
Санаи 8 июни соли 2023 дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара вохўрӣ бо хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои Ёвон, Леваканд, Темурмалик, Норак ва Данғара дар мавзуи «Нақши хизматчиёни давлатӣ дар пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ» баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ Холиқзода Абдураҳим - директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи : "Ифротгарои динӣ ва роҳҳои пешгирии он" маърӯза намуд.
Профессор Холиқзода Абдураҳим дар бораи мафҳум ва моҳияти ифротгароӣ, маъно ва шарҳи луғави “ Ифрот”, ифрот ҳамчун зуҳурот ва дар паҳнои илм ҳамчун объекти омӯзиш ва ифрот ва намудаҳои он: аз ифрот то ифротгароӣ, муқовимат бо ифротгароӣ тарз, усул ва восита ва намудҳо... андешаронӣ намуд.
Мавсуф қайд намуд, ки “Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳамаи захираву имкониятҳоро ба фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии осоишта ба вижа насли ояндасози миллат сафарбар кардааст ва ташкилотҳои террористию экстремистӣ аксаран зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динӣ амал карда, ба эътиқоди динии шахсон таъсир мерасонанд”.
Дар идомаи суханронӣ Холиқзода Абдураҳим иброз доштанд, ки ин зухуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу гаразноки сиёсӣ содир карда мешавад.
Гуфта шуд, ки душманони миллати тоҷик бо ҳар роху восита мехоҳанд фазоӣ ороми кишвари моро халалдор намоянд, аз хориҷ истода тақдири тоҷиконро ҳал намоянд, тариқи телевизонҳои маҳворавӣ ва шабакаҳои интернети ба халқи азизи мо тахдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст, маврида интиқод қарор меиҳанд.
Дар фарҷом даъват ба амал оварда шуд, ки рисолати таърихӣ ва масъулияти хешро дар баробари ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намоянд, ва ба хотири таҳкими давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани азизамон тамоми нерӯи ақлониву ҷисмонии худро равона созем.
Абдуллоҳи Қодирӣ – сухангӯи Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон