Вохӯрӣ бо фаъолони шаҳри Норак

Имрӯз дар шаҳри Норак вохӯрии гурӯҳи кории Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи : " Хатару таҳдидҳои ифротгароӣ ба давлатдории миллӣ, худкушӣ аз назари ислом ва худшиноси миллӣ" баргузор гардид.

Нахуст, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ Холиқзода Абдураҳим дар бораи мушкилот ва проблемаҳо дар ҷомеа аз ҷумла хатару таҳдидҳои ифротгароӣ ба давлатдории миллӣ, бегонапарастӣ, тарбияи фарзандон, арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва дини мубини ислом, ки ахлоқу эътиқод аст, суҳбат намуд.

Дар навбати худ муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ Ваҳобзода Абдураҳмон дар бораи хатару таҳдидҳои ифротгароӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз он суҳбат намуд.

Дар идомаи мулоқот Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхис диншиносӣ дар мавзуи худкушӣ аз назари ислом ва маҳкум намудани он дар ҷомеа баромад намуд.

Дар хотима ёвари директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ Шаҳбоз Шосаидзода дар бораи худшиносии миллӣ андешаронӣ намуда, байни иштирокдорони мулоқот саволу ҷавоб сурат гирифт.

Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ дар назди Президенти ҶТ

Яндекс.Метрика