Халқи тоҷик аз қадим то имрӯз бо таърих, тамаддун ва фарҳанги волои худ арзи ҳастӣ карда, дар арсаи ҷаҳонӣ худро ҳамчун халқи тамаддунофар ва эҳёкунандаи арзишҳои умумиахлоқӣ ва умумимиллӣ муаррифӣ намудааст. Фарҳанг, ки ҳастии миллат аст, ҳамеша дар маърази таваҷҷуҳи амирону шоҳон ва шоирону адибон қарор гирифтааст. Тавре, ки одамушшуаро Абӯабдуллои Рӯдакӣ гуфтааст:
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ!
Яке аз суннатҳои мардумии халқи тоҷик ин гулдӯзист, ки ба фарҳанги миллии мо ҳусни дигар бахшидааст. Албатта, ин суннат аз қадим то имрӯз бо чандин тарроҳиҳои нав боқӣ мондааст. Агар ба таърихи ин ҳунари мардумӣ назар андозем, ин ҳунари зебо ҳанӯз аз замони хуршедпарастӣ вуҷуд дошта, новобаста аз гардиши замон халқи куҳанбунёди тоҷик тавонистааст онро то имрӯз маҳфуз дорад. Халқи тоҷик аз замонҳои қадим офтобро ҳамчун манбаи нурбахш ва гармидиҳанда ҳисобида, ба он ҳамчун унсури муқаддас ва нек месутуданд ва аз ин рӯ, тасвири офтобро, ки рамзи рӯшноӣ ва гармӣ аст, дар матоъҳои махсус гулдӯзӣ карда, дар деворҳо меовехтанд. Каме дертар, дар асрҳои IX - XII ин ҳунари мардумӣ дар либосҳои шоҳон, мансабдорон ва имомону халифон дӯхта мешуд. Бо гузашти замон ин суннат тараққӣ намуда, дар асрҳои XIV - XVII дар либосҳои ҳаррӯзаи мардум мушоҳида мегардид ва ҳамагуна ороишоти либос бо ин нақшу нигор оро дода мешуд. Дар қарни XVIII тарҳи гулдӯзӣ аллакай дар сачоқҳо, дастурхонҳо, рӯмолу сӯзаниҳо, ҷойнамозҳо ва дигар лавозимоти маишӣ мушоҳида мегардид ва ба ҳукми анъанаи либоспӯшӣ даромада буд. Ин суннати мардумӣ таҷассумгари зебоиву нафисӣ буда, то имрӯз бо тарзу тарроҳиҳои гуногун рушду тараққӣ кардааст. Агар ба гулдӯзии замон нигарем, ин санъат дар ин давра ба ду навъ тақсим шудааст: Гулдӯзии мардуми кӯҳистон ва гулдӯзии мардуми водинишин. Ҳар яке аз ин навъи гулдӯзиҳо ба худ махсусиятҳо дошта, ба анъанаҳои минтақа ва тарзу усули истифодаи ҷиҳози мардум вобастагӣ дорад. Агар ба вазъи санъати гулдӯзӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ нигарем, мушоҳида мекунем, ки ин санъат бештар дар минтақаҳои Ҷануб ва Ҷанубу Шарқии кишвар рушду таҳаввул ёфтааст. Дар асл, ин санъати зебо аз кашидану дӯхтани нақши гулҳои рангорангу буттаҳои сабз, ки ҳаёти зебову сарзабзию хуррамиро таҷассум мекунанд, иборат аст. Имрӯзҳо ин фарҳанги миллӣ қариб дар тамоми лавозимоти матоӣ истифода мегардад. Ба хотири эҳё ва равнақ додани ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ бо Пешниҳоди Пешвои миллат соли 2018 соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуд. Ҳамчунин бояд зикр намуд, ки санъати гулдӯзии тоҷик ба Феҳристи мероси ѓайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО дохил гардид, ки барои халқи тоҷик аз дастовардҳои муҳим дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Дар натиҷаи чунин таваҷҷуҳ ва ѓамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан, ибтикороти бевоситаи Пешвои Миллат, имрӯз мо шоҳиди онем, ки ин санъати зебову нафиси аҷдодӣ аз нав эҳё шуда, олами афсонавии фарҳанг ва маънавиёти мардуми тоҷикро ҷаҳонбинӣ ва ормонҳои ҳаётии ин мардуми таммадунофар, соҳиби аслии фарҳанги пурѓановати наврӯзиро барои ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ дар радифи дигар ҳунарҳо ва санъатҳои нафиси мардумӣ бо муваффақият муаррифӣ карда истодааст.
Садуллоев А. - мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши анъанву маросим ва диншиносии муқоисавӣ