоишҳои ғайриқонуниро баргузор менамоянд.
Идае аз ин ҳамоишгарон аз ҳиссиёти динии шаҳрвандон истифода бурда, даъват ба амал оварда истодаанд, ки Давлати Фаластинро дастгирӣ намоянд ва бар зидди яҳудиёни Исроил биҷанганд. Ҳоло он ки ҳамоишгарони ғайриқонунӣ чунин ҳаққу ҳуқуқро надоранд, ки дигар халқу миллатҳоро бар ҷанг даъват намоянд. 
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳояшон таъкид месозанд, ки шукургузорӣ аз неъмати озодию соҳибихтиёрӣ ва сулҳу оромӣ кунем, ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва ба ҳар гуна даъвоҳои беасос бовар накунем. 
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президент ҳуқуқ додааст, ки аз номи тамоми халқи Тоҷикистон сухан гӯяд, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян кунад. 
Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 11.11.2023 дар Самити муштараки истирории сарварони давлатҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баромада карда қайд карданд, ки “Тоҷикистон аз таъсиси Давлати Фаластин бо пойтахти он шаҳри Байтулмуқаддаси Шарқӣ дар асоси марзҳои соли 1967 ҷонибдорӣ менамояд”.
Ҳамзамон қайд карданд, ки Тоҷикистон ҷанги шаҳрвадиро аз сар гузаронидааст ва аз оқибатҳои даҳшатвори ҷанг огаҳӣ доранд ва ҳалли масъалаи мазкурро танҳо бо роҳи гуфтугӯи мусолиматомез мебинад.
Фарзандони босадоқати миллатро зарур аст, ки ҳушёру зирак бошанд то нохалафе онҳоро ба мақсадҳои ғаразноки худ истифода набаранд. Таърих собит сохтааст, ки тоҷикон дар ҳақиқат миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, ватандӯсту ватанпарвар ва сулҳофару таҳаммулгаро мебошанд. Аз ин ру, шукронаи даврони истиқлол намуда, кӯшиш ба харҷ бояд дод, то Ватанро обод ва ваҳдатро пойдор намоем. 
 
Ҳ. Шокиров - мутахассиси пешбари шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Яндекс.Метрика