Вохӯрии гурӯҳи корӣ дар ноҳияҳои Ҷ.Балхӣ ва Қубодиён

Тибқи Нақшаи чорабиниҳои Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар 9-уми марти соли 2024 баён доштанд, аз 23 то 27 апрели сори ҷорӣ гурӯҳи корӣ таҳти сарпарстии Салимов Наҷмиддин – мутахассиси пешбари шуъбаи пажўҳиши исломи муосири Маркази иломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саъдуллоев Аҳмад - мутахассиси пешбари шуъбаи пажўҳиши анъанаву маросимҳо ва диншиносии муқоисавии Марказ ба ноҳияҳои Ҷ.Балхӣ ва Қубодиён ҷиҳати шарҳу эзоҳи суханронии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва ходимони дини кишвар сафари корӣ анҷом дод.
 
Дар мулоқотҳо роҳбарияти мақомоти ноҳияҳои Ҷ.Балхӣ ва Қубодиён, Салимов Наҷмиддин – мутахассиси пешбари шуъбаи пажўҳиши исломи муосири Маркази иломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саъдуллоев Аҳмад - мутахассиси пешбари шуъбаи пажўҳиши анъанаву маросимҳо ва диншиносии муқоисавии Марказ иштирок ва баргузории чунин мулоқоту вохӯриҳоро таъкид намуданд. 
 
Бояд қайд намуд, ки дар ҷамоатҳои шаҳраки Балх ва Гулистон, ҷамоатҳои Ҳалевард, Золи Зар, Навобод, Каленин, Навоӣ ва Маданияти  ноҳияи Ҷ.Балхӣ ва ҷамоатҳои деҳоти 20-солагии Истиқлолият, Утақара Назаров, Заркамар ва масҷиди ҷомеи ба номи Деҳаи Эшони ҷамоати деҳоти Эшмурод Ниёзови ноҳияи Қубодиён Салимов Наҷмиддин ва Саъдуллоев Аҳмад бо қишрҳои гуногуни ҷомеа дар хусуси дастовардҳои кишвар дар самти фаъолияти динӣ дар даврони истиқлолият, афзалияти низоми дунявӣ ҳамчун муҳити солими барои тамоми дину мазҳаб созгор, сабаб ва оқибатҳои шомилшавии ҷавонон ба равияю гурўҳҳои ифротӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна гурўҳҳои ифротӣ, масъулияти падару модар дар самти мазкур, нуктаҳои асосии суханронии Пешвои муаззами миллат дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин суханронӣ намуданд.
 
Дар фарҷом байни иштирокчиён саволу ҷавоб сурат гирифт.
 
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ
Яндекс.Метрика