Давлатсозӣ кори чанд даҳсола ва ҳатто як насли инсонӣ набуда, он даврони дурударози таърихӣ ва пайвасти ногусастании наслҳоро тақозо дорад!

Давлатсозӣ кори чанд даҳсола ва ҳатто як насли инсонӣ набуда, он даврони дурударози таърихӣ ва пайвасти ногусастании наслҳоро тақозо дорад!

Мо мардуми Тоҷикистон дар марҳилаи давлатсозии миллӣ қарор дорем ва давлатсозию давлатдорӣ кори чанд даҳсола ва ҳатто як насли инсонӣ набуда, он як даврони дурударози таърихӣ ва пайвасти ногусастании наслҳо, анъанаҳо ва арзишҳои миллиро тақозо дорад!

Шукрона мекунем, ки тайи ин муддат корҳои зиёди давлатсозию давлатдорӣ паси сар шудаанд ва таҷрибаи идораи пешқадами ҷаҳонӣ таҳти сиёсати бунёдгузори давлати Тоҷикон , Асосгузори сулҳу ваҳдати миллат - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз шудааст.

Имрӯз бо дарки масъулият дар назди таърихи халқ, дар назди номи неки миллат ва дар назди ояндагон, ки онҳо низ аз мо умедҳои зиёде доранд , ақаллан ба хотири онки пас аз мо фарзандону наберагонамон нагӯянд, ки гузаштагони наздиконамон ба мо чӣ мондаанд (?) , мо мардуми Тоҷикистонро зарур аст, ки атрофи сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устувор муттаҳид шуда, истиқлолияти давлатиро бо кору фаъолияти содиқона, беғаразона ва дастовардҳои назарраси меҳнатӣ муаррифӣ кунем.

Расидан ба ин мақсадҳои олиро танҳо дар чорчӯбаи манфиатҳои миллӣ (амнияти миллӣ, тавсеаи иқтисодӣ, истиқлол ва озодӣ, ҳифзи манобеи табиӣ ва муҳити зист, саломатию тандурусти ҷомеа ва омӯзишу парвариш, ҳифзи ҳувияти фарҳангӣ ва иҷтимоӣ) бо муайян намудани самту афзалиятҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ метавонем бо шеъри зебо ва сиёсати инсонпарваронаи Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ " Бо дӯстон мурувват, бо душманон мадоро" кишвари худро мудирият ва ҳифз намоем.

Сиёсатшинос,
Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика