Масъалаҳои дин ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои эътиқодии мардум дар меҳвари қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Тибқи моддаи 1-уми Конститутсияи ҶТ Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ эътироф шудааст ва заминаҳои ҳуқуқии сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин ва эътиқодии динии шаҳрвандонро, пеш аз ҳама Конститутсия баъдан «Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин” ( аз 4.04. соли 2018) ва ниҳоят Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» (аз соли 2009) танзим менамояд.
Ҳамин тавр дар Конститутсияи ҶТ дар ҳафт маврид масъалаҳои озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ таъйид шудаанд, ки дар якҷоягӣ сиёсати давлатии Тоҷикистонро дар соҳаи дин ташаккул медиҳанд.
Дар моддаи 5-и Конститутсия дахлнопазир будани ҳуқуқҳои фитрии инсон, дар моддаи 8 ҷудо будани ташкилотҳои динӣ аз давлат зикр шудаанд. Дар моддаи 26- и Конститутсия таъкид мешавад, ки ҳар кас ҳуқуқ дорад, муносибати худро ба дин мустақилона муайян намояд. Дар моддаи 30-Конститутсия давлат ба шаҳрванд дар масъалаи озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбори омма кафолат медиҳад. Дар моддаи 100-и Конститутсияи бошад шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатнишон дода шудааст.
Ҳамаи ин меъёрҳои конститутсионӣ дар маҷмӯъ сиёсати давлати Тоҷикистонро нисбат ба дин ба расмият дароварда, ба амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ягонагӣ, ризоият дар ҷомеа, мусоидат ба эҳёи фарҳанг ва худшиносии миллӣ, таъмини ҳамкориҳои васеи давлат бо иттиҳодияҳои динӣ дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, пешгирии падидаҳои ифротгароӣ, тундгароӣ дар муҳити сиёсӣ ва динӣ равона шудаанд.
Мафҳуми дунявият яке аз вожаҳои муайянкунандаи муносибати давлат ба дин, иттиҳодияҳои динӣ ва озодии виҷдон ба шумор меравад. Вале дунявият маънои муқобил будан бо арзишҳои динӣ ва маҳдуд сохтани озодиҳои диниро надошта, моҳияти он муҳайё намудани шароити муносиб ва баробари татбиқи озодиҳои динию эътиқодии шаҳрвандонро ифода мекунад.
Илова бар ин, талаботи банди чоруми моддаи 8- Конститутсияи Тоҷикистон, ки ҷудоии ташкилотҳои динӣ аз давлат нишон додааст, ҷудо будани дин аз давлатро ифода намекунад. Зери мафҳуми ҷудоии ташкилотҳои динӣ аз давлат аз нигоҳи сохтору идора мудохила накардани ташкилотҳои динӣ ба корҳои давлатро фаҳмидан лозим аст. Ин ҷудоӣ ҳаргиз набояд ба ҳамкориҳои давлат бо ташкилотҳои динӣ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди ҷомеа ва таъмини манофеи миллӣ монеа шавад. Чунин меъёрҳои конститутсионӣ манфиати худи иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои диниро ҳифз менамояд. Муҳимтарин хусусияти қонунҳои соҳавии муосири Тоҷикистон дар он аст, ки ба арзишҳои миллии давлатдории дунявӣ бештар арҷ гузошта мешавад. Аз ин нуқтаи назар, миёни арзишҳои динӣ ва арзишҳои давлати миллии дунявии Тоҷикистон дар қонунгузории миллӣ ягон ихтилофот мавҷуд нест ва ҳама фаъолиятҳо дар асоси он қонунгузорие ба роҳ монда мешаванд, ки манфиати умумии давлатро дар мадди назар доранд.
«Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин” 4 - уми апрели соли 2018 бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, ки он мақсаду вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи динро бо дар назардошти манфиатҳои миллии кишвар муайян ва танзим менамояд.
“Ҳадафи асосии Консепсия муқаррар намудани дурнамои дарозмуҳлат ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои динии инсон ва шаҳрванд, рушди пояҳои давлати дунявӣ, густариши таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба тамоми дину мазҳабҳо, таъмини амният ва ҳамдигарфаҳмиву ризоият дар фазои динии кишвар мебошад”-омадааст дар Консепсия. Бояд қайд намуд, ки механизми амалишавии ин Консепсия аз муносибати маҷмӯӣ ба ташаккули низоми чорабиниҳои банақшагирифташуда ва дар ҳамбастагӣ баррасӣ намудани онҳо, пайдарпай амалӣ намудани чорабиниҳои пешбинишуда, ошкорбаёнӣ ва ҷалби васеи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иборат аст. Ҷиҳати татбиқи Консепсия аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин нақшаи чорабиниҳо барои ҳар панҷсола таҳия ва тасдиқ карда мешавад. Барои татбиқ ва иҷрои самараноки он вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот масъул мебошанд.
Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» муносибатҳои оид ба ҳуқуқи инсон ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, муносибатҳои байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ, инчунин вазъи ҳуқуқии иттиҳодияҳои диниро танзим менамояд. Мувофиқи ин қонун, дар ҷумҳурии Тоҷикистон озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, аз ҷумла ҳуқуқи ба танҳоӣ ва ё ҳамроҳи дигарон пайравӣ кардан ба ҳар гуна дин ё пайравӣ накардан ба ягон дин, ба таври озод интихоб ва дигар кардани ҳама гуна эътиқоди динӣ ва эътиқодҳои дигар, инчунин мутобиқи онҳо амал кардан кафолат дода мешавад.
Аз ҷумла тибқи қонуни мазкур барангехтани ҳама гуна кинаву адоват ва низои динӣ, таҳқири ҳиссиёти динӣ ва атеистии шаҳрвандон манъ мебошад. Айбдор кардани шахс бо сабаби диндорӣ ё бединӣ ва ё тарки дин манъ аст. Ҷалб кардани ноболиғон ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба ноболиғон додани таълими динӣ бе иҷозати хаттии падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда манъ аст.
Мушовири директори Марказ А. Мирзозода